Вагонҳои Тоҷикистон дар банди Узбакистон

Хабари хуб 25.03.2010 17:08

Ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯяд, ки ҳаракати беш аз 400 вагони ин ширкат дар истгоҳҳои мухталифи қатор дар Узбакистон ҳудуди як моҳ боз мутаваққиф шудааст. Андрей Тропин, муовини раиси идораи ҳамлу нақли ин ширкат, гуфтааст, ки танҳо дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбакистон дар истгоҳи Қудуқве, ки дар наздикии Пахтаобод воқеъ аст, беш аз 30 вагони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" нигаҳ дошта шудаанд.

Ӯ афзудааст: "Аз инҳо 6 вагон таҷҳизот, 6 вагон маводи сӯхти дизелӣ ва вагонҳои дигар гандум, хокаи либосшӯйӣ, дору ва маводди пизишкӣ, собун ва лавозими дигар доранд."

Ба гуфтаи ҷаноби Тропин, дар истгоҳҳои мухталифи дигари Узбакистон, аз ҷумла дар ҳаволии шаҳри Тирмиз, дар наздикии шаҳри Бухоро ва дар Ховаст низ теъдоди зиёде аз вагонҳо мутаваққиф шудаанд ва ҳаракати онҳо чанд ҳафта боз ба таъхир уфтодааст.

Вай теъдоде аз вагонҳоро баршумурд, ки аз 18, 19 ва 21 феврал дар минтақаи Ховаст, мутаваққиф шуда ва то имрӯз маълум нест, ки мақомоти узбак кай ба ин вогунҳо иҷозаи ҳаракат медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад вагонҳои Тоҷикистон ҳомили маводди бисёр муҳим, аз ҷумла маводди сӯхтӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ва воҳидҳои кишоварзӣ будаанд.

Ҷаноби Тропин аз ҷумла гуфтааст, ки 21 вагон маводди сӯхти реактивӣ, 148 вагон маводди сӯхти дизелӣ, 62 вагон бензин, 12 вагон экскаватор ва 18 вагон битум доранд.

Андрей Тропин гуфтааст, ки мақомоти "Роҳи оҳани Тоҷикистон" бо ҳамтоёни узбаки худ дар бораи далоили боздошти қаторҳои худ ва имкони ҳаллу фасли ин масъала музокироте анҷом додаанд, вале ҷониби Узбакистон тасмимоти мушаххасе дар ин замина нагирифтааст.

Мақомоти "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҳамчунин аз нахуствазири ин кишвар барои рафъи ин мушкил дархости кӯмак кардаанд, вале сарнавишти вагонҳои мутаваққифшуда ҳамчунон номаълум аст. Рӯзҳои 27-28 феврал дар Ашқобод ҳамоише баргузор шуда буд, ки дар он мақомоти Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Туркманистон ва Қазоқистон ширкат карда ва масоили марбут ба умури роҳи оҳанро баррасӣ кардаанд. Дар ин нишаст ҷониби Узбакистон ваъдаи ҳалли ин мушкилро дода буд, вале то кунун иқдоме анҷом надодааст.

Мақомоти "Роҳи оҳани Тоҷикистон" кишвари ҳамсояи Узбакистонро ба эҷоди мавонее аз ин қабил дар роҳи транзити қаторҳои худ ҳамвора муттаҳам мекунанд, вале мақомоти узбак аз ибрози назар дар ин бора пайваста худдорӣ кардаанд.

Ҳамаи роҳҳои оҳани Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Узбакистон убур мекунанд, ва мақомоти тоҷик бо ишора ба мавонее, ки ин кишвар эҷод мекунад, тарҳи бунёди роҳи оҳане ҷадид аз тариқи Афғонистон ба Эрон ва Туркманистонро таҳия кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки бо бунёди ин роҳи оҳан қаторҳояш бидуни транзит аз қаламрави Узбакистон ба мақсади худ осонтар хоҳанд расид. Вале маълум нест, ки иҷрои ин тарҳ кай оғоз хоҳад шуд, ҳарчанд музокироте дар ин бора бо мақомоти афғон ва эронӣ анҷом шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97