Даргузашти Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Хабари хуб 17.03.2010 13:51

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, роҳбари маънавӣ ва аз асосгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ вакили порлумони Тоҷикистон бар асари бемории тӯлонӣ субҳи имрӯз ҷаҳони фониро падруд гуфт.

Маросими намози ҷанозаи Муҳаммадшариф Ҳиммматзода дар назар ҳаст, ки имрӯз дар Масҷиди марказии ба номи Имом Бухорӣ доир гардад.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон муосир буд, ки дар солҳои ахири Шӯравӣ ба майдони муборизоти сиёсӣ омад ва аввалин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Инчунин Ҳимматзода аз донишмандони аршади ислом дар Тоҷикистон шинохта мешуд ва дар ин радиф силсилаи китобҳоеро низ мунташир кардааст.

Ҳимматзода дар солҳои муқовимат ва музокирот як аз мақомҳои асосии неруҳои мухолифи Тоҷикистон буд ва дар коркарди як қатор моделҳои исломӣ сиёсӣ дар сулҳи тоҷикон нақши густурда дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97