Узбакистон боз зидди «Талко»

Хабари хуб 22.07.2010 17:46

Хабаргузориҳои Узбакистон аз баргузории хамоишҳои зидди густариши корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон хабар дода, навиштаанд, ки сокинони вилояти Сурхандарё ва вакилони ҳаракати муҳити зисти порлумони Узбакистон хостори баррасии байналмилалии зарари ширкати «Талко» ба вазъи сихатии сокинон шудаанд.

Бино ба хабарҳо, вакилони ҳаракати муҳити зист дар нохияҳои Сариосиё ва Узун бо сокинони маҳаллӣ мулоқот намуда ва муроҷиатномаи муштаракеро ба унвони СММ ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ таҳия ва имзо кардаанд. Дар ин муроҷиъатнома аз ин созмонҳо тақозо шудааст, ки дар пешгирии ҳарчи зудтари пеши роҳи таъсири бади партовҳои корхонаи «Талко» ба сиҳатии мардум ва муҳити зисти вилояти Сурхандарё мусоидат кунанд.

Мақомоти ширкати «Талко» ин иддаоро рад карда ва гуфтанд, ки корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон бо системаи муосири коҳиши зиёни партовҳо муаҷаҳҳаз аст ва мизони таъсироти ин партовҳо ба муҳит дар ҳадди минималии меъёрҳои пазируфташуда аст. Мақомоти «Талко» дар гузашта низ чунин иддаои ҷониби Узбакистонро рад намуда буданд.

Ҳаракати зидди корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон дар Узбакистон аз баҳори соли равон оғоз шуда буд. То кунун низ чандин маврид тазоҳуроти зидди густариши ин корхона дар ноҳияҳои вилояти Сурхандарёи Узбакистон доир шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97