«Кони Мансур» ба кӣ мерасад?

Хабари хуб 05.08.2010 15:38

Ҳукумати Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии музоядаи дарёфти ҳаққи баҳрабардорӣ аз маъдани нуқраи Кони Мансур ду ширкати хориҷиро баргузидааст. «Кони Мансур», воқеъ дар шимоли кишвар, аз рӯи ташхисҳои муқаддамотӣ бо захираи тахминан 50 ҳазор тон нуқра дуюмин кони бузурги ин фулузи гаронбаҳо дар ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Ин музояда поёни соли гузаштаи 2009 эълон шуда, давлати Тоҷикистон барои интихоби ширкат як гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода буд. Ҳамчунин, ҷиҳати таҳияи асноди фанниву молӣ, интихоби тарҳҳои сармоягузорон барои шарикӣ дар истихроҷи нуқраи кони мазкур Иттиҳодияи байналмилалии молиро ҷалб кардааст. Мақомоти Суғд ба иллати ифшо нагаштани асрори тиҷоратии ширкатҳои мазкур аз эъломи унвони ширкатҳо худдорӣ кардаанд.

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки эҳтимол моҳи август бо анҷоми музояда номи ширкати пирӯз дар музояда муайян ва эълон гардад.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи марти соли равон баъд аз омӯзиши дақиқи аснод ва зарфиятҳои ширкатҳои довталаб нуҳ ширкати хориҷиро ба марҳалаи дуввуми музоядаи «Кони Мансур» роҳ дода буд. Бино ба маълумоти кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар радаи довталабҳо як ширкати голландии коркарди маъдан, ширкати тавлиди тиллои «Zijing Mining»-и чинӣ ва шарикширкатҳо аз Қазоқистон, Швейтсария ва Тоҷикистон – корхонаи маъдани Адрасмон роҳ ёфта буданд.

Ду ширкати раҳёфта ба марҳалаи ниҳоии музоядаи «Кони Мансур» ҳаққи дастрасӣ ба хазинаи маълумотҳо дар бораи ин кони бузург пайдо кардаанд, то ин ки битавонанд санҷишу ташхиси худро ба роҳ монанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97