Аҳолии Тоҷикистон меафзояд

Хабари хуб 30.07.2010 15:18

Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1-уми апрели соли 2010 7 миллиону 562 ҳазор нафарро ташкил кардааст.

Соли 1929 аҳолии Тоҷикистони кунунӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафарро ташкил медод. Аммо дар соли 1979 ин шумора ба 3 миллиону 800 ҳазор нафар расид. Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон аз соли 1999 то моҳи апрели соли ҷорӣ аҳолии Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. СММ пешбинӣ кардааст, ки то соли 2025 шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 11,8 миллион нафар хоҳад расид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97