Хабари хуб

Ронандаи тоҷик генерали Русро маҷрӯҳ кард 03.11.2010 10:11 Ронандаи тоҷик генерали Русро маҷрӯҳ кард
Шаҳрванди Тоҷикистон Давлатшоҳ Элбегиев, ки дар садамаи автомобилии рӯзи шанбе ба мошини генерал-лейтенант, фар¬¬мондеҳи нирӯҳои ҳавоии Русия Владимир Шаманов бо мошини борбари МАЗ бархӯрд кардааст, аз рӯи банди 264-уми Кодекси ҷиноии Русия, ....

Маҳмадсаид Убайдуллоев аҳзоби сиёсиро масъул кард 28.10.2010 10:15
Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 27 октябр ҷаласаи шаҳрдорӣ бо иштироки сохторҳои масъули шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии пойтахт баргузор гардид. Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати таъмини иҷроиши қатъӣ ва куллии қарорҳои   марбутаи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси шаҳри Душанбе оид ба омодасозии фонди манзили коммуналӣ, муассисаҳои зертобеи системаи ....
Шоҳзодаи Арабистон ба Душанбе меояд 28.10.2010 10:14
Бар пояи як иттилоъ аз Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе қарор аст дар санаи 31.10.2010 барои бори аввал ноиби Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъси як ҳайати давлатӣ дидан намояд. Интизор меравад, ки дар доираи ин сафари ду рӯза ҷиҳати таҳкимбахшии равобити байни ду кишвар, Шоҳзода ....
Н.Давлатов: «Мо тибқи нақша амал кардаем!» 27.10.2010 09:59
Зимни як нишасти хабарӣ хабарнигори «Миллат» аз раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ҳадафи санҷишҳои Кумитаи андоз дар чопхонаву идораи чанде аз рӯзномаҳо суол кард. Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи мазкур дар посух ба ин суол изҳор дошт, ки он санҷишҳо нақшавӣ буда, дар доираи ваколату салоҳияти Кумита роҳандозӣ шудаанд ....
Сармоягузорӣ ба нашрияҳои расмӣ коҳиш меёбад? 27.10.2010 09:58
Давлаталӣ Давлатзод, вакили Маҷлиси намояндагон  ҳангоми дар парлумон баррасӣ шудани рафти иҷрои Қонун “Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои cоли 2010” гуфтааст, ки воситаҳои иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо расонаҳои хориҷӣ  нотавон аст. Ин вакил қайд кардааст, ки дар ҳоле нашрияҳо ва расонаҳои хабарии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ....
Лоиҳаи Қонуни матбуот баррасӣ шуд 27.10.2010 09:57
25 октябр таҳти раёсати муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев ҷаласаи Шӯрои ин маҷлис баргузор гардид. Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лои¬ҳаи ....
Боздошти Далер Амонов 27.10.2010 09:56
Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 26 октябр ба хабарнигорон гуфтааст, ки мудири кулли радиои «Ватан» ва ширкати «Арзон-мобайл» Далер Амонов боздошт шудааст. Ӯ гуфт, ки Далер Амонов аз рӯи 14 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла фасодкорӣ ва сӯйистифода аз мақом муттаҳам ва боздошт шудааст. Бино ....
Эшони Зайналобиддин дурӯғ гуфт, чаро? 27.10.2010 09:55
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди ҶТ Манонов Зайналобиддин соли таваллудаш 1949, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Самсолиқи ноҳияи Нуробод бо гумони даст доштан дар фаъолияти зиддиқонунӣ ва алоқамандӣ бо гурӯҳҳои террористӣ боздошт гардида буд. Ба гуфтаи ....
Ҳанифа Мавлонова дар Душанбе дафн мешавад 26.10.2010 10:14
Ҷанозаи овозхони маъруфи тоҷик Ҳанифа Мавлонова субҳи 26 октябр тавассути ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе оварда мешавад. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба нашрияи «Миллат» хабар доданд. Ба қавли Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, тамоми масрафи таҳвили ҷанозаи Ҳанифа Мавлоноваро Ҳукумати Тоҷикистон бар ӯҳда гирифтааст. Вале ҳанӯз ....
Шаҳрдор пешниҳодоти муфидро баррасӣ мекунад 20.10.2010 10:18
18 октябр дар идораи шаҳрдории пойтахти кишвар бо гузашти ду ҳафта ҷаласаи васеи корӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили рафти татбиқи Нақшаи генералии бозсозии пойтахт ва иштироки ширкатҳои лоиҳакашиву сохтмонии ватаниву хориҷӣ дар он баргузор гардид. Дар ин бора Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси ....
Генерал Хайруллоев ба Украина нарафт 20.10.2010 10:17
Вазири дифоъи Тоҷикистон генерал- полковник Шералӣ Хайруллоев аз ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони дифоъи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ худдорӣ кардааст. Тоҷикистонро дар ин нишаст Рамил Нодиров, муовини вазир ва сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишвар намояндагӣ хоҳад кард. Ба эътиқоди коршиносон қарори худдорӣ кадани Шералӣ Хайруллоев аз сафар ба Украина амали бесобиқа буда, ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97