227 ҳодисаи гумшудани бағоҷи мусофирони тоҷик

Хабари хуб 30.07.2010 15:18

Дар нимсолаи соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе 227 ҳодисаи наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳои мусофиронро ба қайд гирифтаанд, хабар додаанд. Дар ин бора хабаргузориҳои кишвар хабар додаанд. Тавре аз КВД «Фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе» иттилоъ додаанд, то ба имрӯз 14 ҳолати ҷойдошта, мушаххас нашудааст.

Тибқи иттилои масъулони КВД «Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе», бештари ҳолатҳои сар задани чунин ҳодисаҳо ҳангоми аз фурӯдгоҳи Маскав ҷониби Душанбе парвоз намудани тайёраҳои ширкати «Тоҷик Эйр» ба вуқӯъ пайвастаанд.

Ҳоло, масъулони Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе барои пайдо кардани бағоҷи гумшуда ва шахсони ба ин корҳо даст дошта, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карданд ва ғоратгарони амволи мусофирон дар Маскаву Душанбе пайгирӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки се сол қабл чунин ҳодисаҳо дар фурӯдгоҳи мазкур ҷой дошт ва кормандони милиса 11 нафарро барои даст доштан дар ғорати амволи мусофирон ба ҷавобгарӣ кашиданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97