Додари Ғаффор Мирзоев 30 сол маҳбус шуд

Хабари хуб 22.07.2010 17:47

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди президенти Тоҷикистонро ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯро дар талоши барои табадуллоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ ва бархе дигар амалҳои ғайриқонунӣ муҷрим дониста шудааст.

Бино ба иттилои Додгоҳи Олии Тоҷикистон тафтиши ин парванда аз сӯи Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон сурат гирифта, Мирзоев дар доштани силоҳ, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ муттаҳам мешуд. Аммо масъулони додгоҳ бо истинод ба махфӣ будани парванда, ба ин суол, ки ин ҳама иттиҳомоти алайҳи ӯ тасдиқ шудаанд ё не, ба хабарнигорон посух надодаанд.

Вале Саидҷон Одинаев вакили мудофеи Абдрасул Мирзоев ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки тибқи қонунҳои ҷорӣ ҳангоми баррасии парвандаи генерал Ғаффор Мирзоев номи Абдурасул ҳам оварда мешуд ва аз ин рӯ, бархе аз ҷурмҳое, ки Ғаффор Мирзоев содир карда буд, ба таври автоматӣ ба номи Абдураcул ҳам тааллуқ гирифт. Саидҷон Одинаев афзудааст, ки Додгоҳи олӣ се даъвои вакили мудофеъро ба назар гирифт ва аз айбнома ихтисор кард, аз ҷумла, мавриди ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ аз парванда ҳазф шудааст.

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар таърихи 12 январи соли равон аз Дубай ба Душанбе оварда шуд. Мақомоти Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро дар як силсила ҷиноёти сангин муттаҳам карда, қаблан се корхонаи марбут ба ӯ - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯ¬лобро давлатӣ карданд. Худи Ғаффор Мирзоев дар соли 2004 боздошт шуда, соле баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97