Директори «Заря востока» 1 716 598 сомониро аз худ кардааст

Хабари хуб 30.07.2010 15:17

Намояндаи мардумии шаҳри Табошар Абдураҳим Расулов (собиқ раиси шаҳри Қайроққум) дар давраи фаъолияти директории корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» буданаш аз соли 2004 то моҳи майи соли 2010 бо сармуҳандиси корхона Абдушукур Урозбоев ва боз панҷ нафар афроди масъули корхона забон як карда, бо роҳи мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 1 миллиону 716 ҳазору 598 сомонӣ маблағи давлатиро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд.

Дар ин бора сардори раёсати Агентии оид ба назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия дар вилояти Суғд Ҷумъаназар Раҳматов ба «Ховар» хабар додааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97