Писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон боздошт шуд

Хабари хуб 30.07.2010 15:19

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли ин кишварро, боздошт кардаанд. Файзулло Бобохонов дар ришваситонӣ ва сғиистифода аз мақоми хидматии худ гумонбар дониста мешавад. Писари собиқ додситони кул оғози соли ҷорӣ симати додситонии ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дошт.

Тибқи иттилои манобеи ғайрирасмӣ, Файзулло Бобохонов аз сӯйи маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шудааст. Ин дар ҳолест, ки манобеи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки ахиран чунин иҷоза аз сӯйи додгоҳ содир шудааст ва ҳоло Файзулло Бобохонов дар боздоштгоҳ қарор дорад. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, маъмурони интизомӣ як корманди додситонии ноҳияи Ҳисорро боздошт кардаанд. Вай дар гирифтани 20 ҳазор долар ришва гумонбар дониста мешавад. Дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда вай гувоҳӣ додааст, ки даҳ ҳазор дулор аз ин маблағро ба Файзулло Бобохонов додааст, ки он замон додситони ин ноҳия буд.

Иттиҳоми сӯйистифода аз мақом ва ришваситонӣ алайҳи Файзулло Бобохонов дар симати додситони ноҳияи Ҳисор дар байни мардум аз муддатҳо қабл матраҳ буд. Дар бораи эҳтимоли даст доштани вай дар ҷароими дигаре низ далелҳ пахш шудааст. Бояд гуфт Файзулло Бобохонов соли 2005 бо фармони падари худ, ки он замон Додситони кулли Тоҷикистон буд, ба симати додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуд. Ҳарчанд ба гуфтаи соҳибназарон, ин амр бо қавонини Тоҷикистон муғоир буд. Бо ин вуҷуд, Файзулло Бобохонов то баҳори соли ҷорӣ дар ин симат ифои вазифа мекард ва танҳо баъд аз барканории падараш аз симати Додситонии кул, мавзғи барканории худи вай низ матраҳ шуд. Тибқи иттилоъи манобеъи додситонии кул, то имрғз Файзулло Бобохонов дар феҳристи раёсати кадрҳои Додситонии кул, ки мунтазир таъйиноти ҷадид ҳастанд, қарор дошт.

Барканории Бобоҷон Бобохонов аз симати Додситони кулли Тоҷикистон дар баҳори соли ҷорӣ низ то андозае ғайримунтазир ба назар мерасид. Зеро то синни бознишаста шудани вай боз ду моҳ боқӣ монда буд ва тибқи қоида, маъмулан мансабдорон баъд аз таҷлил аз ҷашни мавлудашон аз симатҳо барканор мешаванд. Вале баргузории ҷаласаи фавқулодаи Маҷлиси Миллӣ ва барканории Бобоҷон Бобохонов дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон шубҳаҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Дар ҳамин ҳол баъзеҳо бар ин назаранд, ки акнун фаъолияти худи Бобохонов низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Шерхон Салимзода, ки ба ҷойи Бобоҷон Бобохонов додситони кулли поксозии сафҳои додситонии Тоҷикистон аз афроди бесалоҳиятро яке аз иқдомоти нахусти худ эълом кард. Дар миёни додситонҳое, ки аз симати худ барканор шуданд, Файзулло Бобохонов, писари собиқ додситони кул, низ қарор дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97