Зарифӣ аз САҲА хост ёрӣ кунад

Хабари хуб 22.07.2010 17:48

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи кишварамон, аз Созмони амният ва ҳамкории Урупо хостааст, то барои ҳалли мушкили ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон мусоидат кунад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони умури хориҷаи созмон дар шаҳри Алмаато, Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфтааст, “мо аз Созмони амният ва ҳамкории Урупо мехоҳем, иқдомоти мушаххас барои ҳалли мушкилоти транзитӣ, иртиботӣ ва нақлиётӣ биандешад ва аз ҷумла иҷрои меъёрҳои байналмилалии транзит аз тарофаи кишварҳои узвро назорат кунад”.

Зимнан, аз моҳи январи соли равон то кунун Узбакистон дар транзити вагонҳои Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст. Мақомоти Узбакистон сабаби боздошти вагонҳои Тоҷикистонро ба корҳои таъмирӣ ва зарфияти маҳдуди роҳҳои оҳани худ рабт медиҳанд. Вале Тоҷикистон мегӯяд, Узбакистон бо баҳонаҳои мухталиф садҳо қатори Тоҷикистонро дар қаламраваш нигоҳ медорад, то ба ин васила Тоҷикистонро таҳти фишор қарор диҳад ва водор кунад, ки аз идомаи сохтмони Роғун даст бардорад.

Тоҷикистон аз боздошти қаторҳояш дар қаламрави Узбакистон ва дар фасли кишти баҳорӣ сари вақт нарасидани маводи сӯхт ва таҷҳизот даҳҳо миллион доллар хисорот дидааст. Ба гуфтаи масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон, собит кардани ин хисорот маҳз ба кутоҳии Узбакистон кори мушкил аст. Ҷониби Узбакистон ин хисоротро таъйид кардааст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97