«Роғун» боз таҳқиқ мешавад

Хабари хуб 05.08.2010 15:39

Бонки Ҷаҳонӣ ҳайате аз коршиносони аршади байналмилалиро ба баррасии натоиҷи таҳқиқоти фаннию молӣ, муҳити зист ва иҷтимоии тарҳи неругоҳи «Роғун», ки бо ҳимояти молии ин бонк анҷом мешавад, ҷалб хоҳад кард. Ин матлабро Теодор Алекс, мудири Бонки Ҷаҳонӣ дар умури истротежӣ ва амалиёт дар манотиқи Урупо ва Осиёи Марказӣ, шоми 2 август, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт.

Теодор Алекс гуфт: «Мо тавофуқ кардем, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳайате аз коршиносони байналмилалиро, ки бо дониши амиқ ва истиқлоли худ шинохта шудаанд, даври ҳам оварад, то натоиҷи ҳамаи таҳқиқоти марбут ба неругоҳи «Роғун»-ро баррасӣ ва бознигарӣ кунанд.» Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон розӣ шудааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ чунин ҳайатеро ташкил диҳад, коршиносонро кироя кунад ва ин ҳайатро идора кунад, зеро ин кишвар «ба кайфияти коре, ки анҷом мешавад, арзиш ва аҳаммияти болое қоил аст».

Аз сӯйи дигар, Эмомалӣ Раҳмон, таъкид кардааст, ки мутолеаи тарҳи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» «бояд дар сатҳе гузаронда шавад, ки ҳеҷ шакку шубҳа ба бехатарии он ба муҳити зист ва низоми обтаъминкунии минтақа» боқӣ намонад.

Теодор Алекс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бар зарурати тармиму бозсозии неругоҳҳои обӣ ва ҳароратии мавҷуд дар Тоҷикистон таъкид кард ва ин нерӯгоҳҳоро барои раҳоӣ аз буҳрони энержӣ дар ин кишвар муфид хонд. Вай гуфт, ки тармиму бозсозии нерӯгоҳҳои мавҷудаи обӣ ва барқарор кардани нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ба ҳалли мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон барои тармим ва бозсозии неругоҳҳои обии кишвар тадобири мушаххасеро рӯйи даст гирифтааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи Абдуло Ёров, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, то ҳол барои тармими куллии неругоҳи Норак 50 милион сомонӣ ё беш аз 11 милион долари амрикоӣ масраф шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97