Ҷарима бар ивази ҷазо

Хабари хуб 30.07.2010 15:19

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ" имзо гузошт. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ асосан ба масоили ҷиноятҳои иқтисодӣ дахл доранд.

Мутобиқи тағйироти воридшуда дар ҳолати пурра барқарор намудани арзиши зиёни молиявии расондашуда ба шахси гунаҳкор танҳо ҷарима муқаррар карда мешавад. Татбиқ гаштани қонуни мазкур барои ихтиёран ба зарардидагон пурра ё қисман баргардондани зарари молиявӣ имконият фароҳам месозад. Тағйироти мазкур инчунин хосияти тарбиявӣ дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97