Сарбоз теғи ришгир хӯрд

Хабари хуб 24.06.2010 14:46

Сарбози қатории қисми сарҳадии 2857 минтақаи Истаравшани вилояти Суғд Ҷумъаев Мирзомиддин теғи ришгирӣ фурӯ бурд. Алҳол сарбози теғхӯр дар шифохона ёрии тиббӣ мегирад.

Коршиносон дар баробарии беназоратӣ ва хунукназарии сардори қисми низомӣ се фарзияи ҳодисаро пешниҳод мекунанд. Аввалан, хӯрдани теғ аломати худкушӣ аст. Табиист, ки ба худкушӣ касе аз хурсандӣ ва зиндагии роҳат даст намезанад. Иддае сабаби қасди ҷон кардани сарбозро гуруснагӣ дар қисмҳои низомӣ медонанд. Аммо аксари коршиносон бенизомӣ, бепарвоӣ ва бесалоҳиятии роҳбарияти кисмҳои сарҳадии вилояти Суғдро иллати қасди худкушӣ медонанд. Воқеан моҳи май дар яке аз қисмҳои сарҳадии вилоят, сарбози собиқадор ҳамхидматашро парронда буд. Дар ин бора "Миллат" иттилоъ дода буд. Мутаасифона, мақомоти Артиши марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ дар бораи ин фоҷиа вокунише ба амал наовард.

"Миллат" хонандагонашро ба баҳс даъват намуда, беҳтарин ҷавоб - сабаби теғхӯрии сарбозро дар саҳифаҳои баъдӣ чоп хоҳад кард.

Асрор Зайнур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97