Имлои тоҷикӣ ислоҳ мешавад

Хабари хуб 24.06.2010 14:45

Додихудои Саймиддин - раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки пешнависи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия шуда ва дар моҳи оянда ба баррасии умум пешинҳод хоҳад шуд.

Ҳамчунин раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки ислоҳот ба алифбои тоҷикӣ марбут намешавад.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳангоми баррасии пешнависи имлои нави забони тоҷикӣ мубоҳисоти аслӣ дар атрофи ҷойгоҳи ҳарфи "ӯ" дар забони тоҷикӣ сурат гирифтааст. Ба эътиқоди ҷаноби Саймуддин дар забони тоҷикии форсӣ ҳеч вожае бо ҳарфи "ӯ" оғоз нашуда ва 28 калимае, ки бо чунин шакл дар имлои кириллиу тоҷикӣ мавҷуданд, ба забони узбакӣ мутааллиқ ҳастанд. Ҳамчунин, тибқи имлои нав пеш аз ҳарфҳои "ъ" ё аломати сакта ва "ҳ" ба ҳарфи "ӯ" зарурате нест - ба мисли "мӯътақид", "тӯҳфа" ё "мӯҳтарам". Додихудои Саймуддин изҳор кард: "Бидуни шак, аз ин ҳарф дар вожаҳое, ба мисли "рӯз" ё "зӯр", ки бар асоси сарфу наҳви забони форсӣ "вови маҷҳул" доранд, кор гирифта мешавад". Бино ба иттилои корманти кумитаи забон ва истилоҳот дар пешнависи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ ҷойгоҳи ҳарфҳоии арабӣ, ба мисли "айн" ё аломати сакта низ мушаххас шудааст.

Ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ раиси кумита зикр кард, ки феълан дар забони тоҷикӣ хараҷу мараҷ ва сардаргумӣ ҳукумфармо мебошад. Истифода аз вожаҳои марбут ба лаҳҷаҳои маҳаллӣ дар расмӣ ва матбуот аз нигарониҳои дигари масъулони кумитаи забон ва истилоҳот буд.

Ҳамчунин Додихудои Саймиддин дар мавриди нақзи меъёрҳои забони адабӣ ва ба додгоҳ кашидани ҳуқуқвайронкунандагони зиёд ҳарф зад ва таъкид дошт, ки риояи меъёрҳои забони адабӣ дар сартосари кишвар зери назорати ҷиддӣ гирифта мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97