Директори «MLT» истеъфо дод

Хабари хуб 01.07.2010 15:35

Гулмаҳмад Қаюмов, директори генералии ширкати мобилии «ТТ-мобайл», маъруф ба «МЛТ» ҳафтаи гузашта аз мақоми худ истефоъ дод. Шӯрои директорони ин ширкат истеъфои Гулмаҳмад Қаюмовро пазируфта, ба ҷойи ӯ Ҷумъа Зардаковро ба ин вазифа таъин намуд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии ширкати мазкур иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои директорони ширкати «ТТ-мобайл», ки аз 5 нафар намояндагони саҳҳомони ин ширкат, аз ҷумла ду намояндаи ҶС «Тоҷиктелеком»-Тоҷикистон ва се нафар намояндаи ҶСНК «МегаФон»-и Русия иборатанд, истеъфои Гулмаҳмад Қаюмов, бинобар ба итмом расидани мӯҳлати шартномаи меҳнатияш қабул карда шуд.

Гуфта мешавад, ки Ҷумъа Зардаков, ки ҳамакнун и.в. директори генералии «ТТ-мобайл» таъин шудааст, то ин замон вазифаи директори Почтамти шаҳри Душанберо ба дӯш дошт. Ҳамчунин тибқи баъзе овозаҳо сабаби истеъфои Гулмаҳмад Қаюмов ин ихтилофи назари ӯ бо муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия, Бек Зуҳуров будааст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97