Филиали Донишгоҳи Ломоносов дар Душанбе

Хабари хуб 08.07.2010 16:36

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон рӯзи 1 июл филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов ифтитоҳ ёфт.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар бинои собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, ки бо харҷи 9 миллион сомонӣ таҷдид ва ҷиҳозонида шудааст, ҷой дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии филиали донишгоҳи машҳури Русия дар шаҳри Душанбе ҳамчунин раиси он Виктор Садовничий ва бисёр шахсиятҳои намоёни дигар аз Федератсия Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Садовничий ва ҳайати ҳамроҳи онҳо аз аудиторияю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерии бо шабакаи интернет пайвастшуда, китобхонаи дорои хазинаи калони китобҳои илмию таълимӣ ва дастрасӣ ба интернет дидан карда, бо нахустин донишҷӯёни ин филиал, ки соли гузашта барои таҳсил қабул шуда буданд, аз наздик сӯҳбат намуданд. Маълум шудааст, ҳамаи онҳо савияи баланди донишу илмомӯзӣ доранд, забонӣ давлатӣ ва забонҳои русию англисиро хуб медонанд. Барои дохил шудан ба ин мактаби олӣ ба як ҷой 4,5 нафар ҳуҷҷат супорида будаанд. Айни ҳол аз рӯйи 2 ихтисос донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз соли нави таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ ба 3 факулта - риёзиёт, геология ва факултаи муносибатҳои байналмилалӣ 75 донишҷӯ қабул хоҳанд шуд.

Зикр гардидааст, ки барои таъмини сатҳи баланди илмомӯзӣ 70% омӯзгорони филиал аз шаҳри Маскав ва 30% - и он аз миёни беҳтарин омӯзгорони Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Тибқи иттилои расида, ҳамаи омӯзгорони аз Маскав омада бо шароити зарурии кору зиндагӣ таъмин карда мешаванд. Барои қисмате аз онҳо дар ошёнаи 9 - уми ҳамин бино иқоматгоҳ бо шароити монанд ба меҳмонхонаи муосир омода гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки «мо метавонем ин муассисаи таълимиро ба филиали минтақавии Донишгоҳи давлатии Маскав табдил диҳем, то ки дар он на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз дигар кишварҳои минтақа низ таҳсили илм карда тавонанд».

Ректори Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Садовничий дар навбати худ иқдоми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе «қарори пурҳикмат ва аз ҷиҳати стратегӣ санҷидаю баркашида» маънидод кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97