Freedom House: Пешрафту пасрафти Тоҷикистон

Хабари хуб 01.07.2010 15:34

Созмони "Freedom House" иттилоъ пахш кардааст, ки Тоҷикистон дар риштаи бунёди ҷомеаи маданӣ ба пасрафт роҳ дода, дар озодии матбуот рушд кардааст. Дар ин гузориши "Freedom House" ҳамчунин гуфта мешавад, талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо фасод бештар зоҳириянд ва натиҷаҳои муҳим надодаанд.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки ба иллати қаноатмандии аксарият аз шеваи раҳбарии президент Раҳмон, таҷрибаи норасои ташкилоти сиёсии мардум, ғами дарёфти ризқу рӯзӣ, дастнорасии маълумоти воқеӣ, ҳуққабозии ҳукумат бо эҳсосоти миллӣ ва қавмии мардум, хотираҳои талхи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 афзоиши талаби аҳолӣ ба тағйири вазъ дар соли 2010 ночиз боқӣ хоҳад монд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97