Амрико 10 ҷосуси Русияро боздошт кард

Хабари хуб 01.07.2010 15:35

Вазорати адлияи Амрико чанд рӯз эълом кард, ки ҳалқае аз «омилҳои ғайриқонунии Русия» дар Иёлоти Муттаҳида шиносоӣ ва аксари аъзои он боздошт шудаанд. Русия иддаои ҷосус будани гурӯҳе аз шаҳрвандони ин кишвар дар Амрикоро беасос ва номуносиб хондааст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтааст, ки дар пайи дарёфти тавзеҳот аз сӯйи Амрикост. Мақомоти Амрико рӯзи гузашта эълом карданд, ки 10 нафар ба гумони он ки маъмури иттилоотии Русия дар ин кишвар будаанд, боздошт шудаанд. Ҳамчунин Эф-Би-Ой (FBI), пулиси федероли Амрико, гуфтааст ин афродро солҳо таҳти назар доштааст.

Вазири умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе гуфт Амрико замони ошкор кардани иддаъоҳои худро бо диққат интихоб кардааст. Гуфта шудааст, ки гурӯҳе, ки таҳти назари Эф-Би-Ой (FBI) буда, ёздаҳ нафар узв доштааст. Ҳашт тан аз ин афрод, ки якшанбе тавассути пулиси федероли Амрико боздошт шуданд, барои маъмуриятҳои ҷосусии “баландмуддат” ба Амрико сафар карда будаанд ва ду муттаҳам низ бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ доштаанд.

Як мақоми аршади Амрико, ки аз Би Би Сӣ хоста буд номаш фош нашавад, дастгириҳоро таассуфовар дониста ва таъкид кардааст, ки боздошти ин афрод набояд бар раванди рӯ ба густариши равобити Вошингтону Маскав асари манфӣ бигзорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97