Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон боз коҳиш дод

Хабари хуб 08.07.2010 16:35

Дар шимоли Тоҷикистон нархи гази табиӣ боз афзоиш ёфт. Гуфта мешавад, Ҷумҳурии Узбакистон бино бар сари вақт пардохт нашудани ҳаққи истифодаи гази табиӣ аз ҷониби Тоҷикистон интиқоли онро 35% маҳдуд кардааст.

Тавре ширкати давлатии «Тоҷиктрансгаз» хабар медиҳад, миқдори ҳар шабонарӯзии воридоти гази Узбакистон 500 метри мукаабро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз ин ҷумҳурии ҳамсоя гӯё ба миқдори 1 миллион доллари ИМА қарз дошта бошад.

Тавре масъулини ширкати давлатии «Тоҷиктрансгаз» изҳор медоранд, қарзи истифодабарандагони сӯзишворӣ дар назди ширкати мазкур қариб 1,6 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки қисми асосии қарз ба корхонаи шишаи «Лаъл», ки 1 млн. долллари амрикоӣ қарз доштааст, мансуб дониста мешавад.

Масъулини ширкати давлатии «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, ки миқдори воридоти гази узбак байни ширкатҳои «Талко» ва корхонаҳои «Тоҷиксемент» тақсим мешавад.

Коршиносон бар он назаранд, ки боло рафтани нархи газ метавонад боиси афзудани нархи маҳсулоти ниёзи мардум ва роҳкиро низ гардад. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола истифодабарии гази табиӣ дар Тоҷикистон наздики 2 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97