Бозори сиёҳи визаи Тоҷикистон дар Кобул

Хабари хуб 15.07.2010 15:40

Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон аз мушкили дарёфти визаи Тоҷикистон тавассути сафорати ин кишвар дар шаҳри Кобул шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳамзамон бо ин дар атрофи сафорати Тоҷикистон «бозори сиёҳ» фаъол аст ва дар он визаро бо нархи гарон, вале ба осонӣ метавон харидорӣ кард.

Муҳаммад Ёсин, сокини Кобул, аз охирин афродест, ки то ин дам тариқи расонаҳо мехоҳанд таваҷҷӯҳи мақомоти расмиро ба мушкили дарёфти визаи Тоҷикистон барои шаҳрвандони Афғонистон ҷалб кунанд. Вай дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамарӯза теъдоди назарраси сокинони Афғонистон барои дарёфти виза дар даромадгоҳи сафорати Тоҷикистон дар Кобул ҷамъ мешаванд, ки дар миёни онҳо занони кӯдакдор, пирону дигар тоифа мардум, аз ҷумла тоҷирон дучор меоянд, аммо консулгарӣ танҳо ба чанд нафар раводиди сафар ба Тоҷикистон тақдим мекунаду халос:

«Аммо ин ҷо афроде ҳастанд, ки дар Сарои Шоҳзода (як маркази ғайрирасмии молиявии Кобул, ки аз ҷумла саррофиҳову интиқоли пул дар ин ҷо ҷойгир шудаанд - Ф.М.) кор мекунанд ва масъулине, ки дар атрофи консулгарӣ аз бахши пулис кор мекунанд, тариқи «бозори сиёҳ» виза ҷӯр мекунанд». Дар ҳоле ки нархи виза расман барои як моҳ 60 ва барои се моҳ 90 доллар муқаррар шудааст, ба қавли оқои Ёсин, дар «бозори сиёҳ» визаи Тоҷикистон барои як моҳ ба маблағи 300 ва се моҳ 700 доллар омода мешавад. Гуфта мешавад Тоҷикистон дар Афғонистон чор консулгарӣ дорад, ки дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Кобул, Қундуз ва Файзобод ҷойгиранд. Аммо бо ин вуҷуд мушкили визаи Тоҷикистон қисмати муҳими сӯҳбатҳои расмиву доираҳои тиҷории Афғонистон аст.

Дар ҳамин ҳол, Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, қаблан ҳам дар мавриди бо нархи гарон дар «бозори сиёҳ» фурӯхта шудани визаи ин кишвар дар Афғонистон низ иттилоъ расида буд, аммо касе аз шаҳрвандони ин кишвар ҳозир нашуд, ки дар ин маврид шаҳодат диҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97