Ғайбзании асроромези Мусаллам Анваров

Хабари хуб 15.07.2010 15:36

Мудири шӯъбаи саноъат, нақлиёт ва кишоварзии ҳукумати вилояти Бадахшон Мусаллам Анваров, ки рӯзҳои ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Дарвоз қарор доштааст, ба таври асроромез ғайб задааст.

Ба гуфтаи Хушқадам Хушқадамов, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Бадахшон, Мусаллам Анваров дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдат ба ноҳияи Дарвоз ба сафари хидматӣ фиристода шуда буд ва мебоист рӯзи 28-уми июн ба кор ҳозир мешуд, вале ӯ то кунун барнагаштааст.

Пас аз муроҷиати хешовандони Мусаллам Анваров, дастгоҳи раёсати вилоят аз раёсати корҳои дохилии Бадахшон хостааст, ӯро ҷустуҷӯ кунанд. Дар раёсати корҳои дохилии вилоят гуфтанд, ки дар робита ба гумшавии мудири шӯъбаи дастгоҳи раёсати вилоят ба онҳо муроҷиъат кардаанд ва ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Асрор, бародари Мусаллам Анваров, мегӯяд, бародараш бори охир рӯзи 21 июн занг задааст ва пас аз он телефонаш хомӯш гаштааст. Ба гуфтаи Асрор, рӯзи 23-юми июн кормандони телевизиони вилоятӣ бародарашро дар маркази ноҳияи Дарвоз дидаанд, вале аз он ба баъд аз вай дигар хабаре нарасидааст.

Ба гуфтаи хабарнигори телевизиони Бадахшон Файзи Мирҳасан, 23 июн ҳини бозгашт аз Давроз Мусаллам Анваров хостааст бо кормандони телевизион ба Хоруғ баргардад ва хоҳиш кардааст, ки чанд дақиқа вайро интизор шаванд, то рафта сумкаашро биёрад. Ба гуфтаи журналист, Анваров баъд аз он бедарак шудааст.

Тавре роҳбари дастгоҳ гуфтааст, Мусаллам Анваров дар рӯзҳои ҷашн дар манзили як корманди мақомоти ноҳия иқомат доштааст. Аммо соҳибхона гуфтааст, ки пас аз рафтани Анваров дигар ӯро надидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97