Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Роза Отунбоева

Хабари хуб 08.07.2010 16:40

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар чорчӯби ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви Анҷумани Иқтисодии Уруосиё дар Остона бо Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури муваққати Қирғизистон, дидору гуфтугӯ кардааст.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор вазъи кунунии Қирғизистон баррасӣ шуда ва ҷонибҳо ҳамкориҳои миёни ду кишварро низ баррасӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба хонуми Отунбоева омодагии Тоҷикистонро барои ироаи кумакҳои ҳамаҷониба барои таҳкими субот дар Қирғизистон иброз доштааст.

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) пас аз дидори чанд рӯзи қабли худ бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфта буд, ки Э.Раҳмон тасмим дар бораи анҷоми тадобири фаврӣ барои кумак ба Қирғизистонро имзо кардааст.

Ин мусавваба 14 июн дар дидори машваратии дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД ба манзури мусоъидат ба таҳкими субот дар ҷануби Қирғизистон таҳия шуда буд.

Н. Бордюжа таъкид кард, ки ин кумакҳо қабл аз ҳама ба ниҳодҳои интизомии Қирғизистон равона хоҳанд шуд. Зеро «ҳарчанд субот дар ҷануби Қирғизистон барқарор шудааст, аммо эҳтимоли сар задани даргириҳо дар онҷо ҳамчунон вуҷуд дорад.»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97