Бо айби «ТоҷикАйр» парвозҳо ба таъхир афтод

Хабари хуб 08.07.2010 16:40

Рӯзи 7 июл парвози ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба сӯйи шаҳрҳои Санкт- Петербург, Маскав ва Хуҷанд ба таъхир афтодааст. Дар фурӯдгоҳи Душанбе теъдоди зиёди мусофирон интизори парвозанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Ховар» масъулин сабаби асосии ба таъхир мондани парвозҳоро дар қарздор будани ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Айр» дар назди ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ «арзёбӣ кардаанд. Дар ҳоли ҳозир барои ҳалли қазияи мазкур дастандаркорон чораҷӯйӣ доранд ва дар сурати мусбӣ ҳал гардидани масъала ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ таъмин ва парвозҳо ба самтҳои зарурӣ аз сар гирифта хоҳад шуд. Дар акси ҳол мусофиронро мебояд, интизори пардохти қарз аз сӯйи «Тоҷик Айр» бошанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби маркази матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба «Ховар» хабар додаст, ки дар сурати напардохтани қарз аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Айр» парвозҳои баъдӣ низ метавонанд ба таъхир афтанд ва парвозҳо аз рӯи нақша сурат нагиранд.

Гуфта мешавад, агар масъала ба зудӣ роҳи ҳал пайдо накунад, теъдоди мусофирон дар фурудгоҳ бештар шуда, шароти буду боши онҳо дар ин ҷо мушкил хоҳад шуд.

Аммо ин барои аввалин бор нест, ки бо айби «ТоҷикАйр» парвозҳо ба самти Русия ба таъхир меафтад. Ба ҳар сурат ҳанӯз ҳеч мусофире барои ҷуброни зарари воридшуда аз сӯйи ин ширкат ба додгоҳ арз набурдааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97