Писарони Мирзо Зиёев зиндонӣ шуданд

Хабари хуб 08.07.2010 16:40

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муҳаммадризо Зиёев ва Сайидаҳмад Зиёев, писарони Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли собиқ ИНОТ ва вазири пешини ҳолатҳои фавқулоддаро дар нооромиҳои тобистони гузаштаи шарқи кишвар гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати 28 ва 30 сол маҳкум ба зиндон кардааст.

Тибқи иттилои додситонии кулли Тоҷикистон ин парванда дар маҷмӯъ, 49 нафарро, ки асосан пайвандони Мирзо Зиёев ва ҳаммаслаконаш ҳастанд, дар бар мегирад.

Мирзо Зиёев, маъруф ба лақаби Мирзо «Ҷага», ки аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифони пешини ҳукумат буд, ҳамроҳ бо 11 тани дигар ба ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи Неъмат Азизов, аз ҳамҳорони Зиёев дар Тавилдара кушта шуд.

Тафтишот гурӯҳи 49 нафарӣ ба раҳбарии Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро дар ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ, куштор, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ғайра мутаҳҳам донистааст.

Муҳаммадризо ва Сайидаҳмад Зиёевҳоро, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон маҳкум ба зиндон кардааст, таҳқиқи парвандаи онҳо дар боздоштгоҳи муваққати шумораи яки шаҳри Душанбе, ки бештар ба номи СИЗОИ маъруф аст, сурат гирифтааст. Бозрасии ин парванда тавассути муффатишони Кумитаи амнияти миллӣ дар шаш моҳи пеш анҷом шуда буд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон мутобиқ ба бандҳои қонуни ҷиноӣ ва низ дар асоси таҳқиқи бозрасон, Муҳаммадризои 23 сола ва Сайидаҳмади 26 соларо дар ғасби ҳокимият бо роҳи зӯрӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор дониста ва ба онҳо 28 ва 30 соли зиндонро раво дид.

Ин парванда бо шумули Мирзо Зиёев, Неъмат Азизов ва чанд тан аз шаҳрвандони Русия ва Узбакистон, дар маҷмӯъ 49 нафарро дар бар мегирифт. Вале ин чиз мушаххас аст, ки аз 46 нафаре, ки ҳамакнун матаҳҳамон ва муҷримони зиндаи парванда ҳастанд, умдатан хешу ақрабои Мирзо Зиёев, ба вижа бародараш - Шайх Абдусамад мебошанд.

Ба ин тартиб, гуфта мешавад, тақрибан 6 нафари дигари онҳо сокинони ноҳияи Панҷи Тоҷикистон буда, ҳудуди сӣ тани дигар аз деҳаҳои Хуҷаихлос, Ҳафтчароғ ва Чилдараи ноҳияи Тавилдара ҳастанд, ки пас аз нооромиҳои шарқи Тоҷикистон ва баъд аз кушта шудани Мирзо Зиёев, боздошт шуда буданд. Ҳамчунин ду қафқозии чечентабор низ шомили ин парванда ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97