200 млн доллар «капитали мурдаи» Роғун

Хабари хуб 08.07.2010 16:38

Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон омода нестанд, ки ҳудуди 200 миллион доллари ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба даст оварда, ба муомилот бигузоранд. Ин дар ҳолест, ки бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон барои ғанисозии сандуқи қарздиҳии худ аз бонкҳои хориҷӣ ва Бонки миллӣ қарз мегиранд.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, бонкҳо аз фоизи баланди қарзҳои Вазорати молия метарсанд. Аммо бархи дигари коршиносон бар инанд, ки бонкҳо аз нотавонии худ ва дар мавриди зарурӣ баргардонида натавонистани ин қарзҳо дар ин кор худдорӣ мекунанд. Ин коршиносон мегӯянд, маблағҳое, ки бонкҳои тиҷоратӣ феълан дар гардиш доранд, нисбат ба талабот зиёд аст. Ва ба ҳамин далел бонкҳои тиҷоратӣ дар ҳоли ҳозир ба пулҳои ҷамъшуда аз фурӯши саҳмияҳо ниёз надоранд ва аз ин рӯ аз ширкат дар музоядаҳои Вазорати молия даст кашидаанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 миллион доллар аз фурӯши саҳмияҳо дар хазинаи Вазорати молия қарор дорад. Ва бархе аз коршиносон ин маблағро «капитали мурда» унвон кардаанд. Ба ин далел, ки ин 200 миллион доллар аз гардиш ё муомилот бозмондааст. Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон барои шаффофияти ҷараёни фурӯши саҳмияҳо ва масрафи ин маблағҳо дар моҳи апрели соли ҷорӣ комиссиюни ҷамъиятӣ ташкил карда буд. Аммо гуфта мешавад, ин комиссиюн он қадар фаъол нест, дар ҳоле ки тибқи аснод, ин комиссиюн моҳе як бор бояд масъалаи масрафи пулҳои нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97