Салимзода роҳи пулакиро қонунӣ хонд

Хабари хуб 15.07.2010 15:41

Додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода бар ин назар аст, ки роҳандозии роҳи пулакӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ қонунӣ аст. Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки аз роҳандозии роҳи пулакӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ пуштибонӣ мекунад. Ба эътиқоди Шерхон Салимзода, агар ин роҳ пулакӣ нашавад, сарнавишти ҷоддаи Душанбе-Қӯрғонтеппа такрор хоҳад шуд.

Вай гуфт, ки натиҷагирии додситонии кул дар бораи қонунӣ будани роҳандозии роҳи пулакӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 13 июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз иқдоми давлати ин кишвар дар заминаи роҳандозии роҳи пулакӣ пуштибонӣ мекунад. Вай гуфт, ки ин роҳ бо сармояи хориҷӣ бозсозӣ шудааст ва агар ширкате умури нигоҳубини онро ба ӯҳда нагирад, он ба зудӣ хароб хоҳад шуд.

Вай аз ҷумла гуфт: «Бубинед, роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки низ бо сармояи хориҷӣ бозсозӣ шуда буд, базудӣ хароб шуд ва ҳоло дар ин роҳ наметавон ҳатто бо суръати 100 километр дар соат ҳаракат кард».

Вай хабар дод, ки дар заминаи роҳандозии роҳи пулакӣ ба додситонӣ шикоёти мардум ворид шудааст. Оқои Салимзода мегӯяд: «Шояд дар заминаи ҳаққи роҳкиро ва бархе аз паҳлӯҳои дигари фаъолияти ин роҳ зарурати таҷдиди назар вуҷуд дорад».

Вале дар маҷмӯъ, ба гуфтаи вай, фаъолияти ширкати “IRS”, ки аз сӯйи давлати Тоҷикистон барои ҷамъоварии ҳаққи роҳ дар ҷодаи Душанбе-Хуҷанд интихоб шуда, қонунӣ будааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97