Узбакистон сохтмони Сангтӯда-2-ро 6 моҳ ба қафо бурд

Хабари хуб 15.07.2010 15:41

Муҳандисони эронӣ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 суръат мебахшанд, гуфт роҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳури Эрон Исфандиёр Раҳим Машоӣ дар сӯҳбат бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи суханони ӯ, манъи вуруди вогонҳои борҳо ва масолеҳи сохтмонӣ барои неругоҳо пешбинишуда дар Узбакистон мӯҳлати супоридани навбати аввали сохтмонро шаш моҳ ба қафо партофт.

«Ман дар арафаи вохӯрӣ бо раиси ҷумҳур ба майдони сохтмони нерӯгоҳ рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик ошно шуда, бо коргарон сӯҳбат доштам. Муҳандисон ва сохтмончиёни эронӣ ба корҳои сохтмон суръат бахшида, кӯшиш мекунанд, ки навбати аввали сохтмонро пеш аз мӯҳлат иҷро кунанд», - гуфт Раҳим Машоӣ.

Ӯ инчунин қайд намуд, ки дар мулоқот бо раиси Ҷумҳури Тоҷикистон масоили дурнамои ҳамкориҳо, ҷараёни татбиқи лои¬ҳаҳои муштарак бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масоили хосияти минтақавидошта мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.

«Мо ба хулоса омадем, ки иқтидори мавҷудаи ҳамкорӣ ба таври кофӣ истифода намешавад. Мо ба натиҷа расидем, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон васеъ карда шаванд», гуфт ӯ.

Ҳамчунин Машоӣ дар доираи ин сафар хишти аввали бунёди «Хонаи Ирон»-ро низ гузошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97