ҲСДТ аз нақзи қонуни интихобот шикоят дорад

Хабари хуб 11.02.2010 16:39

Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар корзори интихоботии ин ҳизб аз 15 ҳодисаи нақзи қонуни интихобот шикоят карданд. Рӯзи душанбе, дар нишасти хабарӣ Раҳматило Зоиров, раҳбари ин ҳизб гуфт, ки бо вуҷуди замонати раиси ҷумҳур дар мавриди баргузории интихоботи шаффоф ва озод мавриди зиёди нақзи қонуни интихобот аз сӯи масъулони қомиссияҳои ҳавзавӣ ба мушоҳида расидааст.

Дар ин нишаст Раҳматило Зоиров гуфт, умдатан масъулони камиссияҳои ҳавзавӣ аз номзадҳои Ҳизби халқи демократӣ пуштибонӣ карда ва танҳо барои мулоқоти номзадҳои ин ҳизб бо интихобкунандагон шароити мусоид фароҳам мекунанд. Ба унвони мисол ӯ аз корзори интихоботии худ, ки дар ҳавзаи инфиродии рақами 4-и шаҳри Душанбе ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ сабти ном шудааст, ёдовар шуда гуфт, ки масъулони камиссияи ҳавзавии маҳаллӣ аз рақибаш Шермаҳмади Шоҳиён, номзади Ҳизби халқи демократӣ ҷиддан ҳимоят мекунанд.

Раҳматило Зоиров аз сӯйи дигар, таъкид кард, ки дар ҳоле ки КМИР феҳристи мулоқоти аҳзоби сиёсӣ бо интихобкунандагонро таҳия ва вақту маҳалли мулоқотҳоро эълом кардааст, аммо дар бештари маврид комиссияиҳои интихоботии ҳавзаҳо ин санадро нодида мегиранд. Гуфта мешавад тибқи ин феҳрист бояд ҳафтаи гузашта дар шаҳри Турсунзода, мулоқоти намояндагони аҳзоб бо интихобкунандагон дар соати 10-и субҳ баргузор мешуд, вале комиссияи интихоботии ҳавзаи ин шаҳр мулоқотро соати 9 танҳо бо номзадҳои ҲХДТ баргузор карда ва намояндагони дигар ҳизбҳоро ба ин нишаст дар соати 9 даъват накардааст.

Раҳматилло Зоиров дар мавриди он ки мақоми ҲСДТ-ро аз мухолифони сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" талаққӣ кардаанд гуфт, ин ҳизб идеяи бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро на, балки аз шеваи сохтмони он ва асосҳои ҳуқуқии он интиқод кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97