Тоҷикистону Арабистони Саудӣ хостори ҳамкориҳои бештар

Хабари хуб 05.03.2010 18:22

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 2-юми март иҷрокунандаи вазифаи сафири Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон Абдурраҳмон ибни Саъид ал-Ҷумъаро ба ҳузур пазируфт. Зарифӣ ал-Ҷумъаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрику таҳният гуфта, ёдовар шуд, ки Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ нахустин кишвари арабиест, ки сафораташро дар Тоҷикистон кушодааст.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо аз сатҳи феълии ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сафири Арабистони Саудиро итминон дод, ки давлати Тоҷикистон омодаи ҳамкориҳои бештар бо Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ дар соири масоили дорои манофеи муштараки ҳарду ҷониб, минҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот дар бораи нишасти навбатии вазирони умури хориҷаи Созмони Конфаронси Исломӣ дар Душанбе ёдоварӣ шуд. Ёдовар мешавем, ки сафорати Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон дар авохири моҳи январи ҳамин сол ифтитоҳ ёфта буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97