Н. Абдуллоев: Ба додгоҳҳои кишвар 35 шикоят ворид шудааст

Хабари хуб 05.03.2010 18:22

Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 3 март дар ҷамъи хабарнигорон далели аз сӯи додгоҳҳои кишвар рад шудани ҳамаи 10 шикояти ҲНИТ дар мавриди нақзи қонуни интихоботро ба гузаштани замони муроҷиа ба додгоҳ, бозпас гирифтани бархе шикоёт, дар муддати муқарраршуда пешниҳод нашудани аснод барои сабти ном ва таъйид нашудани мавориди монеъ шудани милиса аз фаъолияти таблиғотии ин ҳизб марбут хонд.

Ба гуфтаи ӯ, то рӯзи баргузории интихобот ба додгоҳҳои Тоҷикистон 35 шикоят ворид шуда ва 23 шикоят пас аз баррасӣ рад шудаанд.

Гуфта мешавад, 12 шикояте, ки ба таври мусбат ҳал шудааст, бо интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ иртибот дошта ва шикоятҳои чандон ҷиддие набудааст.

Ба гуфтаи масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон, то ҳол аз аҳзоби наҳзати исломӣ ё сотсиал-демократ ба ин ниҳод шикоёте ворид нагардидааст.

Шамсиддин Саидов, раиси Ситоди интихоботии ҲНИТ, ба навбаи худ гуфт, ки то ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон ҳеч парвандаи ин ҳизбро ба таври мунсифона баррасӣ накардаанд ва аз ин лиҳоз, эътимоди ин ҳизб ба додгоҳҳо камтар будааст.

Бо ин вуҷуд, ӯ гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломӣ беш аз 2 ҳазор санад дар бораи нақзи қонун дар ҷараёни интихоботро ҷамъоварӣ карда ва ба додгоҳҳо ироа хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97