Нархи истифодаи об дар Душанбе боло бурда шуд

Хабари хуб 13.03.2010 19:54

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи истифодаи об барои сокинони шаҳри Душанберо зиёд кард. Сардори шӯъбаи фурӯши обу корезии шаҳри Душанбе Мирзомурод Убайдов ба хабарнигорон гуфтааст, ки аз 1 - уми феврали соли 2010 сокинони шаҳри Душанбе барои истифодаи оби соф ва партовҳо - (канализатсия) дар ҳаҷми 2 сомонию 47 дирам (барои ҳар як аъзои оила то ошёнаи 12 - ум) пардохт хоҳанд кард. Онҳое, ки аз ошёнаи 13 боло истиқомат доранд 3 сомонию 08 дирам ва барои онҳое, ки дар хонаҳои умумӣ (обшежит) ҳастанд 2 сомонию 05 дирам муқаррар гардидааст.

Ҳамакнун онҳое, ки дар ҳавлиҳои шахсӣ умр ба сар мебаранд, ҳар моҳ 1 сомонию 42 дирам барои ҳар як аъзои оила ва барои обмонии замини наздиҳавлигӣ, шустани автомошина, барои нигоҳдории ҳайвонот ва истифодаи душу ҳаммом мабла?и алоҳида пардохт хоҳанд кард. Боис ба ёдоварист, ки бори охир моҳи сентябри соли 2009 нархи об барои аҳолии шаҳр 2 сомонию 20 дирам (барои ҳар як нафар аъзои оилаи шаҳрӣ) муқаррар гардида буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97