Хабари хуб

Бонки миллӣ кафолат медиҳад 15.10.2009 15:28 Бонки миллӣ кафолат медиҳад
Бонки Миллӣ барои ҷалби пасандозҳои мардум лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки кафолати бозпас гирифтани маблағҳоро замонат медиҳад. Дар сурати тасвиби ин санад, мардум метавонанд ҳатто дар сурати муфлисшавии бонкҳо, пасандозҳои худро, агар ....

Узбакистон ҷинояткоронро ҳимоят мекунад? 08.10.2009 19:10
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли кишвар, дар нишасти хабарие, ки рӯзи 6 октябр баргузор кард, гуфт, ки бо вуҷуди дархости мукаррар Додситонии кулли Узбакистон аз истирдоди шаҳрвандони тоҷик, ки дар ҳудуди кишвар ҷиноят содир кардаанд, сарпечӣ кардааст.
ҲНИТ аз САҲА даъват мекунад 08.10.2009 19:10
Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, аз кишварҳои узви ин созмон дархост кардааст, аз муборизаи гурӯҳӣ зери шиори "мубориза бо терроризм" даст бардоранд.
"Вавилон" моро аз марг наҷот дод! 08.10.2009 19:09
Дар ағбаи Анзоб автомашинаи мусофиркаш чаппа шуд. Ба чунин хабар тамоми мардуми Тоҷикистон одат кардаанд. Аммо муҳавои баъдии хабар ҷолиб аст. Бори аввал аст, ки заррардидагон дар садамаи нақлиётӣ ба ширкати мухобиротӣ арзи сипос мекунанд.
Қонуни забон аз ҷониби Президент ба имзо расид 06.10.2009 16:56
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» баъди баррасӣ ва қабул шудан дар парлумони Тоҷикистон дар таърихи 5.10 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Генерал-полковники ҷосус дар Суғд дастгир шуд 01.10.2009 17:54
Дар вилояти Суғд фарде, ки худро "генерал-полковник" ва намояндаи Интерпол дар Осиёи Миёна муаррифӣ мекардааст боздошт шуд. Гузоришҳо ҳокист, ки маъмурони амниятӣ ин фардро ҳамчунин дар амали ҷосусӣ ба суди Узбакистон гумонбар донистаанд.
Озодаи Эмомалӣ муовини вазири хориҷа 01.10.2009 17:54
Рӯзи сешанбеи 29 сентябр дар ҷаласаи ҳайъати ҳукумат, Озодаи Эмомалӣ муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон тайин шуд. Озодаи Эмомалӣ то ҳол дар вазорати хориҷа раёсати кунсулгариро ба ӯҳда дошт.
Нақлиёти мусофирбар танзим мешавад 01.10.2009 17:53
Тибқи як тасвиби ҳукумат фаъолияти васитаи нақлиёти мусофирбар дар ин ҷумҳурӣ ва аз ҷумла дар шаҳри Душанбе танзим мешавад. Бар асоси ин санад фаолияти соҳибони воситаи нақлиёти хусусии мусофирбар дар пойтахт маҳдуд хоҳад шуд.
Иқтисод панҷ дар сад рушд мекунад 01.10.2009 17:53
Дар лоиҳаи буҷети соли 2010 рушди панҷ дарсадии иқтисоди Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки як моҳе қабл ҳукумат аз рушди 14 дарсадӣ дар соли оянда изҳори назар мекард. Вале ахиран созмонҳои молии байналмиллалӣ аз коҳиши рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода, гуфтаанд, ки дар осли ҷорӣ ....
ВКД қотилро муаян кардааст 01.10.2009 17:52
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст ҳуввияти фардеро, ки дар қатли як фурӯшандаи асъор муттаҳам аст, муайян карда ва амалиёти вижаи кормандони ин ниҳод барои боздошти ӯ идома дорад.
Ҷашни 50-солагии ИЖТ мавқуф гузошта шуд 01.10.2009 17:52
Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки рӯзи 24 сентябр баргузор гардид, таҷлили ҷашни 50-солагии таъсисёбии Иттифоқ ба семоҳаи авали соли 2010 мавқуф гузошта шуд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97