Ширкати Талко бозрасӣ шуд

Хабари хуб 13.03.2010 19:53

Аудит ва ё бозрасии фаъолиятҳои молии ширкати алюминии "Талко" ба поён расидааст. Люк Моерс, намояндаи доимии Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтааст, ки бозрасии Корхонаи алюминии Тоҷикистонро ширкати бритониёии мавсум ба "Мур Стивенз" (Moore Stephens) анҷом додааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Моерс, натиҷаҳои аудит ва ё бозрасии фаъолиятҳои молии ширкати "Талко" дар ояндаи наздик дар вебсайти ин корхона мунташир хоҳад шуд.

Масъулони ширкати "Талко" низ ин хабарро таъйид карданд. Вале онҳо ҳозир нашуданд дар бораи натиҷаи бозрасӣ ва камбудиҳои эҳтимолии ошкоршуда дар фаъолияти худ иттилоъ бидиҳанд.

Вале ба гуфтаи манобеъи дафтари матбуотии Талко, бозрасии фаъолиятҳои молии ин корхона дар се соли ахир амре маъмулист ва ҳамасола сурат мегирад. Дар соли гузашта ширкати "Мур Стивенз" барандаи музояда шуда ва ин бозрасиро анҷом додааст.

Ҳамакнун маълум нест, ки ин бозрасӣ бо бозрасии байналмилалии ширкати Талко, ки пештар созмонҳои молии байналмилалӣ тақозо карда буданд, чи иртиботе дорад.

Ин барои авалин бор нест, ки бо тақозои созмонҳои молии байналмилалӣ фаъолияти ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги Тоҷикистон мавриди бозрасии ширкатҳои хориҷӣ қарор мегирад.

Соли гузашта ширкати аудитории "Эрнст Энд Янг"-и Бритониё фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро бозрасӣ карда буд. Натиҷаи ин бозрасӣ муъомилоти маҳрамонаеро ифшо кард, ки Бонки Миллӣ ва ниҳодҳои сармоягузори вобаста ба он дар Тоҷикистон дар даврони раёсати Муродалӣ Алимардонов анҷом додаанд.

Тибқи натоиҷи ин бозрасӣ, Бонки Миллӣ ва ниҳодҳои сармоягузории вобаста ба он дар ин даврон аз садҳо млн. доллар ба таври ғайримуассир ё ба истилоҳ "ғайри мақсаднок" истифода кардаанд.

Дар моҳи сентябри соли гузашта эълом шуд, ки бозрасии фаъолиятҳои молии ширкати "Барқи тоҷик", бузургтарин ширкати энержӣ дар Тоҷикистон, низ ба поён расида, вале тибқи қарордод, натоиҷи ин бозрасӣ мунташир нашуд.

Қаблан Люк Моерс гуфта буд, ки дар ҷараёни бозрасии фаъолияти ширкати "Барқи тоҷик" чанд мушкили ҷиддӣ дар бахши ҳисобдории ин ширкат ошкор шуда ва ин маворид дар гузориш сабт шудааст, аммо натиҷаҳои ин пажӯҳиш махфӣ хоҳад буд.

Ҳарчанд натоиҷи бозрасии молии ширкати "Талко" мушаххас нест, вале коршиносони умури иқтисодӣ баъид намедонанд, ки дар фаъолияти ин корхона ҳам кӯтоҳиҳое ошкор шуда бошад.

Ширкати алюминии Тоҷикистон бузургтарин корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аст ва ба ҳамин далел бештари мардум алоқаманданд дар бораи фаъолияти ин корхона ба таври муназзам иттилоъ ёбанд. Вале бисёре аз мардум мегӯянд, ки дар бораи ин корхона иттилоъи зиёде надоранд ва намедонанд даромади он дар куҷо ва ба чӣ аҳдофе масраф мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97