Бойгонӣ

Имсол дар Хоруғ 11 кас ҳалок шудааст 09.10.2008 13:30
Дар роҳҳои Бадахшон аз аввали сол 26 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷаи онҳо 11 нафар ба ҳалокат расидааст.
Интизор бошед, об соф хоҳад шуд 24.07.2008 19:21
Корхонаи давлатии обу корези шаҳри Душанбе, ахиран эълом кардааст, ки то аввалҳои моҳи декабри соли ҷорӣ мушкили таъмини оби софи ошомиданӣ барои сокинони пойтахтро ҳал хоҳад кард.
Интихоботҳо демократӣ мешаванд? 12.03.2009 15:04
Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон хостори ислоҳи қонуни интихоботи порлумонӣ ва афзоиши теъдоди намояндагони парлумон, баргузории интихоботи озоду мунсифона ва мудохила накардани мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ дар раванди интихобот шудаанд.
Инфиҷор кори дасти Узбакистон 16.07.2008 20:00
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии кишвар рӯзи 16 июл дар як нишасти матбуотӣ таркишеро, ки соли гузашта дар назди бинои Додгоҳи олӣ рух дода буд, амали дасти хадамоти ҷосусии Узбакистон унвон кард.
ИНФИҶОРҲОИ СИЛСИЛАӢ ҲИНДУСТОНРО БА КУҶО МЕБАРАД? 01.08.2008 14:51
Ҳафтаи гузашта силсила-инфиҷорҳои муҳибе шаҳри Аҳмадободи Ҳиндро такон дод, ки бар асари он наздики 50 нафар кушта ва беш аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бар хилофи инфиҷор ва таркишҳои собиқ мақомоти Деҳлии нав дар иттиҳоми гурӯҳҳои ифтрогарои исломӣ ва даст доштани дастгоҳи амниятии Покистон саросема нашуданд. Дар воқеъ ....
ИНҚИЛОБИ ЗАБОН 24.07.2008 20:17
Лутфи Офаридгор буд, ки тоҷикон истиқлоли миллии хешро ройгон соҳиб шуданд. Равшан аст, ки барои ба даст овардани ин неъмати бузург муборизаҳои шадид ва тӯлоние лозим аст, ки дар ин набардҳо хуни садҳо тан рехта мешавад, бадбахтиҳои гӯшношуниде ба сари миллат сарозер мегардад. Афғонистону Ҳиндустон садсолаҳо мубориза бурданд, то таҷовузгарони ....
ИСОИ МАСЕҲ ВА СОЛИ НАВ 04.01.2009 21:26
Дар Ислом Исо писари Марям - паёмбари Худои ягона ҳаст, ки Инҷил ба ӯ нозил шудааст. Соли нав ҷашне ҳаст, ки бо поён ёфтани як сол ва оғоз шудани соли нав онро таҷлил мекунанд. Маъмулан ин ибора ба ҷашни соли нави масеҳӣ итлоқ мешавад. ТАЪРИХЧАИ СОЛИ НАВ Дар умум, ҷашнгирии соли ....
ИСТЕЪФО Мактаби истеъфо бояд баргардад 18.08.2008 20:22
Гирдиҳамоӣ ва ё митинги эътирозӣ воқеаи маъмул буда, он дар ҳеҷ сурат наметавонад тавлидгари моҷаро гардад. Яъне митинг созишро тавлид мекунад, ки ин усули аввали хотима додан ба эътироз мебошад ва маданияти гузаронидани митинги эътирозӣ ҳам ҳамин аст. Аз тарафи дигар, агар пешниҳоди мардум гирди ҳам омада иборат аз ....
ИСТЕЪФО Истеъфои президент дар Покистон 21.08.2008 16:31
Истеъфои ғайри маъмул Дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ё ҷаҳони саввумӣ истеъфо калимаи луғатномавӣ буда камтар дар ҳаёти амалии сиёсӣ дида мешавад. Шояд аз ҳамин лиҳоз бошад, ки истеъфои генерал Мушарраф аз мақоми райёсатиҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи бисёреро ба худ ҷалб намуд ва ба хабари дараҷаи яки расонаҳои хабарии ....
Истеъфои Ҳимматзода пазируфта шуд 23.04.2009 14:03
Дархости Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мавриди қатъ кардани ваколаташ Дар Маҷлиси намояндагон пазируфта шуд. Истеъфои ӯ дар иҷлоси порлумон бе ҳеч баҳсу баррасӣ ва бо аксари раъйи вакилон тасвиб шуд.
Истиқболи Истиқлол 11.09.2008 15:30
Рӯзи 9 сентябр ба хотири таҷлил аз 17- умин солгарди истиқлолияти кишвар маросимҳои ҷашнӣ дар Хуҷанду Истаравшан баргузор гардид.
Ифтитоҳи сохтмони бинои САҲА 23.10.2008 21:27
Харберт Залбер, раиси Маркази пешггирӣ аз ихтилофот дар САҲА дар маросими ифтитоҳи сохтмони ҷадиди бинои ин созмон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки миёни ин созмон ва ҳукумати Тоҷикистон дигар мавзуоти баҳсие боқӣ намондааст.
ИФТИХОРЕ ОЛУДА БО ТАЪНУ ТАҲҚИР 27.06.2008 22:32
«Миллат»- ро аз рӯзи зуҳураш то кунун ҳамвора мехонам. Нашрияест ҷолиб ва ҳам дорои матолиби хубу хонданӣ. Зуҳураш фикр мекунам зарур ва саривақтӣ буд. Дар бедории миллӣ, шинохти хеш ва фарҳанги исломиву тоҷикии мо нақши бузурги носутудание дорад. Баҳсҳое, ки миёни хонандагони диду назариёти мухталиф дошта нашр мешаванд, вуҷуди ....
ИШҚУ ОШИҚИ ДАР ФИЛМИ ЮСУФ ПАЁМБАР (АЛАЙҲИССАЛОМ) 23.02.2009 22:31
Муддатест як сериали телевизионӣ бо унвони "Юсуф Паёмбар" истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Ирон дар ҷомеаи мо шӯру валвала барпо намуда ба нуқли маҷолису маҳофил табдил ёфтааст. Ин филмро коргардони чирадасти иронӣ Фараҷуллоҳ Салаҳшур коргардонӣ ва таҳия намудааст.
ИҚТИСОДИ ИСЛОМӢ: ҶАҲОН БА ОН РӮ ОВАРД, ТОҶИКИСТОН ЧИ? 26.04.2009 14:52
БӮҲРОНИ МОЛӢ, ЯЪНЕ ЧӢ? Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ин уфти ногаҳонии арзиш ва нархҳои як ё якчанд навъи дороиҳо мебошад. Дороӣ ва сармоя монанди; техника, замин, бинои бузурги бисёрошёна ва ё ҳаққи моликият дар сармоя монанди саҳмияҳо ва пасандозҳо ва ё ҳаққи моликият дар дороиҳои молӣ мисли шартномаҳои молӣ барои ....
КАЙ АЗ ҚУРҒОНТЕППА ДАСТ МЕКАШЕМ? Ё пешвози Соли забон бо Чапаев, ТЕСТ, НИКИ, ТРЗ 04.07.2008 20:02
Дар остонаи рӯзи Ваҳдати Миллӣ, ки маъракаи асосии таҷлили он дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, сару садоҳо аз нав оид ба тағйири ном кардани шаҳри Қӯрғонтеппа авҷ гирифт. Аз рӯи маълумоти аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят расида ҳеч гуфтугузор ва тасмимоте сари ин масъала нест. ....
Камшавии интиқоли гази Узбакистон 05.09.2008 18:16
Мутобиқи иттилоъи ширкати «Тоҷикгаз» интиқоли газ дар моҳи сентябр ё моҳи шарифи Рамазон аз тарафи Узбакистон панҷоҳ дар сад кам гардидааст.
КАНОРАГИРИИ РУСИЯ ВА ПАЙМОНИ ДИФОИИ ФОРСИЗАБОНОН 16.02.2009 14:07
"БОМБ"-Е, КИ ТАРКИД… Чанд ҳафтаи охир бозори баҳсҳо перомуни чуну чарои мавзеъгирии ба зоҳир ғайримунтазира, вале дар асл маъмулӣ ва албатта дар ин мавриди хос ғайридӯстонаи Русия дар баробари Тоҷикистон гарм аст. Ҳимояти Дмитрий Медведов, раиси ҷумҳурии Русия аз сиёсати Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш дар масъалаи ниругоҳҳои Тоҷикистон ва бахусус ....
КАРОМАТ ШАРИПОВ ЧӢ ЧИЗИ ДИГАРЕ БАРОИ ФУРӮХТАН ДОРАД? 20.02.2009 15:53
«Они предали свой народ и готовы предать родную мать» - бидуни ҳеч андешае инро Каромат Шарипов, ҳамоне, ки худро ҳомии тоҷикон дар Маскав медонад ва раисии ТТМ-ро он ҷо ба ӯҳда дорад, аз минбар эълом доштааст. Ин қазовати ӯ дар баробари эътирози нашрияҳои тоҷик, аз ҷумла «Миллат» барои бо ....
Кашф ва мусодираи аслиҳа дар Душанбе 28.05.2009 15:10
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ахиран дар шаҳри Душанбе миқдори зиёди аслиҳа кашф ва мусодира шудааст. Дар мавриди ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шералӣ Сабзов - сардори бахши мубориза бо ҷиноёти муташаккилонаи вазорати дохила, ин хабарро таъйид кардааст, аммо ба далели ворид накардани халал дар ҷараёни таҳқиқи парванда аз ....
КӢ БОЯД ВАЗИФА БИГИРАД?! БАР ҲУКУМАТИ МО ОФАРИН! пас кай мешавад мулки мо нозанин 12.01.2009 14:05
САРВАЗИРӢ ВАЗИФАИ ИФТИХОРӢ НЕСТ Ибтидои ҳар соли ҷадиди милодӣ барои давлатмардони мо давраи санҷиши бузург ва ҳисобот додан аз кори анҷомдодаи хеш тайи як соли фаъолияташон маҳсуб меёбад. Раиси ҷумҳури кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба хотири пешрафти кишвари азизамон афродеро ба мансабҳои муҳимми давлативу ҳукуматӣ таъин менамояд. Вале боз ....
КӢ МЕХОҲАД СОҲИБИ ДАРВОЗА ШАВАД?! Иддаои болотар аз тавон 13.02.2009 17:25
ҲИКОЯТ Овардаанд, ки подшоҳ Қубод рӯзе дар шикор аз лашкар ҷудо афтод ва ҳаво гарм шуду аз ташнагӣ бетоқат гашта ҳар тараф менигарист ва сояву сарчашмае металабид. Аз дур сиёҳие ба назараш даромад. Маркаб ба он тараф ронд. Хаймаи кӯҳна дид дар миёни бодия зада ва пиразане бо духтари худ ....
КӢ МЕХОҲАД ТАНҲО ДАСТОВАРДИ КИШВАРРО ҚУРБОН КУНАД? 27.02.2009 13:59
Ё муовини вазиру сардори нозироти алоқа манфиати киро ҳимоя мекунанд? ЗЕРИ КОСА НИМКОСА НИҲОН АСТ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия бори дуввум аст, ки лоиҳаи қарорро оид ба таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба ҳукумат пешниҳод карданист. Ҳарчанд тайи солҳои 2005-2006 ин баҳс идома дошт ва бо мудохилаи Раиси Ҷумҳур ба ин мавзӯъ ....
КӢ РАФТ, КӢ ОМАД?!РӮЙХАТИ КАДРҲОЕ, КИ АЗ ВАЗИФА ОЗОД ШУДАНД 16.01.2009 23:00
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. ТағоймуродовАлимурод аз вазифаи раиси ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш 2. Улфатов Абдулмумин Маҳмудович аз вазифаи раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш 3. Исмоилов Маҳмадраҳим Абдураҳмонович аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо ....
КӢ ЧӢ ГУФТ ВА КӢ МАНФИАТ БУРД?! Сафорати Русия хостори робитаҳои дуҷониба аст? 07.02.2009 14:49
Чанде қабл бо ташаббуси Зафар Абдуллоев, раиси Анҷумани Медиа- Алянси Тоҷикистон дар мавзӯъи "Миллатбадбинӣ: Вокуниши сафорати Русия ва расонаҳои хабарии тоҷикзабон" бо ширкати муҳаррирони ду рӯзномаи тоҷикӣ -"Фараж" Хуршед Ниёзов ва "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода, хабарнигори махсуси РИА- Новости Лидия Исамова, ҳамчунин намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон, котиби аввали ин ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97