ИҚТИСОДИ ИСЛОМӢ: ҶАҲОН БА ОН РӮ ОВАРД, ТОҶИКИСТОН ЧИ?

Фарҳанг ва адаб 26.04.2009 14:52

БӮҲРОНИ МОЛӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ин уфти ногаҳонии арзиш ва нархҳои як ё якчанд навъи дороиҳо мебошад. Дороӣ ва сармоя монанди; техника, замин, бинои бузурги бисёрошёна ва ё ҳаққи моликият дар сармоя монанди саҳмияҳо ва пасандозҳо ва ё ҳаққи моликият дар дороиҳои молӣ мисли шартномаҳои молӣ барои харидории колоҳо (монанди нафт ва арзҳои хориҷӣ). Агар арзиши дороӣ ба таври ногаҳонӣ суқут кард, ин худ ба маънои суқути дороии муассисаи молӣ аст.

Ин ҳолат таъсири худро дар арзиши саҳмияҳо, пули кишвар, бозори хонафурӯшӣ ва муассисаҳои молӣ, ва аз ин тариқ дар тамоми бахшҳои иқтисод дорад. Гоҳо ин суқут аз сабаби болоравии ғайри воқеӣ ва ғайри табиӣ дар арзиши дороиҳои моддӣ ва молӣ, як ё чанд навъ мешаванд. Масалан, фурӯши саҳмияҳо ва хонаҳо бо нархҳои ғайри воқеӣ анҷом меёбад. Арзиши воқеии мол ин маҷмӯае аз омилҳои кунунӣ ҳаст, ки даромади ояндаи молро муайян мекунад.

Барои мисол дар шаҳрҳои кишварамон кирояи хонаи як ва ё ду ҳуҷрагӣ аз $100 то $200 мебошад ва арзиши ин хонаҳо аз 50 ҳазор доллар то 70 ҳазор доллар буд, ки ин ба мантиқи иқтисод дуруст намеояд. Чунин ҳолатро низ иқтисоддонон бӯҳрон меноманд.

Сабабҳои дигари сар задани бӯҳрон ин хариду фурӯши дороӣ барои ба даст овардани фоидаи калон дар муддати кӯтоҳ мебошад (мисли иҷорапулии моҳонаи хона).

ОҒОЗИ БӮҲРОН

Оғози бӯҳрони феълии ҷаҳонӣ аз солҳои 2005 ва 2006 маншаъ мегирад. Дар асоси иттилои сомонаи "СNN"-и амрикоӣ, 40% хонаҳои фурӯхташуда дар солҳои 2005-2006 бо ҳадафи сармоягузорӣ ва иҷора будааст. Вақте ки ин хонаҳоро дар бозор барои фурӯш арза намуданд, арзиши хонаҳо поён омад. Бӯҳрон аз ҳамин ҷо шурӯъ шуд.

Теъдоди нафарони оҷиз ва нотавон аз пардохти қарзҳои манзил зиёд шуданд. Танҳо дар соли 2007, 1, 3 миллион хона бо роҳи қонунӣ мусодира шуд. Миқдори қарзҳои манзил то сентябри соли 2008, 12 триллион долларро ташкил медод, ки 92% манзилҳо аллакай мусодира шуданд ва ё оҷиз аз пардохти қисматҳои қарзҳо ҳастанд.

Аз 43% хонаҳои аз роҳи қонунӣ мусодира шуда ба протсент ё фоизи тағйирёбанда ҳастанд, ки бо гузашти вақт қарздорон тавони пардохти афзояндаи ин қарзҳоро надоранд. Агар теъдоди нафарони оҷиз аз пардохти қарзҳо маҳдуд мебуд, шояд бонкҳо метавонистанд манзилҳоро мусодира намуда, онро фурӯхта пули худро пас гиранд. Аммо нотавонӣ аз пардохт ба чанд нафар маҳдуд набуд, балки ба садҳо, ҳазорҳо ва ҳатто ба милионҳо нафар мерасид, ки мусодира ба ин ҳаҷм аз манзилҳо ва ба фурӯш гузоштани онҳо сабаби поёнравии арзиши хонаҳо дар бозор гардид.

Ҳамингуна аз бозори манзил бӯҳрон ба дигар муассисаҳо ва дигар сохторҳо интиқол ёфт. Сабаби ин "санади қарз" кардани вомҳои хонаҳо буд. Яъне бонкҳо санадҳо ва ё варақаҳо содир намуданд, ки молики ин санадҳо ва варақаҳо даромад аз қарзҳоро ба даст меорад.

Бояд зикр намуд, ки қарзи хонаҳо, ба бонкҳо ва фондҳои сармоявӣ, ки молики ин вомҳо ҳастанд, суди фаровон меорад. Ширкатҳои бузурге чун Fannie Мас, Fгеddу Мас ва Маc Ginnie замонати пардохти санадҳои қарзҳои манзилҳоро ба харидорон доданд.

Танҳо Fannie Маc ва Freddy Маc замонат ва моликияти нисфи қарзҳоро додааст. Дар таърихи 8 октябри соли 2008 ҳукумати Амрико болои даромади ин ду ширкат ангушт гузошт. Ширкати Мас Ginnie, моли ҳукумати Амрико ҳаст. Ёдовар мешавем, ки ин ширкатҳо танҳо миёнарав буда, қарз намедиҳанд, балки вомҳои манзилҳоро аз бонкҳо ва фондҳои сармоявӣ харида онро санад ва варақ намуда, мефурӯшанд.

ФУРӮПОШИИ КАПИТАЛИЗМ

Ҳукумати Амрико ҷузъи ин раванд буд, чунки ширкати Мас Gennie зери назорати ҳукумати Амрико фаъолият менамуд. Дахолати ҳукумати Амрико ин таҳаввули нав дар иқтисоди бозаргонӣ набуда, балки таҳаввули нав ин фурӯпошии ширкатҳои бузурги ҳукуматӣ ва ғайри ҳукуматӣ ва зимнан фурӯпошии сохтори капиталистӣ ҳаст.

Ҷалби маблағҳои бузург ба бозори манзил баъди бӯҳрони "ДОТ КОМ" ва ё интернет сар шуд. Маблағҳои гарм "НОТ МОNEY", ки бештар тиҷорат бар асоси музораба менамояд, ба сохтори хонафурӯшӣ сарозер шуданд ва сохтори интернетро дар ҳолати бӯҳронӣ вогузоштанд.

Албатта чунин ҳолатро мо дар авоили соли 2008, низ мушоҳида намудем, ки пулҳои гарм ба сабаби болоравии арзиши нафт ба 140$ (ба ҳар бушка) дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуда буд, ки ин маблағҳо аз бозори манзил ба бозори нафт сарозер шуд.

Аз аввали бӯҳрон то ҳанӯз 29 муассисаи молии бузург дар Амрико муфлисии худро эълон намудаанд. Ин адад рӯ ба афзоиш аст. Бинобар маълумоти маҳрамона, ки маҷаллаи "Тайм"-и амрикоӣ нашр намуд, 171 бонки ин кишвар дар рӯйхати ширкатҳои рӯ ба муфлисӣ ҳаст.

Дар Амрико ва Аврупо адади нафарони маҳрум аз ҷои кор меафзояд. Аксари шаҳрвандони ин кишварҳо Кридит Карт- "CREDIT CARD" доранд ва аз сабаби надоштани даромад, тавони пардохти қарзҳояшонро надоранд. Ҳаҷми қарзҳои Кридит Карт як триллион долларро ташкил медиҳад, ки дар ояндаи начандон дур домангири иқтисоди ҷаҳон хоҳад шуд.

ҲАЛЛИ АМРИКОИИ БӮҲРОНИ МОЛӢ

Суоли матраҳ дар ин замонаи бӯҳронӣ ин аст, ки оё дастгирии "саховатмандонаи" ҳукумати Амрико ба маблағи 700 миллиард доллар дар замони Ҷ.Буш ва 800 миллиард доллар тавассути кобинаи Барак Обама ба бонкҳо ва ширкатҳои бима (суғурта) мушкилро ҳал менамояд? Ва оё ин ҳалли дурусти мушкил аст?

Албатта НЕ, чунки мушкилӣ дар шахсони қарзгиранда аст, ки бештари онҳо тавони пардохти қарзҳои хешро надоранд. Ва он пулеро, ки қарз гирифтаанд, дар иқтисоди воқеӣ сарф накардаанд то битавонанд аз даромади он қарзҳои худро бипӯшонанд.

Дастгирии қарздорон аз роҳи кам кардан ва ё озод намудани онҳо аз пардохти андоз, суди қарзҳо ва ба таври ройгон дубора замонбандӣ кардани ин қарзҳо мебошад.

Аммо харидани бонкҳо ва ширкатҳои муфлисшуда ин дастгирии қарздиҳандагон аст, на қарзгирандагон. Бечуну чаро қарздиҳандагон пулҳои худро аз қарздороне, ки тавони пардохти қарзҳоро надоранд, талаб мекунанд ва хонаҳои онҳоро, ки дар гарав ҳастанд, мефурӯшанд, то ки пули худро ба даст биоваранд. Ин ҳолат сабаб мешавад, ки мардум хароҷоти худро кам намоянд, ки ин муҷиби ба амал омадани рукуди иқтисодӣ мегардад. Бинобар ин роҳи дурусти ҳалли мушкил ин дастгирии қарздорон мебошад, ки ададашон ба миллионҳо мерасад.

СУДХӮРӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

Баъди он чи ки зикр кардем, пурсишҳое ба миён меояд, ки оё баъди сар задани ин бӯҳрон низоми капиталистӣ боқӣ хоҳад монд ва ё хайр? Оё бе суд иқтисод пеш меравад? Ва билохира Тоҷикистон, ки аксари аҳолиаш мусалмон ҳаст, беҳтар нест низоми бонкдории исломиро татбиқ кунад то аз боду борони бӯҳрон дар амон монад?

Муҳаррики асосии низоми капиталистӣ ва бозоргонӣ суд (фоида) аст. Ин маънои онро дорад, ки бесуд иқтисоди ин низом барҳам мехӯрад.

Дини мубини Ислом судро ҳаром ҳукм намудааст ва Худованд бо судхӯрон ҷанг эълон кардааст. Албатта ин бе ҳикмат нест. Дар ин шабу рӯз ва пас аз чандин қарни нозил шудани ин ҳукм, олимон ва донишмандони ғарбро мебинем, ки судро ҳамчун омили поёнравии иқтисод медонанд.

Дар бӯҳрони молӣ, ки соли 1929 рух дод, донишманди илми иқтисод ва файласуфи бритониёӣ Кенз пешниҳод намуда буд, ки барои баромадан аз бӯҳрон ва ҳали мушкили бекорӣ, фоизи суд ба ҳадди сифр расонида шавад. Ва инчунин падари иқтисоди капиталистӣ Адам Смит мефармояд, ки барои рушди иқтисод давлат, бояд судро ба ҳади сифр (0) поён биёрад.

Донишманди фаронсавӣ ва иқтисодшинос, барандаи ҷоизаи Нобел дар соли 1988, Маурис Алаэс (Maurice Allais), барои баробарӣ дар бозор ва рушди иқтисод ду шарт мегузорад; якум андозбандӣ на бештар аз 2% ва дуюм ба ҳадди сифр овардани фоизи суд.

Хулосаи ончи, ки мо дар боло зикр намудем ин аст, ки мутобиқати таҳлилоти ин донишмандон бо ончи, ки дини Ислом фармудааст, яъне ҳаром будани суд ва андозбандии (закот) 2.5%. Масдари бӯҳронҳо дар низоми капиталистӣ ин суд аст. Агар ин сохтор дар ҷаҳон қоим бимонад, бӯҳрони кунунӣ охирин бӯҳрон нахоҳад буд, балки мо шоҳиди бӯҳронҳои аз ин бадтар ҳам хоҳем шуд.

Бӯҳрони кунунӣ заифӣ ва нотавонии низоми капиталистӣ ва "Худо" будани бозорро нишон дод. Дахолати бесобиқаи ҳукуматҳои ғарбӣ ва хусусан Амрико барои наҷоти бонкҳо ва муассисаҳои молӣ ва ғайри молӣ аз роҳи харидани саҳмияҳояшон ва дастгириву кӯмаки саховатмандонаи онҳо нишон дод, ки ин низом номукаммал ва нокофӣ буда, барои ҳалли мушкилоти иқтисоди ҷаҳон муносиб намебошад.

То бӯҳрон кишварҳои ғарбӣ бар кишварҳои ғайри капиталистӣ ва аз низоми коммунистӣ раҳошуда, тавассути муассисаҳои молии ҷаҳонӣ фишор меоваранд, ки дар иқтисоди хеш дахолат накунанд. Чуноне ки Маҳотир Муҳаммад, нахуствазири собиқи Малайзия изҳор дошт, ки кишварҳои ғарбӣ дар бӯҳрони молии соли 1998 дар Ҷануби Осиё, моро нагузоштанд, ки дар ҳалли бӯҳрон дахолат намоем ва ҳоло худ дахолат мекунанд.

ХУСУСИЯТҲОИ ИҚТИСОДИ ИСЛОМӢ

Кишварҳои мусалмон, аз ҷумла Тоҷикистон, бояд низоми иқтисод ва молии хоси худро дошта бошанд, ки бо дин ва фарҳанги мардуми мусалмон мутобиқат дошта бошад.

Ба назари ман низоми иқтисодӣ ва молии исломӣ муносибтар ва беҳтар барои мардуми Тоҷикистон ҳаст. Бӯҳрони молии соли 1998 дар Ҷануби Осиё ва бӯҳрони молии кунунӣ нишон дод, ки бонкҳои Исломӣ дар ин бӯҳрон зарари мустақим надиданд.

Зарари бонкҳои Исломӣ аз сабаби рукуди иқтисодӣ, ки ин бар мегардад бар кам шудани муштариён. Чуноне ки пештар зикр намудем, шариъати Исломӣ хариду фурӯши қарзро ҳаром ҳукм кардааст ва бонкҳои Исломӣ дар баргаҳо ва санадҳои қарзӣ сармоягузорӣ накарданд.

Хусусияти низоми молии Исломӣ дар он аст, ки ин низом этъимод бар асоси хидмат ва коло дар тиҷорат ва сармоягузорӣ медиҳад. Инчунин барои ҳукумат ва ташкилотҳои назораткунандаи молӣ ҳаққи назорат ва контроли бештар бар бозорҳои озодро медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки низоми молии Исломӣ аз бозори озод бо назорат ва контрол дар чаҳорчӯбаи Ислом ҳимоят менамояд. Ҳамчунин моликияти хусусиро арҷ гузошта, дар чаҳорчӯбаи зарар ва фоидаи ҷамъият сарукор мегирад. Доир ба барпо намудани баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ, низоми иқтисоди исломӣ закотро бар бойҳо фарз намудааст, ки ин барои аз байн бурдани фосила байни камбағалон ва сарватмандон мебошад.

Хусусияти дигари низоми молии исломӣ эътимод бар баробариву хидматрасонӣ ва колову маҳсулот дар таҳсиси пул барои сармоягузорӣ аст. Бонкҳои Исломӣ қарз намедиҳанд, аммо сармоягузорӣ мекунанд ё бар асоси мушорака, музорабаи Исломӣ ва ё ваколат.

Барои сармоягузорӣ дар коло ва маҳсулот муштарии бонки исломӣ коло ва маҳсулотро дар ҳол таслим менамояд ва ё пулро дертар ва ё пулро дар ҳол медиҳад ва коло ва маҳсулотро дертар мегирад.

Ва ҳамчунин муштарии бонки Исломӣ метавонад маҳсулотро бо роҳи иҷора ба даст биоварад. Изофа бар ин василаҳо, муштарии бонки исломӣ метавонад сармояи бонкро бо роҳи мушорикат, музорабаи исломӣ ва ваколат дастрас намояд.

Хусусияти сеюми бонки Исломӣ дар он аст, ки бонкҳои Исломӣ фаъолияти худро бар асоси тиҷорат дар коло ва ё маҳсулот ва хидматрасонӣ анҷом медиҳанд.

Албатта бар маҳсулот ва хидматрасонӣ, ки шариъати Ислом онро ҳаром ҳукм накарда бошад, аз қабили гӯшти гов ва тадрис. Аммо муомила бо шартномаҳои муштақот (DERI¬VATIVES) ва оянда (FUTURE), ки муомила дар хатар ҳаст, шариати Исломӣ онро ҳаром ҳукм намудааст.

Хусусияти ҷаҳоруми сохтори молии Исломӣ дар таҳрим ва ё манъ намудани хариду фурӯши ҳар навъа қарз аcт. Қарзи ноши аз муомилаи Муробаҳа (ба таври мисол) ва ё савдои коло ва маҳсулот бар меояд, фурӯхтанаш ҳаром аст.

Вақто, ки Ҷорҷ Сорос пулҳои (гарми) худро аз бозори қарзфурӯшии кишварҳои ҷанубшарқи Осиё баровард, онҳо ба буҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Бӯҳрони молии кунунӣ дар ҷаҳон сарманшааш ҳамин бозори қарзфурӯшӣ аст. Вуҷуди ин бозор як омили заифе дар иқтисоди капиталистӣ аст. Аз ин гузашта асли мусибат ва мараз дар ин низом суд ҳаст, ки иқтисодро мустаҳкам нигоҳ намедорад.

Кишваре чун Исландия муфлисшавӣ таҳдидаш менамояд ва бонкҳои бузург, ки 150 сол умр дидаанд (мисли LEHMAN BRO¬THERS), дар ин бӯҳрони молии кунунӣ муфлис шуданд, аммо сохтори молии Исломӣ бонкҳои Исломиро аз муфлисшавӣ эмин дошт. Чаро?

Чунки низоми молии исломӣ хариду фурӯши қарзро ва муомилоти бозори муштақот ва ояндаро ҳаром ҳукм намудааст. Устувории бонкҳои Исломӣ дар бӯҳрони молии соли 1998 ва бӯҳрони кунунии ҷаҳонӣ, кишварҳо ва муассисаҳои молии ҷаҳонӣ назири Сандуқи Пул ва Бонки Ҷаҳониро водор ба омӯзиш ва баррасии татбиқи низоми молии Исломӣ намуд.

Рӯзномаи Вашингтон Пост нақл аз собиқноиби вазири дороии Амрико дар ҳукумати Ҷ. Буш Роберт Кибет меоварад, ки донишмандон дар вазоратхонааш машғул ба омӯзиши низоми молии Исломӣ ҳастанд. Бояд ёдовар шуд ки аллакай хамин рӯзҳо Бонки марказиӣ (Миллий) Австраля ва инчунин дигар кишварҳои ғарбӣ барои баромадан аз бӯҳрони молӣ фоизи судро ба сифр коҳиш доданд, ки ин худ зимнан тасдиқ, намудани ончӣ, ки Ислом фармудаст яъне ҳаром будани суд (рибо) мебошад. Ҳадафи низоми молии исломӣ ин барои башарият саодату рафоҳияти рӯҳӣ, маънавӣ ва модди овардан аст.

ИҚТИСОДИ ИСЛОМӢ ҶАҲОНРО МЕГИРАД

Албатта ин бӯҳрони молӣ ҷойгоҳи бонкҳои исломиро дар арсаи ҷаҳон устувор месозад ва кишварҳои бештареро барои тағйири қонунҳои молии хеш барои ривоҷи низоми молии Исломӣ дар баробари низоми феълии молӣ водор месозад.

Дар ҳоле, ки кишварҳои ҳамсояи дуру наздики мо даст ба ин раванд задаанд, Тоҷикистон низ аз ин раванд набояд қафо монад. Ҷумҳурии Қазоқистон аллакай мутобиқсозии қонунҳои молии хешро бо низоми молии исломӣ ба итмом расонид ва онро порлумон ва Раисҷумҳури Қазоқистон тасвиб намуд.

Акнун дар ин кишвар сохтори молии исломӣ дар баробари сохтори молии феълӣ роиҷ аст. Ҳамчунин кишварҳои ғайри мусалмони Осиё назири Чин, Ҷопон, ва Сингапур гомҳои устуворе дар ин ҷода бардоштаанд.

Татбиқи низоми молии Исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 95% аҳолиаш мусалмонанд, боварии мардумро ба сохтори молии кишвар бештар менамояд ва дар натиҷа мардум пасандозҳои худро дар бонки исломӣ, ки тибқи дини мардум фаъолият мекунад, сармоягузорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар сабаби ҷалби сармояҳои кишварҳои исломӣ хусусан мамолики арабӣ ба иқтисоди кишвар хоҳад шуд. Бисёр кишварҳои ғарбӣ ин роҳро василае барои ҷалби сармояи кишварҳои арабӣ пеш гирифтаанд (ба мисли Бритониё).

Дар вазъияти кунунӣ, ки таҳдиди бӯҳрони ҷаҳонӣ тамоми кишварҳои саёраро фаро гирифтаст, татбиқи низоми молии исломӣ, ки як низоми бесуд аст, метавонад таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишварро коҳиш дода, дар бунёди иқтисоди нируманд нақши муҳиме дошта бошад.

Муҳамадрузи АСКАР, корманди Бонки

Имороти Исломӣ Дубай, ИМА


Муҳамадрузи АСКАР
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97