КАНОРАГИРИИ РУСИЯ ВА ПАЙМОНИ ДИФОИИ ФОРСИЗАБОНОН

Сиёсат 16.02.2009 14:07

"БОМБ"-Е, КИ ТАРКИД…

Чанд ҳафтаи охир бозори баҳсҳо перомуни чуну чарои мавзеъгирии ба зоҳир ғайримунтазира, вале дар асл маъмулӣ ва албатта дар ин мавриди хос ғайридӯстонаи Русия дар баробари Тоҷикистон гарм аст. Ҳимояти Дмитрий Медведов, раиси ҷумҳурии Русия аз сиёсати Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш дар масъалаи ниругоҳҳои Тоҷикистон ва бахусус вокуниши давлат ва матбуот ва дар умум ҷомеаи Тоҷикистон ба ин рӯйдод дар сархати ахбори доираҳои хабарӣ-сиёсии минтақа ва вобаста ба он қарор гирифта, чун як "бомби хабарӣ" тавсиф шуд.

Агар ингуна мавзеъгирии мақомоти русӣ чун бисёре аз иқдомоти маълуми онҳо дар гузашта бепосух мемонд ва вокуниши саривақтии Душанберо дар пай намедошт, ҳаргиз ин "бомб" наметаркид... ва агар ҳам "метаркид" таъсири чандоне дар бар намедошт! Кӯтоҳи сухан ин иқдомот саривақтӣ, зарурӣ ва муҳим буд, ки тавонист шӯру валвалае дар афкори умумӣ ва маҳфилҳои хабариву сиёсӣ бар по кунад.

Расидан ба худкифоии энержӣ бо таваҷҷӯҳ ба сахтии саҳлангориҳои дохилӣ ва фишорҳои берунӣ яке аз бахшҳои ормони миллӣ ва истиқлоли воқеии Тоҷикистон аст. Дар ҳамин чаҳорчӯб камина бар ин боварам, ки ҳаракатҳои охири ҷомеъаи Тоҷикистон дар дифоъ аз манофеъи миллӣ намунае аз талош дар масири худбоварӣ ва худсозӣ буд ва исбот кард, ки мешавад ва бояд бо ҳар роҳу восита аз манофеи миллӣ дифоъ кард! Яқинан идомаи ин гуна ҳаракатҳо бо риояи мантиқ ва тадбир метавонад ақибмондагиҳо, худбохтанҳо ва худшиканиҳои гузаштаи дуру наздики моро ҷуброн кунад.

Бар пояи ин матолиб мехоҳем рӯи як асл ва воқеият таъкиди хос кунем. Барои мо муҳим аст, ки рақибон ё шарикони кишварамон вобаста ба масоили ҳассоси сиёсиву иқтисодӣ ва амниятиву низомӣ дар муқобили мо чӣ тасмимгириҳое мекунанд, аммо муҳимтар аз он, ин аст, ки перомуни ин масоил мо чӣ кор кардаем ва мекунем. Мо мехоҳем ё намехоҳем тарафҳои дахлдор дар таҳаввулоти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бар асоси манфиатҳои миллии худ даст ба кор мешаванд. Ба вижа қудратҳои бузурге чун Русияву Аврупо ва Амрико дар тӯли садаҳои охир ҳамвора нишон додаанд, ки дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ мутобиқи майл ва аҳдофи худ рафтор мекунанд ва манфиати кишварҳои хурд амсоли Тоҷикистон барояшон аҳамият надошта ва ҳамчунон нахоҳад дошт.

"ТАБАРТАҚСИМИ" САРЗАМИНИ ТОҶИКОН ВА РУСИЯИ ДӮСТ

Ҳоло ки мақомоти сиёсии Русия бар хилофи мантиқ (ҳатто худи мутахассисони русӣ иқрор кардаанд, ки бунёди ниругоҳҳо дар Тоҷикистон бар зарари Узбакистон ва дигар ҳамсоягон нест) ва ғайричашмдошти мақомоти олии Тоҷикистон аз мавқеи нобаҷои Тошканд ҳимоят карданд, бояд рӯирост ва ошкоро эълон кард, ки раҳбарони Кремл бештари вақтҳо ба суди воқеии Тоҷикистон кор накардаанд. Дар оғози қарни ХХ сиёсатмадорони болшевики рус мӯҷиби "табартақсим"-и сарзамини тоҷикон шуданд ва дар поёни ин қарн ворисони онҳо ба далелҳои гуногун нахостанд аз шӯълавар шудани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд ва бад ин тартиб ҷанг ба ин мардум таҳмил ё бор шуд. Таҳмилӣ будани ин ҷанг аз сӯи тарафҳои берунаро ахиран Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гӯшзад намуд...

Барои онҳое ҳам, ки ба даврони "хӯш"-и СССР "носталжи" доранд ва мегӯянд, агар болшевикҳо ва коммунистҳои рус набуданд, мо бечора мемондему мешудем, чанд нуктаро ёдовар мешавем:

-Ҳамон тавре, ки чанд қочоқчии бадномро наметавон бо тамоми тоҷикон ва муҳоҷирони кории ҳамхуну ҳамхон донист (коре, ки мутаассифона, расонаҳо ва ҳатто бархе сиёсатмадорони русӣ анҷом медиҳанд ва ин ҳам яке аз далелҳои ошкори ғайридӯстона будани бархӯрди онҳо бо Тоҷикистон аст) ҳисоби мардум ва мутахассисони одии русро аз ҳисоби давлатмардон ва сиёсатмадорон ва скинхедҳояшон ҷудо бояд донист. Бар ҳамин асос иззату эҳтироми мардуми одии рус, аз ҷумла ҳамватанони русзабонамон аз сӯи тоҷикон ҳифз шуда ва ҳар тоҷики суханошно тамаддуну фарҳанги асили русӣ ва намояндагони барҷастааш чун Пушкин, Толстой, Чернишевский ва Чеховро гиромӣ медорад. Ҷолиб ин ки аксари бузургмардони русӣ ба фарҳангу адаби форсӣ-исломӣ арҷ мегузоштанд. Ба унвони мисол, Лев Толстойи бузург аҳодиси Расули Акрамро фаро гирифта ва тибқи таҳқиқҳо ҳатто Чернишевский ба ҳангоми гирифторӣ дар таъқибу зиндон тарҷумаи "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсии покзодро- ин ниёи бузургамонро ба ҳамроҳ дошт. Адибони тоҷик бардоштҳои судманде аз Пушкину Есенин ва Шолохову Горкий доштаанд. Мо имрӯзиён низ бо огоҳӣ аз ишқу алоқаи Владимир Путин, нахуствазири кунунии Русия ба осори Ҳаким Умари Хайём рӯҳану маънаван шод гашта ва ифтихор кардаем. Мо тоҷикон-форсигӯёни Осиёи Миёна беш аз як қарн аст, ки бо русҳо дар як фазо зиставу нафас кашидаем ва ҳамчунон бо ҳам таомул дорем. Алоқа ва робитаи мо бо мардумони мулки Рус ба як амри табиӣ табдил шудааст ва ҳеч тарафе наметавонад ин робитаҳоро аз ҳам бигусастонад. Ин ҳама мисолҳо чун рӯшании офтобанд, ки намешавад бо доман пӯшонд, аммо чӣ метавон кард, ки гоҳо сиёсатбозиҳо фазои робитаҳоро ғуборолуд мекунанд ва боиси афсӯси ҳаводорони гармии робитаҳо мешаванд. Доманзанандагони аслии ин гуна "ғуборолудагиҳо" сиёсатмадорони моҷароҷӯ ва судҷӯ ҳастанд, ки мутаассифона, ҳар гоҳе аз худ дарак медиҳанд.

Самараи талхи ин сиёсатбозиҳост, ки моро водор мекунад, ҳама чизро бо хушбинӣ қабул накунем. Аслан ин хушбоварӣ ва содапиндорӣ ва "заъфи тоҷикона"-и мост, ки дигарон сӯйистифодаҳое дар равобит бо Тоҷикистон кардаанду мекунанд. Бадин тартиб бисёре аз чизҳоро аз даст додааему камтар ба даст овардаем.

Бар пояи ҳамин воқеият агар кӯмакҳо ва корҳои мусбати Кремл барои Тоҷикистонро дар як пилла ва зиёнҳо ва судҳояшро дар пиллаи дигари тарозу қарор диҳем, ҳатман аввалӣ сабӯктар хоҳад буд. Аз табартақсиму тағйири алифбо гирифта то тирборони баҳманмоҳи хунини 1990, ҷилавгирӣ аз миллӣ шудани Артиши Тоҷикистон дар остонаи фурӯпошии Шӯравӣ, дар аксари мавридҳо аз чанголи қонунҳои Русия раҳонида шудани қотилони муҳоҷирини кории тоҷик, қазияи сохтмони "гӯштишутурхӯрда"-и Роғун ва акнун ҳамнаво шудан бо мухолифони ин сохтмон ҳамагӣ ҳосили сиёсатҳои ғайридӯстонаи раҳбарони русӣ дар муқобили тоҷикон аст. Аслан ҳамон тавре, ки дар боло қисман ишора шуд, муносибати абарқудратҳое чун Русия дар муқобили Тоҷикистон барин кишварҳои хурд ҳеч гоҳ дӯстона набуда ва нахоҳад буд.

РУСИЯ БО ҲАМХУНҲОЯШ ҲАМ ДАР СИТЕЗ АСТ

Сиёсати Русия, ки акнун ба иддаъои давлатмардонаш гароиш ба воқеъгароӣ (прагматизм) дорад, дӯстиро ба мафҳуми воқеияш намепазирад. Дар ҳамин чаҳорчӯб аст, ки Русия ин охирҳо ҳатто бо кишварҳои ҳамнажоде чун Украина сари ситез дорад, ҳамагуна муомилотро бар асоси хостаҳои иқтисодӣ-амниятӣ ва сиёсӣ пеш мебарад ва дигар хабаре аз дӯстиву меҳрубонӣ ё "ёрии интернатсионалистӣ" нест, чӣ бирасад ба Тоҷикистон, ки бо ин кишвар ҳеч умумияти нажодӣ ва эътиқодӣ надорад ва аз ин рӯ наметавон интизори дӯстии содиқона ва дилсӯзона аз онро дошт. Оре, Русия дӯсти мо нест ва албатта набояд ҳам гуфт, ки ин дӯст набудан ба маънии душман будан аст! (Худо аз он рӯз паноҳ диҳад, ки Русия ё ҳар кишваре дигаре бо мо душман шавад!-муаллиф) Балки бояд гуфт, Русия шарик ё яке аз тарафҳои муомилаи Тоҷикистон дар раванди рушди таҳаввулот аст. Солҳои зиёде Душанбе Маскавро шарики стратегӣ меномид, аммо ин ҷуз хушбоварӣ ва тасаллои дил чизи дигаре набуд. Ё агар дақиқтар бигӯем, мақомоти тоҷик тибқи қоидаҳои мушорикати стратегӣ амал мекарданд, аммо ин қоида аз тарафи муқобил ё аслан риоя намешуд, ки намунаҳояш дар боло зикр гардид, ё агар ҳам риоя мешуд, мисли имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар Маскав ва сохти ниругоҳи Сангтӯдаи-1 бо фишорҳое болои Тоҷикистон ҳамроҳ буд. Аз онҳое, ки ба ин қисмати баҳс шак доранд, мехоҳем ин саволҳоро дар миён бигузорем, ки чаро нагузоштанд санади ниҳоии сулҳи тоҷикон дар Кобулу Теҳрон ё ҷои дигар ба имзо расад ва низ саҳмияи Сангтӯдаи-1 ба чӣ сабаб нобаробар тақсим шудааст? Чаро ирониҳо дар Сангтӯдаи -2 шароити муносибро барои Тоҷикистон дар назар гирифтанд, вале тарафи мӯҳтарами русӣ ин корро накард?

Манзур аз баёни ин матолиб ҳаргиз моҷароҷӯӣ нест, балки зикри воқеият аст. Чизе, ки миллатҳо дар роҳи пешрафт ба шиддат ниёзманди он ҳастанд. (Бемаврид нест бигӯем, ки яке аз мушкилоти доираҳои хабариву сиёсӣ моҷароҷӯӣ, якҷониба баҳо додан ва эҳсосоти бархӯрд кардан бо қазияҳо аст ва инҳо боис мешаванд, ки воқеияту ҳақиқат нагуфта боқӣ бимонад, - муаллиф).

Ба ҳар ҳол қазияи Тошканд як бори дигар нишон дод, ки Русия ба Тоҷикистон ба чашми як дӯст нигоҳ намекунад, балки чун гузашта дунболи манфиатҳояш будаву ҳаст. Бо назардошти ин матлаб ниёз аст, Тоҷикистон ҳам на бар асоси хушбиниҳои маъмулӣ, балки бар пояи ниёзҳо ва хостаҳои барҳаққи худ амал кунад. Мавзеъгирии охири мақомот ва расонаҳои Тоҷикистон ин навидро медиҳад, ки сиёсати Душанбе дар ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ усуливу мантиқӣ мешавад. Усулу мантиқ ҳукм мекунад, мо на дунболараву фармонбардори маҳзи Русия ё ҳар тарафи дигари муомила бошем ва на тарзе бархӯрд кунем, ки ҳаргуна баҳсу муомилае мубаддал ба даъвову бӯҳрон шавад.

РУСИЯ ҲАМ БА ТОҶИКИСТОН НИЁЗ ДОРАД

Бисёре аз қаламбадастон ва сиёсатмадорон, ки перомуни таҳаввулоти охир изҳори назар кардаанд, аз омилҳои фишори Русия ва Узбакистон ҳушдор додаанд. Ба ҷуз андак аз онҳо, ки мегуфтанд, Тоҷикистон ҳам ба ҳайси як кишвари соҳибистиқлол аз имконот ва фишангҳои коромад барои ҳифзи манфиатҳои худ баҳраманд аст. Аз ҷумла матлаби монанд ба назари дуввумиро нашрияи "Миллат" дар мақолаи "Вақте ошно бегона мегардад" ва коршиноси шинохта Қосим Бекмуҳаммад ва рӯзноманигор Марат Муҳаммадшоев баён доштаанд. Дар ҳамин радиф метавон ба чанд нуқта ишора кард;

1. Таҳдиди бархе доираҳо перомуни ихроҷи комили муҳоҷирини тоҷик аз Русия бепояву асос аст. Ҳамон андоза, ки Тоҷикистон ба вуҷуди муҳоҷирини кориаш дар Русия ниёз дорад, Русия низ ба ин афрод ниёзманд аст, чаро ки ин кишвар аз назари нируи кории коршоям мушкилоти хоси худро дорад ва ихроҷи ғайримантиқии муҳоҷирини корӣ иқтисодашро дучори фалаҷӣ мекунад. Аслан дар аксари кишварҳои дунё қазия ба ҳамин минвол аст, ба мисли қазияи муҳоҷирини афғонӣ дар кишварҳои ҳамсоя, туркҳо дар Олмон, муҳоҷирини африқоӣ дар Ғарб ва осиёӣ дар кишварҳои Халиҷи Форс...

2. Тоҷикистон барои Русия аз лиҳози вуҷуди пойгоҳи низомӣ ва пушти сари кишварҳои туркзабон, дар канори Чин ва низ дар хатти марз бо кишварҳои ҷануби Осиё қарор доштан дорои аҳамият аст ва ҳаргиз ҳозир ба аз даст додани манфиатҳояш дар ин ҷумҳурӣ нахоҳад шуд. Вале ҳақиқат ин аст, ки агар сиёсатҳои маълуми Кремл дар баробари Душанбе идома ёбад, ҳатман ҷойгоҳаш дучори костагӣ хоҳад шуд. Пас беҳтар аст, ки ҳукуматдорони рус аз бозии ғайриусулӣ даст бикашанд ва дунболарави сиёсатҳои Тошканд нашаванд. Сиёсатҳои пасошӯравии Узбакистон нишон дода, ки барои ҳеч кишваре шарики боэътимод нест. Инро худи сиёсатмадорони рус ҳам қабул доранд. Чунончӣ Константин Затулин, муовини раиси Думаи Давлатии Русия дар як маврид чунин гуфта буд; "Сиёсати хориҷии Ислом Каримов ноҳамвор аст ва ӯ раҳбари ғайриқобили пешбинӣ мебошад".

ҚАДАМИ НОМУБОРАКИ МАҲМУД...

Шакке нест, ки Узбакистон нақши аслӣ дар мавзеъгирии ёдшудаи Раиси ҷумҳурии Русия доштааст ва ин идомаи ҳамон раванде аст, ки Тошканд солҳост дар муқобили Душанбе дар ҳоли пиёда кардан мебошад. Асли аҳдофи дахолатҷӯёнаи сиёсатмадорони ҳамсоя бисёр фаротар аз баҳси ниругоҳҳо дар Тоҷикистон аст. Ин давлат, ки худ ба даст доштан дар ҷанги дохилии Тоҷикистон иқрор кардааст (ибораи маъруфи Каримов "на чые танки выехал..."-ро ба ёд оваред-муаллиф) ҳеч гоҳ ҳозир нашуд бархилофи тамоми ҳамсоягон мизбони музокироти сулҳи Тоҷикистон шавад, ҳамлаи сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиев ба шимоли Тоҷикистонро созмондиҳӣ кард... ва ҳанӯз ҳам аз ин қабил корҳои нописанд ва хилофи урфи ҳамсоягӣ даст накашидааст. Бо қотеъият метавон гуфт, то замоне ки Узбакистон ба Маҳмуд дар хоки худ ҷой ва имконот медиҳад, наметавон мутмаин буд, ки Тошканд аз ҳар иқдоме ҳатто хатарнок даст мекашад. Дар ҳамин замина бархе ҳадсу гумонҳо низ вуҷуд дорад, ки Медведов ва Каримов бо ибтикори охири сӯҳбатҳои пасипардагие беш аз ончи ифшо шуд, доштаанд. Албатта умедворем, зиндагии садсолаҳо мусолиматомези мардуми тоҷику узбак заминаи ин итминонро фароҳам кунад, ки мақомоти Тошканд ҷанҷоли амсоли шӯриши Худойбердиевро такрор накунанд. Вале агар худои нахоста ҳам даст ба моҷароҷӯии хатарнок зананд, бояд бидонанд тирашон хок хоҳад хӯрд! Зеро аз як сӯ таҷрубаи ҷаҳони навин нишон дода, ки ҳеҷ қазияе роҳи ҳалли низомӣ надорад ва аз сӯи дигар шикасти соли 1998-и Маҳмуд бояд барои сиёсатмадорони ҳамҷавор сабақ шуда бошад. Ба дигар маънӣ Маҳмудҳо меоянду мераванд ва ин милаттҳоянд, ки мемонанд ва онҳо агар ирода кунанд, ҳар сангу сангандозеро аз сари роҳи урфи инсонӣ ва ҳамсоягиву ҳамзистӣ дур хоҳанд кард!

ПАЙМОНИ ДИФОИИ ФОРСИЗАБОНОН

Зоҳиран бо сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав иғвои Тошканд камасартар шуд, вале ҳанӯз наметавон аз поёни ин раванди ногувор сӯҳбат кард. Шояд чунин ҳаракатҳое дар оянда низ такрор ва заминасози моҷароҷӯиҳои тоза шавад. Ба назари нигоранда ду омил метавонад пеши роҳи ҳаргуна моҷарои эҳтимолӣ аз сӯи рақибонро бигирад ва тавони муқовимати Тоҷикистон дар баробари ин гуна сангандозиҳоро афзоиш диҳад:

1. Пайгирии содиқонаи барномаи ваҳдати миллӣ аз сӯи давлат ва аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ. (Ин мавзӯи ҳаётиро агар имкон шавад, дар оянда бештар тавзеҳ хоҳем дод, - муаллиф).

2. Тақвияти ҳамбастагиҳо ва робитаҳо бо кишварҳо ва ҷомеаҳои бо мо аз лиҳози динӣ, забонӣ, торихӣ, фарҳангӣ ҳамгуну ҳамхон ё ба иборати возеҳтар ҷаҳони форсӣ ва исломӣ. Ин раванд хушбахтона оғоз шудааст ва дар ҳоли расидан ба сатҳи болотар буда ва ҳатто масоили амниятиву дифоиро низ дар бар гирифтааст. Ҳамин масъала дар сӯҳбати охири телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раисони Ҷумҳурии Тоҷикистону Ирон дар рӯзҳои бӯҳронии моҷарои Тошканд бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба бовари соҳибназарон раванд метавонад то марҳалаи имзои паймони дифои миёни кишварҳои форсизабон пеш равад. Замина, далел, зарурат ва фоидаҳои ингуна ҳампаймонӣ, дар ҳоле ки ҷаҳон ва минтақа ҳар лаҳза метавонад обастани таҳаввулоти ғайрипешбинишуда бошад, вуҷуд дорад. Ирон аз лиҳози дифоӣ ба сатҳи болои илмӣ, иқтисодӣ ва дифоӣ расида (охирин намунааш партоби сафинаи "Умед" буд, -муаллиф) ва метавонад ба ҳамкешони тоҷику афғонаш кӯмак расонад. Амалӣ гаштани ингуна ҳамкориҳо дар айни ҳол таъминкунандаи амнияти тарҳҳои бузурги иқтисодии 3 кишвар, аз ҷумла роҳи заминӣ ва оҳани муштараки Тоҷикистону Ирон аз тариқи Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди маводи мухаддир ва терроризм хоҳад буд. Чунин тарҳе ҳаргиз наметавонад бар зидди тарафи дигаре равона бошад, чун оини форсӣ-исломӣ ба дифоъу муқовимат таъкид карда, лашкаркашиву гарданшиканиро нораво медонад.

Албатта ҳаргуна ҳамкории амниятӣ- дифоии форсизабонон ҳассосиятҳои эҳтимолии тарафҳои дигар аз ҷумла Русия ва Ғарбро ба вуҷуд хоҳад овард. Дар мавриди Амрико ва ҳампаймононаш бояд гуфт, барномаи ҳастаии Ирон, истиқлолталабиҳои Амрикои Лотин ва бӯҳрони Афғонистон, Ироқ ва Фаластину Лубнон собит кард, ки дахолатҳои низомии онҳо дигар наметавонанд дар иродаи миллатҳои худбовар таъсиргузор бошад. Аммо Русия ва Ирон таомулоте бо ҳам доранд, ки ин таомулот то ҷое (аз ҷумла дар созишномаи сулҳ ва ниругоҳҳо) ба суди Тоҷикистон низ будааст.

Рӯшан аст, ки давлатҳо замоне барои густариши ҳамкориҳои низомӣ-дифоӣ барномарезӣ мекунанд, ки дар дигар бахшҳо роҳҳои лозимро тай карда бошанд. Хурсандибахш аст, ки кишварҳои форсизабон бахусус Ирону Тоҷикистон ба лутфи Худо анқариб дар тамоми заминаҳо ҳамкориҳо ва ҳамёриҳои худро ба роҳ мондаанд, ки ҳафтае нест хабари хуше аз ин раванд дастрас нашавад. Аммо бояд зикр кард, таъми ин ҳамбастагиҳо ба коми мо ҳамзабононон замоне ширин хоҳад шуд, ки ҳамгироиҳо ва ҳамбастагиҳо мутақобил бошад. Ба қавли Ҳасани Биҳиштипур, таҳлилгари барҷастаи иронӣ: "Равобити Теҳрон-Душанбе тавре бояд дунбол шавад, ки ҳама чиз самимонаву баробар бошад ва эҳсоси "бародари бузургу бародари кӯчак" буруз накунад. Чун густариши равобит ба суди ҳарду кишвар ва тамоми форсигӯёни олам аст".

Бар пояи ин таъкид умедворем давлатмардону қонунгузорон ва коршиносону мутахассисони ҳарду тараф тадбирҳое хоҳанд андешид, ки заминаи бурузи эҳтимолии ҳаргуна эҳсосоти номатлубро, ки бадхоҳони тамаддуни форсӣ-исломӣ дар паяш ҳастанд, аз байн бибаранд.

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Дар баҳси дифоӣ, ин матлабро ҳам илова кунем, ки тақвияти чунин ҳамкориҳо тавони тасмимгирии кишварҳои ҳамзабонро боло хоҳад бурд ва рақибону шариконро водор ба андешидан ва даст нигоҳ доштан аз ҳаргуна нияти нораво хоҳад кард. Ба ҳар ҳол агар ин воқиятро ба назар бигирем, ки тамаддуни форсӣ аз ҳар сӯ мавриди ҳамла қарор гирифтааст (ҳарчанд ки ин раванд, агар ҳузури нируҳои ғарбиро дар Афғонистон сарфи назар бикунем. -муаллиф) хушбахтона ба ҳадди низомӣ нарасидааст ва фақат шомили фишорҳои таблиғотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ шудааст. - муаллиф), беҳтарин дастурамал метавонад ҳамон мақоли "илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ" бошад.


Ҳошими ХОЛЗОДА
махсус барои "Миллат"
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97