КӢ БОЯД ВАЗИФА БИГИРАД?! БАР ҲУКУМАТИ МО ОФАРИН! пас кай мешавад мулки мо нозанин

Сиёсат 12.01.2009 14:05

САРВАЗИРӢ ВАЗИФАИ ИФТИХОРӢ НЕСТ

Ибтидои ҳар соли ҷадиди милодӣ барои давлатмардони мо давраи санҷиши бузург ва ҳисобот додан аз кори анҷомдодаи хеш тайи як соли фаъолияташон маҳсуб меёбад. Раиси ҷумҳури кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба хотири пешрафти кишвари азизамон афродеро ба мансабҳои муҳимми давлативу ҳукуматӣ таъин менамояд. Вале боз ҳам мебинем, ки саркору пешкори ҳама иқдомоту пешрафтҳои кишвар худи шахси президент аст.

Мақоми сарвазир яке аз мансабҳои калидӣ дар Ҳукумат бояд бошад ва тайи қариб 10 соли ахир ин вазифа бар дӯши Оқил Оқилов вогузор шудаааст. Оқил Оқилов мансабдорест, ки тайи тамоми сарвазириаш мо наметавонем ном бубарем, ки фалон иқдом ё кору чорабиние маҳз бо ташаббуси ӯ пешниҳод ё амалӣ шуда бошад. Ба назари мо чунин менамояд, ки сарвазир будан дар Тоҷикистон аз як мансаби ифтихорие доштан беш нест, вале дар асл чунин нест. Сарвазир воқеъан мансаби баланд аст ва он чаҳорум мансабдори баландпояи кишвар баъди раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси Маҷлиси намояндагон аст. Ҳама мушкил дар он аст, ки ин мансабро Оқил Оқилов, як фарде кунду карахт чанд сол боз банд кардааст.

АГАР ҒУЛОМОВ САРВАЗИР МЕБУД…

Аслан тақсимоти мансабҳои олӣ аз рӯи меъёри қаноат додани маҳалҳо набояд сурат бигирад. Аз кори Оқил Оқилов дида ба назари мо талошу кӯшишҳои муовини аввали ӯ Асадулло Ғуломов чашмрастар буд. Заҳмати муовини аввали Оқилов дар ободкориҳои шаҳри Кӯлоб ва умуман ин минтақа бойиси қадр аст. Ман худ шоҳид будам, ки ҳарфи сарвазир ё муовинаш дар ҷаласоти дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа бо масъулини вилояти Хатлон баргузор шуда таъсирбахштар буд. Бешак аз Асадулло Ғуломов! Бовар дорам агар тайи ҳамин се- чор соли ахир Ғуломов сарвазир мебуданд, пешрафтҳо зиёдтар мешуд.

РУСИЯРО ЗОДАГОНИ ПИТЕР САРВАРӢ ДОРАНД

Чаро дар Русияи абарқудрат, ки давлатдориаш барои мо ҳамеша намуна қарор мегирад ҳам раҳбари давлат, ҳам сарвазир ва ҳам раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролӣ ҳама зодагони як шаҳр- Санкт- Петербурганд ва касе ин даъворо пеш намеорад, ки мансабҳои олии давлатиро намояндагони як маҳал банд кардаанд. Ва дар ҳукумати ин кишвар вазирони зиёде ҳам аҳли Питеранд ва аз шумори ошноҳо ва шарикдарсони Путин ҳастанд. Вале, бубинед, ки он ҷо кори ҳукумат пешрав ва рӯзгори мардумаш рӯз то рӯз дар ҳоли беҳбуд аст. Пас чаро дар мо ҳам чунин набошад. Бигузор мансабҳои калидӣ дар дасти зодагони як маҳал бошанд, вале зиндагӣ хуб шаваду рӯзгори мардум боло равад. Ба замми ин бо ҳамин восита дарди маҳалгароии мо даво меёбад.

МАҲАЛ МУҲИМ НЕСТ

Агар дар тақдири ман боре ба сари қудрат расидан ва раҳбари давлат будан насиб мебуд, ман ҳатман ҳамин корро мекардам. Ва ҳама ҳукуматамро аз афроди кордону ташаббускор, масъулиятшиносу ғамшарики мардум ва аз ҷумлаи содиқини хеш таъсис медодам. Муҳим он нест, ки ин ё он маҳалро қаноат бидиҳем ва бигӯем, ки мана аз ҷойҳои шумо ҳам вазиру раис ҳаст. На. Зарур он аст, ки маҳалу минтақаҳоро баробар обод созем.

Аз сӯи дигар, мо низоми ҷумҳуриро дар Қонуни асосии худ қабул кардааем. Ва шарти низоми ҷумҳурӣ ва раёсати ҷумҳурӣ интихоботи озод аст. Критерияи маҳалро ба назар гирифтан, ки ин мансаб бояд аз фалон ҷо ва инаш аз ҷои дигар бошад, нақзи низоми ҷумҳурӣ ва идораи раёсатӣ аст.

ҚОСИМ ҚОСИМОВ БО ПАХТА ЧӢ КАРД?

Соҳаи кишоварзӣ барои Тоҷикистон як соҳаи муфид ва даромаднок ҳисоб меёбад. Чун аксари нуфуси кишвар дар деҳот ба сар мебарад, мусаллам аст, ки барои мардум замин ягона манбаъи рӯзгузаронӣ мебошад.

Дар ибтидои соли гузашта президент ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, ду тан аз афроди шинохта ва дар симмати роҳбарӣ таҷрибадор Муродалӣ Алимардонро муовини сарвазир оид ба соҳаи зироат ва кишту кор ва Қосим Қосимовро вазири кишоварзӣ таъин намуд. Ин таъинот барои мардум низ хеле хуш омад, зеро касоне, ки масъулияти соҳаи кишоварзиро ба зимма гирифтанд аз зумраи мансабдорони шинохта ва то ҷое сарватманд ҳам ҳисоб мешаванд. Ва умед буд, ки бо таҷриба ва воситаҳои дар ихтиёр дошта афроди баландпояи соҳа кишвари мо метавонад дар соҳаи кишоварзӣ ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардад. Мутаассифона умеди мардум то ҷое, ки онро чашмдор буд, бароварда нашуд. Ҳарчанд ҳосили пахта хуб ва вазъи иқлим мусоид ҳам буд, вале нақшаи ҷамъоварии пахта назар ба соли гузашта 16% камтар шуд. Дастовардҳо дар дигар соҳоти кишоварзӣ низ мувофиқи матлаб нестанд. Пас метавон хулоса кард, ки Муродалӣ Алимардон ва Қосим Қосимов умеди президент ва мардумро то ҷое, ки мебойист ва зарур буд бароварда натавонистанд. Зимни як сӯҳбат бо "Миллат" яке аз мутахассисони соҳа ва дар собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон бо таассуф изҳор намуд, ки бо ин гуна пахтакориву парвариши зироат ба нишондодҳои назаррас муваффақ шудан душвор аст. Чун ба заминҳои пахта менигарам, - гуфт мусоҳиби мо, - мебинам, ки пахтаи бо ранҷ парвардаи марди деҳқонро гову гӯсфанд зер кардааст.

МАРДУМ ВАЗИРОНАШРО НАМЕШИНОСАД

Мо дар ҳайати ҳукумат вазироне дорем, ки мардум ҳатто номи эшонро намедонанд. Дар моҳи майи соли 2008 "Миллат" зери унвони Вазиру раиси пуркору камкори Тоҷикистон кист? назархоҳиеро анҷом дод, ки аксари пурсидашудагон ному насаби бархе аз вазирони кишварро бори аввал мешуниданд. Пурсидашудагон аз ҳайати ҳукумати Русия то ҳафт- ҳашт нафар вазирро ном мебаранд, вале дар гуфтани номи вазирони кишвари худ оҷизӣ мекашанд. Шояд ин ноогаҳии мардумро як сабаби дигар он бошад, ки матбуоти мо ба хусус шабакаҳои телевизионии кишварамон аз фаъолияти ин ё он вазир барои мардум камтар хабар медиҳанд. Ба ҳар сурат вазирони мӯҳтарами моро низ зарур аст, ки бо расонаҳои хабарӣ дар иртиботи зичу доимӣ бошанд.

ШИНОХТАҲО ҲАМ ҲАСТАНД

Натиҷаи райъпурсии "Миллат" нишон дод, ки мардум аз фаъолияти вазироне чун Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа, Муҳаммадназар Солиҳов, вазири умури дохила, Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, Гул Шералӣ, вазири саноат ва энергетика, Муродалӣ Алимардон ва Руқия Қурбонова, муовинони сарвазир ва аз кори раисоне чун Асадулло Раҳмонов, раиси кумитаи радио ва телевизион, Хайриниссо Мавлонова, раиси кумитаи кор бо занон ва оила, Амонуллоҳи Ҳукуматулло, раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" огоҳ ҳастанд. Ин огаҳии мардум далели он нест, ки онҳо ба фаъолият ва корҳои анҷомдодаи вазирону раисони кишвар баҳои мусбат гузошта бошанд, вале ба ҳар сурат ҷомеъа медонад, ки дар ҳайати ҳукумати кишвар ҳамчунин вазиру раисе ҳаст.

МАНСАБИ МУОВИНИ САРВАЗИР ЗАРУР АСТ?

Албатта тағйирот ворид кардан ба сохтори ҳукумат дар салоҳияти сарвари давлат аст, вале зарур медонам бигӯям, ки чун соҳаи маъориф, илм ва фарҳанг аз соҳоти муҳими давлатӣ дар шароити феълӣ маҳсуб меёбанд, бояд зери назорати бевоситаи президент қарор дошта бошанд, яъне мақоми он муовини сарвазир, ки ба назорати фаъолияти вазирони ин соҳот сару кор дорад, барҳам дода шавад. Ҳамчунин ба андешаи ман сарварии як чунин самти муҳимро ҳамеша ба ӯҳдаи бонувон гузоштан ва аз ҳисоби ҷинси латиф (аз рӯйи квота) таъин намудани муовини сарвазир, ки хеле заҳмати душвор дорад, чандон қобили қабул нест.

КӢ БОЯД САРВАЗИР ШАВАД?

Ва пешниҳод доштам, ки ба сарвазир имтиёзи бештар дода шавад, ба хусус дар самти назорат аз болои фаъолияти вазирони маъориф ва фарҳанг. Ва сарвазир низ аз зумраи мардони боҷасорат, кордон ва ташаббускору масъулиятшинос таъин гардад. Сарвазири як кишвар бояд нафаре таъин шавад, ки он битавонад воқеъан сару саркори вазирон бошад. Чунин ашхос хушбахтона дар ҳукумати кишвар ҳастанд ва эшон метавонанд бо истифода аз дониш ва нуфузу обрӯи хеш ба ин мақом ҳусни тоза бубахшанд ва кори ҳукуматро чашмгиртар созанд.

ПРИМАКОВ БЕҲТАРИН САРВАЗИР БУД

Ба хотир биёред вазъи Русияро дар соли 1998, ки чун сарвазир Сергей Кириенко аз мақомаш барканор шуд, вакилони Думаи давлатӣ тайи ним моҳ натавонистанд як номзади шойистаеро ба симмати сарвазир таъин намоянд. Ва мушкили ҳамаро раиси ҳизби ЯБЛОКО Григорий Явлинский осон кард. Ӯ пешниҳод намуд, ки номзадии вазири умури хориҷа Евгений Примаков ба вазифаи сарвазир муҳокима шавад. Ва гузашти вақт нишон дод, ки Евгений Максимович беҳтарин ва муваффақтарин сарвазири ин кишвар будааст. Истифода аз ин таҷриба барои кишвари мо ҳам фикр мекунам, муфид аст.

ВАЗИРОНИ СОБИҚАДОР ВА ДАРОЗУМР

Иддае аз вазирону раисони кишвар қариб тамоми даврони соҳибистиқлолӣ, ба хусус тайи даҳ соли ахир такя бар курсиҳои мулоими вазоратхонаву кумитаҳо зада, ҳеч дар хаёли вақтҳои наздик низ тарк гуфтани мансаб ва ҷои хешро ба ақлҳои тозаву кадрҳои навандеш супурданро ҳам надоранд. Масалан афроде чун Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия, Ғулом Бобозода, вазири иқтисод ва савдо, аз ҳамин зумраанд. Хидмати эшон дар пешрафти соҳоти мухталифи кишвар албатта бойиси қадрдонӣ ва ситоиш аст, вале қудрату тавон ва захираи зеҳниву ақлонии як фард наметавонад чунон бошад, ки ӯ солҳои тӯлонӣ битавонад иқдомоту ташаббусҳои ҳар замон навро тавлид ва пиёда созад. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки давлати мо бояд аз ҳисоби ҷавонони дар симмати сарварӣ ва дар тиҷорату соҳибкорӣ муваффақ буда, кадрҳои беҳтаринашро гулчин намуда, барои сарварии вазоратҳои иқтисод, савдо, андоз, гумрук, кумитаи амвол ва ғайра пешниҳод намояд.

ВАЗИРОНИ КУТОҲУМР ВА ЗУДИВАЗШАВАНДА

Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз зумраи он вазорату кумитаҳое мебошанд, ки ҳар сол маҳз тағйироти кадрии солонаи ҳукмат рӯйи сарварони он қарор мегирад. Масалан, дар ҳоле ки пинаки вазирони дастнорас ва дарозумри ҳукумати мо бо вуҷуди камбудҳои ҳангуфт рӯйи курсиҳои мулоим халалдор намешуд, таҳо дар Вазорати фарҳанг 5 вазир иваз гардид. Мо мебинем, ки кори ин соҳа нисбат ба фаъолияти дигар вазорату кумитаҳо пешрафт кардааст ва шояд иваз шудани сарварон маҳз ба ин сабаб шудааст.

Аммо дуруст ҳам нест, ки вақте кори як вазир пешрафт мекунад, маҳз ӯро бояд аз вазифа барканор кард. Масалан, вазири фарҳанг ҷаноби Мирзошоҳрух Асрорӣ аз зумраи дастрастарин вазирони кишвар буд, ки дар дарёфти иттилооти зарурӣ аз ин вазорат рӯзноманигорон қариб, ки ҳеч мушкилоте надоштанд. Ҳамчунин барномаҳои муҳимми фарҳангӣ маҳз дар ҳамин давра тарҳрезӣ ва бархе ҳам амалӣ шуданд. Эълом шудани Соли Имоми Аъзамро метавон аз дастовардҳои муҳимми ин давра унвон кард. Умед аст, ки имсол тағйироти кадрӣ рӯйи ин вазоратхона қарор намегирад.

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ВА КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН; 2+2=4

Пешниҳоди ин ҷониб он аст, ки нигоҳи давлат ба фаъолияти вазорати фарҳанг бояд бознигарӣ шавад. Фарҳанг, ки як шохаи азими зиндагии мардуми мо аст, имрӯз танҳо бо рақсу суруд натиҷагирӣ мешавад. Бояд соҳаи туризм ва саёҳӣ, толорҳои синамоӣ ва дигар иншооти фарҳангӣ дигарбора дар тобеъияти вазорати фарҳанг вогузор шавад.

Кумитаи кор ба занон ва оила ба вазорати кор бо занон, ҷавонон ва кӯдакон табдил шавад ва самти фаъолияти ин ниҳод кулан дигар гардад ва маблағҳои ба хазинаи хайрия воридшаванда ва ҳамчунин кӯмакҳои дар ин самт дарёфткардаи давлат ба ихтиёри ин вазорат гузошта шавад. Сохтори вазорати нақлиёт ва коммуникатсия низ бояд бознигарӣ шавад, зеро натиҷаи фаъолияти ду солаи ин ниҳод нишон додаст, ки ҳамҷоя шудани ин ду бахш фаъолияти пурсамари ҳар ду соҳаи муҳимро зери суол бурдааст.

МО ЗИЁД КАДРҲОИ ХУБ ДОРЕМ

Президент бояд аз ҷасорату обрӯе, ки имрӯз дорад истифода карда ба вазифаҳои масъули давлативу ҳукуматӣ афроди донишвару ташаббускор, дилсӯзи миллат ва шойистаро сари кор биёрад. Албатта имрӯз дигар муҳим нест, ки ин ё он вазиру раис зодаи кадом маҳалу минтақаи Тоҷикистон ҳастанд, муҳим он аст, ки фарзанди фарзонаву содиқи ин ватан бошанд, ба забону фарҳанги хеш қадрдон ва ба рушду нумӯъи ин миллату ватан хайрхоҳу ҷоннисор бошанд. Кадрҳои хуб ва лаёқату истеъдоди сарварӣ дошта дар миёни зодагони ҳама маҳалоти Тоҷикистон ҳастанд, онҳоро ёфтану қадр кардан вазифаи давлат аст.


Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97