ИНҚИЛОБИ ЗАБОН

Фарҳанг ва адаб 24.07.2008 20:17
Лутфи Офаридгор буд, ки тоҷикон истиқлоли миллии хешро ройгон соҳиб шуданд. Равшан аст, ки барои ба даст овардани ин неъмати бузург муборизаҳои шадид ва тӯлоние лозим аст, ки дар ин набардҳо хуни садҳо тан рехта мешавад, бадбахтиҳои гӯшношуниде ба сари миллат сарозер мегардад. Афғонистону Ҳиндустон садсолаҳо мубориза бурданд, то таҷовузгарони инглисро аз хоки сарзаминашон дур афканданд ва соҳибдавлат шуданд. Миллати курд, ки яке аз қабилаҳои бузурги ориёист ва дар курраи замин паҳн шуда, дорои беш аз шаст миллион аҳолӣ аст, то имрӯз наметавонад истиқлолияти хешро ба даст орад ва ҳарчанд дар ин замина муборизаҳои шадиде мебарад.

Бо пирӯзии инқилоби Октябр ҷумҳуриҳои шуравӣ таъсис ёфт, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи яке аз онҳо буд. Инқилоби Сурх тоҷиконро дар харитаи сиёсӣ номнавис кард ва сарзамини кӯчакеро дар манотиқи кӯҳистон барояш мӯайян намуд. Ин як воқеаи муҳиму сарнавиштсозе буд, ки тақдири миллати тоҷикро ҳал кард ва аз таҳти таъсири қавмҳои турк ба андозае раҳоӣ ёфт.

Сиёсати режими 73 солаи коммунистҳо омезиши тамаддуну фарҳанги миллатҳо буд ва дар ин замина забон ва соири муқаддасоти миллатҳои хурд бо тамаддуну фарҳанги "миллати бузург" махлут мегардид, ки мо солҳои тӯлонӣ самараҳои талхи онро чашидем. Хат ва алифбоеро, ки аз ниёкони худ мерос гирифта будем, бо тағйир бо алифбои лотиниву кириллӣ аз даст додем. Фарҳангу адабиёти бегона иҷборан сари мо таҳмил мегардид ва адабиёту мероси аслии худро анқариб ба дасти фаромӯшӣ супурда будем. Забони русӣ, забони расмии коргузорӣ эълон шуда буд ва онҳое, ки дар макотиби миёнаву олии русӣ таҳсил мекарданд, аз имтиёзҳои бештаре бархурдор буданд ва дар раъси кадрҳои роҳбарикунанда қарор мегирифтанд. Роҳбарони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Абдулло Раҳимбоеви хоин (дар ин бора муаррихон зиёд навиштаанд ва чеҳраи сиёҳи ин шахсият барои мо маълум аст) то Раҳмон Набиев ба хотири курсӣ ба ҳамагуна талаботи Москов лабайк мегуфтанд ва дастуру фармонҳои болоро бечуну чаро иҷро мекарданд. Дар сурате, ки ҷамоҳири Қафқоз ва соҳили Прибалтика баракс асолатҳои миллии хешро бо пофишориҳои зиёд ҳифз мекарданд ва забону хати миллиашонро пойдор нигоҳ медоштанд.

Фарзандони фарзонаи миллат чун устоди бузург Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғаффуров бо навиштани рисолаҳои илмии худ оид ба забону адабиёти тоҷик ва фарҳанги оламшумули он, Маскав ва роҳбарони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мӯътақид месохтанд ва бо пофишориҳои зиёд тавонистанд тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди миллатро ҳифз намоянд.

Бо ин ҳама, ба забон ва тамаддуни мо таҷовузҳо, қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳои нобахшудание сурат мегирифт ва як муҳити носолиме эҷод гардида буд. Тавтиаҳои душманони миллат ҳамеша ба як сурат набуд, аз шеваҳои мухталиф истифода мекарданд, то огоҳии миллиро нобуд созанд. Бо баҳонаҷӯиҳои зиёд аҳли илму адабро, ки ба хотири пойдории забон лаб во мекушоданд, айбдор мекарданд, аз кор меронданд ва дар рӯйхатҳои "сиёҳ"-и худ сабт менамуданд. Агар сиёсати пантуркистҳо ҷисман аз байн бурдани аҳли зиё буд, коммунистҳо ва коммунистмаобҳо талош мекарданд дар омехтасозии фарҳангу тамаддунҳо саҳми фаъоле бигиранд ва худро назди хоҷагонашон вафодору содиқ нишон бидиҳанд. Дар ҷаласаи ҳизбие, ки фарзанди Раҳмон Набиев собиқ муншии аввали Кумитаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Рашид Набиев бояд ба суфуфи Ҳизби Коммунист дохил мешуд, аз тарафи устоди факултаи шарқшиносӣ Файзуллоев эътироз баён шуд, ки чаро маҷлис ба забони русӣ гузаронида мешавад, дар ҳоле ки ҳамагӣ тоҷикем. Дар маҷлис муншии ҳизбии донишгоҳ иштирок дошт ва дарҳол ӯро ба миллатгароӣ мутаҳам сохт ва масъалаи хориҷ намуданашро аз суфуфи ҳизб ба миён гузошт. Устоди забони арабӣ на танҳо аз ҳизб хориҷ гардид, балки дигар ба ӯ имконият надоданд, то аз забони арабӣ ба донишҷӯён дарс бигӯяд. Касе ба пуштибонияш барнахост ва ӯ маҷбур шуд факултаро тарк гӯяд. Ин воқеа зуд дар факулта пахш гардид, устодону донишҷӯён ин масъаларо байни худ муҳокима мекарданд ва касе аз тарси он, ки ба рӯйхати "сиёҳ" шомил нашавад, садо баланд намекард.

Худогоҳӣ ва хештаншиносии миллат аз солҳои 80-ум қарни гузашта оғоз гардид. Аҳли илму адаб дигар хомӯш нишастанро гуноҳи азим медонистанд. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо хабару мақолаҳое оид ба забону адаби тоҷик интишор меёфт. Ҳунармандону овозхонҳо барномаву намоишҳое, ки хусусияти миллӣ доштанд, ба маърази намоиш мегузоштанд. Ташвиқу тарғиби забони тоҷикӣ беш аз пеш вусъат меёфт. Ба якборагӣ бархостани равшанфикрон ва аҳли илму адаб сабабҳои зиёде дошт.

Шаҳри Душанбе, ки пойтахти ватани азизамон аст, аз худ бӯи тоҷикона намедод. Сӯҳбатҳои кӯчагӣ, расмӣ ва ҷаласаву ҷашнҳое, ки доир мегардид, бо забони русӣ сурат мегирифт. Дар троллейбусу автобусҳо, ки воситаи асосии ҳамлу нақли мусофирон буд, банохост касе ба забони тоҷикӣ ҳарф мезад, русзабонҳо сару садо баланд мекарданд ва мегуфтанд: "-хватит ругатся…" Тоҷикзабонҳо ҳама хомӯш буданд. Дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Абӯали ибни Сино, ки ақлҳои миллат ширкат доштанд, намояндаи кумитаи ҳизби коммунист бо русӣ суханронӣ кард ва Синоро фарзанди шарқ хонд ва ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Пас аз хатми маросим чашмам ба шодравон Назира Қаҳҳорова устоди адабиёти клоссики форсу тоҷик, ки дар факултаи филологияи тоҷик дарс мегуфт уфтод, ки оби чашмонашро пок мекард. Наздаш рафтам, матлабамро фаҳмид, дасташро рӯи китфам гузошт ва бо садои дардолуд гуфт: - Марг беҳтар аз он аст, ки забонатро гум мекунӣ ва тақдирашро ба дасти бегонае месупорӣ.

Мақолаҳои илмӣ ва пурмуҳтавое, ки миллатро ба хештаншиносӣ ва худогоҳӣ даъват мекард, дар сафаҳоти рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ интишор мегардид. Мақолаи "Таърих гувоҳ аст", - Р. Мусулмониён, С. Қодирӣ, "То ба кай об аз таги ях меравад", Мирбобо Мирраҳим, "Ҳам дар наълу ҳам дар пошна", - Одили Исломӣ ва дигарон алангае буд, ки хомӯш карданаш амри маҳол буд. Шеъри маъруфи устод Бозор Собир "Забони Модарӣ" ба суруди миллӣ табдил ёфта буд. Гулрухсори Сафӣ, Лоиқ Шералӣ, Фарзона, Мӯъмин Қаноат ва дигарон бо ашъори баландпоя забону фарҳанги форсиро васф менамуданд. Аз ҳукумат тақозо доштанд, то забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ ва коргузорӣ эълон гардад. Гирдиҳамоиву намоишҳо, конфронсу нишастҳое, ки сурат мегирифт танҳо ба хотири ҳамин забон буд. Аҳли адаб, равшанфикрон ва уламо ба ҳукумати вақти каммунист фишор меоварданд ва қабули қонунро оид ба забон тақозо менамуданд.

Режими коммунистӣ бо сарварии Қ. Маҳкамов ва П. Лучинский бо ҳар василае қабули чунин як қонунро маътал мекарданд ва дасисаву тавтиаҳои тозае эҷод менамуданд. Русзабонҳоро алайҳи миллат муқобил мегузоштанд ва бо ин роҳу васила тавонистанд хуни мардуми бегуноҳро резонанд ва бо ном "миллатгароёнро" мутаҳам намоянд. Хушбахтона, миллати ҳушёргардида асири доми режим нагашт ва 22 июли соли 1989 қонун "Дар бораи забони тоҷикӣ" қабул гардид.

Мутаассифона, бо қабули қонун тағйироте ба амал наомад. Забони тоҷикӣ ҳамоно забони кӯчагӣ буд ва коргузориву муошират ба забони русӣ сурат мегирифт. Роҳбарияти онвақта бо баҳонаи ин ки маблағ нест, тавтиаҳои тозае эҷод мекарданд ва бо ҳар роҳу васила ба расмиёт даровардани забонро ба таъхир меандохтанд. Дар ин амр туркгароёни муосир, ки тоза вориди саҳна мегардиданд, ба режим кӯмак мекарданд ва бо истилоҳҳои тоза "форсича", "дарича", "иронча" (манзурашон забони форсӣ - дарӣ буд) миллатро гунаҳкор мекарданд, ки забони "бегонаеро" қабул мекунанд. Албатта, барои Маҳкамову Лучинский (ҳамон Лучинские, ки бо ба маснади раиси ҷумҳурии Молдова нишастан аввалин коре, ки кард, мақоми забони молдоваро боло бурд ва забони давлатӣ эълон кард.) забони тоҷикӣ аҳамияте надошт ва ҳиҷ вақте бо ин забон ҳарф ҳам намезаданд ва ин забон барояшон арзише ҳам надошт. Шоир хеле хуб гуфтааст:

Гавҳарфурӯши маънӣ ҳар хирасар набошад,

Ҷои гуҳарфурӯшӣ, бозори хар набошад.

Умеде ба кӯмаки ҳукумат намонда буд. Ақлҳои миллат ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мерафтанд, аз мардум кӯмакҳои пулӣ мехостанд, ки дар ин замина муваффақ ҳам шуданд. Мардум бо камоли хурсандӣ ба суратҳисоби тозатаъсисёфтаи забони тоҷикӣ маблағҳои худро интиқол медоданд. Ин дар ҳоле буд, ки Иттиҳоди Шуравӣ ба бӯҳрони азими иқтисодиву сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва таварруми пул дар саросари кишвар боло мерафт. Кумитаи тоза таъсисёфтаи забон кори аз дасташ меомадаро иҷро мекард, чандин санаду дастурҳое таҳия гардид ва шароит фароҳам овард, то забони тоҷикӣ мавқеи худро пайдо намояд. Ҳамон Ироне, ки роҳбарони вақти Тоҷикистон бегонааш мехонданд, ҳавопаймоеро, ки пур аз маводи таълимии забони форсӣ буд, ройгон ба Тоҷикистон интиқол дод. Аммо, тангназарон ва туркгароён ин кӯмакҳоро таблиғоти исломӣ хонданд ва бо ҷурми он, ки ирониҳо шиамазҳаб ҳастанд, ҳатто иҷозати фуруди ҳавопайморо надоданд.

Ирон гаҳвораи тамаддуни ориёиҳост ва умеду ормонҳову ниёзҳои ҳамаи форсизабонони олам маҳсуб меёбад. Дар мушкилтарин лаҳазот Ирон ба кӯмаки Тоҷикистон шитофтааст. Сафари ахири раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дидорбиниву мулоқот бо Аҳмадинажод собит сохт, ки мо на танҳо ҳамзабонем, балки бародарони хуниву ҷонием, ки мушкилоти якдигарро бо ҳам мебинем. Дар он мулоқот Аҳмадинажод бо як дилсӯзӣ ва муҳаббату ишқи беандоза иброз дошт, ки мушкилоти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик, мушкилоти тамоми Ирону Ирониҳост. Чунин як дилсӯзиро мо ҳеҷ гоҳе аз ҳамсояҳои худ нашнидаем, дар ҳоле ки тамоми раҳбарияти собиқ Тоҷикистон ҳушу гӯшашон ба онҳо буд ва аз онҷо дастуроти лозимиро касб мекарданд. Низоъҳои дохилӣ, ки кишвари моро ба даҳсолаҳо қафо бурд, аз ҳамонҷо тарҳрезӣ мегардид.

Дар тӯли 73 сол шимоли Тоҷикистон, ки қисмати аъзами кишварро ташкил медиҳад, аз тамошои телевизиони Тоҷикистон маҳрум буд. Мардум барномаҳои телевизион ва радиои Тошкандро тамошо ва гӯш мекарданд. Таблиғоти иттилоотӣ силоҳи хатарнок дар фасодсозии ҷомеа аст. Натиҷа ин шуд, ки аксари аҳолии шимол аз забони модарии худ дур шуд ва шеваи фикрронӣ ба қолабҳои узбакӣ омехта гардид. Суоле пеш меояд, ки чаро роҳбарони собиқ пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро дар шимоли кишвар таъмин накарданд? Ҷавоб оддист. Ба тоҷик буданашон шубҳа буд. Дар ҳоле, ки насби дастгоҳҳои пахш ва тақвияти амвоҷ дар он солҳо маблағи зиёдеро тақозо намекард.

Бо ин ҳама мушкилоти маснӯӣ, ки эҷод мегардид, мардуми шарифи шимол тавонист забони модариашро ҳифз намояд, бо ин забон гуфтугӯ кунад, асарҳо эҷод намояд ва фарзандони худро таълиму тадрис диҳад. Аз ҳама нахуст, фарзандони фарзонаи миллат Мирбобои Мирраҳим ва Тоҳири Абдуҷаббор, ки эшон намояндагони шимоланд, мардумро ба худогоҳӣ ва хештаншиносӣ даъват намуданд ва хидматҳои арзишмандеро дар ин замина анҷом доданд. Торих номи онҳоро ба ҳарфҳои зарин сабт намуда ва миллати тоҷик аз эшон миннатдор аст.

Барои расидан ба аҳдофи миллӣ зарур аст, ки дар зеҳни мардум шуури миллӣ ҷойгузин гардад. Вақте, ки инсон ақли фарҳангӣ, ҷаҳонбинии васеъ, шуури миллӣ ва ифтихор аз тамаддуни худ надорад, аз ӯ чизеро интизор будан нашояд ва ин гуна ашхосро "манқурт" мегӯянд, ки аз душмани рӯ ба рӯ дида хатарноктар аст. Ин падидаҳо дар ҳар давру замон буданд ва фаъолияти хешро идома медиҳанд.

Назари иддае аз донишмандон, ки имрӯз дар сафаҳоти васоити ахбори умум пайдо гардида, забони тоҷикиро аз форсиву дарӣ ҷудо мекунанд ва гузаштан ба хати ниёконро ғалат мепиндоранд, сафсатае ва жожгӯие беш нест. Ба ақидаи эшон гузаштан ба хати ниёкон мардумро ба коми бесаводӣ мебарад. Суол ин аст, ки чаро Ирон бо ин хат ба дастовардҳои азими фарҳангиву иқтисодӣ расид ва ба як кишвари абарқудрат дар минтақа эътироф гардид? Бадбахтии миллати тоҷик ҳам ҳамин буд, ки бо аз даст додани хати худ ба коми ҷаҳолат ва бесаводӣ фурӯ рафт. Ин мавзӯест, ки баҳси доманадорро тақозо дорад ва дар ин ҷо мисрае аз ашъори бузурги устоди шеър Мӯъмин Қаноат ба ёдамон меояд, ки мегӯяд: - Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯи варо, ҳарчӣ мегӯӣ бигӯ"… Банда ҳар серо забони модарии худ медонад ва дар маҷмӯъ онро забони форсӣ мегӯяд.

Бо ба сари қудрат нишастани Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи тозае барои тоҷику тоҷикистониён кушуда шуд. Тафаккур ва аҳдофи миллӣ боло рафт. Забон ва адаби тоҷик рӯ ба асли хеш овард. Забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ ва муоширати мардум баргузида шуд. Дар ин замина донишмандону забоншиносон дастурҳои таълимӣ эҷод карданд, ки имрӯз мавриди истифода қарор дорад. Раиси Ҷумҳур пайваста аз донишмандону забоншиносон ва ақлҳои миллат даъват ба амал меорад, то покиву беолоишии забони тоҷикро таъмин намоянд. Суханрониҳои эшон бо забони ширини тоҷикӣ, ки бо як муҳаббат ва ишқи беандоза сурат мегирад, гувоҳи он аст, ки Раиси Ҷумҳур аз забону фарҳангу тамаддуни ғанои худ ифтихор дорад ва дигаронро ба ин таблиғу ташвиқ менамояд.



ИБОДУЛЛО Оқилпур
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97