КӢ МЕХОҲАД СОҲИБИ ДАРВОЗА ШАВАД?! Иддаои болотар аз тавон

Сиёсат 13.02.2009 17:25

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки подшоҳ Қубод рӯзе дар шикор аз лашкар ҷудо афтод ва ҳаво гарм шуду аз ташнагӣ бетоқат гашта ҳар тараф менигарист ва сояву сарчашмае металабид. Аз дур сиёҳие ба назараш даромад. Маркаб ба он тараф ронд. Хаймаи кӯҳна дид дар миёни бодия зада ва пиразане бо духтари худ дар сояи он нишаста. Чун Қубод бирасид, он зан аз хайма берун давид ва инонаш гирифта фуруд овард ва чизе, ки дошт ҳозир кард.

Қубод таъом хӯрд ва обе биёшомид, хоб бар ӯ ғалаба кард. Лаҳзае биёромид. Чун аз хоб даромад, бегоҳ шуда буд, шаб ҳамон ҷо монд. Баъди намози шом гове аз саҳро биёмад ва духтарак он говро бидӯшид, шири бисёр ҳосил шуд. Чунон ки Қубодро аҷаб омада ва бо худ гуфт: "Ин ҷамоат ба ҷиҳати он ба саҳро нишастаанд, то кас ба суроғашон иттилоъ наёбад. Ҳар рӯз чандин шир аз гове мегиранд. Агар дар ҳафта як рӯз ба султон диҳанд, моли эшонро халале намерасад ва хазонаро манфиат мешавад". Ният кард, ки чун ба дорулмулук бирасид, он мавзӯъро бар раъият ниҳад. Чун сабоҳ шуд, духтарак говро бидӯшид, андаке шир фуруд омад. Фарёд баровард. Пеши модар давид, ки эё модар, рӯй ба дуо ор, ки подшоҳи мо нияти зулм кардааст.

Қубод тааҷҷуб кард ва гуфт:

-Аз чӣ донистӣ?

Духтарак гуфт:

-Ҳар бомдод гови мо бисёр шир медод, имрӯз андак. Ҳар гоҳ ки подшоҳ нияти бад кунад, Ҳақ баракат бардорад.

Қубод гуфт:

-Рост гуфтӣ.

Ва он ният аз дил дур кард ва духтаракро гуфт:

-Акнун бирав ва говро аз нав бидӯш.

Пас духтарак бархосту ва дигар бор говро дӯшид. Шир бисёр ҳосил шуд. Бори дигар пеши модар давид ва муждаи нияти подшоҳ ба ӯ расонид ва аз ин ҷо гуфтаанд, ки "малики одил беҳтар аст аз абри боранда ва офтоби тобанда".

ТАЪРИХЧА

Ахиран вазорати роҳ ва мухобирот (ё нақлиёт ва комуникастия) дубора тарҳи қарореро ба ҳукумат мехоҳад пешниҳод кунад, ки тибқи он таъсиси маркази ягонаи коммутатсионӣ дар назар аст. Ҳадаф аз ин тарҳро масъулини вазорати мазкур, мулоҳизоти амнияти иттилоотӣ, назорати трафик ё зангҳои даромаду баромади ширкатҳои мобилӣ ва бештар ҷамъоварии даромадҳо унвон кардаанд. Амре, ки ширкатҳои мобилӣ ба шиддат ба он мухолифанд ва онро муқобил ба қонунгузории Тоҷикистон ва дар оянда ба зарари ворид шудани сармоягузорӣ ба ин бахш медонанд.

Баҳси мазкур дар соли 2005-2006 низ идома дошт, вале бо мудохилаи раиси ҷумҳур ҳал шуда буд. Акнун кист, ки мехоҳад ин баҳсро дигарбора ба майдон бикашад?

БАҲСРО КӢ ПУФ МЕКУНАД?

Дар таърихи 12 декабри соли 2005 Вазорати алоқа ба Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати кишварро "Дар бораи ташкили маркази коммутатсионӣ ва маркази дастрасӣ ба захираи иттилоотии ҷаҳони"-ро пешниҳод када буд, навъе расмият бахшидани (оформление) ҳасодат буд.

Ин ҳол боиси нигаронии соҳибони ширкатҳои мобилӣ шуд ва номаи нигаронии онҳоро рӯзномаи "Бизнес и политика" (№ 6 аз 9 феврали соли 2006) ба Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оқибатҳои номатлуби ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ташаббуси Вазорати алоқа нашр намуд.

Ба дунболи нашри муроҷиъатномаи роҳбарони ширкатҳои мухобиротӣ, масъалаи мазкур на танҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, балки созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон низ шуд. Аз ҷумла сафири пешини ИМА дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд дар ин маврид изҳори назар намуда буд. Бисёре аз сармоягузорон СА саҳҳомони хориҷӣ низ мавриди нигаронии худро баён дошта буданд.

Билохира бо мудохилаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин баҳс нукта гузошта шуд. Аммо акнун дубора ин масъаларо боз ҳам ҳамон ашхос, ки номи вазораташон дигар шудааст, (нақлиёт ва коммуникатсия) бод мекунанд. Ва боз ҳам лоиҳаи қарор таҳия намуда ва ба ҳукумат пешниҳод карданианд.

Аммо он замон низ ба осонӣ ба ин баҳс хотима нагузошта буданд. Ин баҳс як сол бештар идома ёфта буд.

Акнун кӣ масъаларо бод мекунад, вазир, муовини вазир ё мушовири давлатӣ? Ин ба нафъи кист?

Аз таъсиси чунин марказ кӣ бурд мекунад? Давлат ё мансабдорони давлатӣ?

Дар даври аввали баҳсҳо, дар соли 2006 роҷеъ ба беасос будани идеяи ташкили Маркази ягонаи коммутатсионӣ тариқи суроғаи электронии сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванд Хуршед Холов муроҷиат карда буд. Ва бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2006, ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2006 аз 2 апрели соли 2006 гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оҷонси давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, департаменти андози собиқ Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, вазорати амният, сардори шӯъбаи Раёсати мониторинги соҳаҳои иқтисодиёти Вазорати молия, мушовири вазири алоқа, раиси Ассотсиатсияи ироъакунандагони Интернет, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ин баҳс мавриди муҳокима қарор гирифта буд.

ХУЛОСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ 5 МАЙИ СОЛИ 2006:

1. Таъсиси Маркази коммутатсионӣ ва Маркази дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии ҷаҳонӣ дар шакли пешниҳоднамудаи Вазорати алоқа ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ба моддаҳои 53, 132, 312 ва 313-и Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6 - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ (монополӣ) дар бозорҳои молӣ" ва Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ мухолиф мебошад.

2. Ба таври хатӣ тавассути танҳо Маркази коммутатсионӣ ва маркази дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии ҷаҳонӣ (Интернет) фаъолият намудани соҳибкорони соҳаи алоқаи барқӣ ба паст шудани сифати хизматрасонӣ ва баланд шудани арзиши он, носолим гардидани фазои инвеститсионӣ дар ин соҳа, пайдоиши рақобати носолим, монополизатсияи фаъолият дар ин сегменти бозор мунҷар мешавад.

Ба ҳамин тартиб, бо назардошти хулосаҳои зикршуда ҳайати корӣ таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва маркази дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии ҷаҳониро мувофиқи мақсад нашуморида буд.

ИДОМАИ БАҲС БО ШИРКАТИ МУШОВИРИ ДАВЛАТӢ

Тибқи гузориши Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов аз октябри соли 2006 ба Президенти кишвар ахбор ирсол гардида буд ва зимни он гузориш аз ҷумла таъкид шудааст: "Аз лиҳози амнияти давлатӣ ташкили Маркази ягона паҳлӯҳои манфии зиёд дорад. Дар ҳолатҳои фавқулодда ва ё дар натиҷаи амалиётҳои террористию зиёнкорӣ аз кор баромадани Маркази номбурда тамоми ҷумҳурӣ бе алоқа монданаш аз эҳтимол дур нест. "

ДАВОМИ БАҲС БО ШИРКАТИ САРВАЗИР ОҚИЛ ОҚИЛОВ

Ҳамзамон бо ин дар гузориши як рӯз баъди Мушовири давлатӣ ба унвони сарвари давлат ирсол намудаи сарвазир Оқил Оқилов роҷеъ ба ин масъала мехонем: "Танҳо ба воситаи Маркази коммутатсионӣ ва маркази дастрасӣ ба захираи иттилоотии ҷаҳонӣ фаъолият намудани соҳибкоронӣ соҳаи алоқаи барқӣ боиси паст гардидани сифати хизматрасонӣ ва баланд шудани арзиши он, носолимии фазои инвеститсионӣ дар соҳа, суст шудани рақобат ва монополизатсияи фаъолият дар сигменти бозор мегардад.

Айни замон дар баробари ҶСК "Тоҷиктелеком" ҳафт ширкат соҳиби иҷозатномаи пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи байналмилалӣ шудаанд.

Нисбати фишурдаи (сжатие) канали интиқоли овоз то 8 кбит/ сония ва паст гардидани сифати алоқа ( Сухан дар бораи IP- телефония меравад) бояд зикр кард, ки ин тарзи интиқоли иттилоотро операторони алоқа анъанавӣ мисли ATsT (ИМА), BritishTelekom (Британия Кабир), DeutscheTelekom (Германия) ва ширкатҳои дигар истифода мебаранд ва баъзе аз онҳо пурра ба IP- телефония гузаштанро ба нақша гирифтаанд, зеро дар ин ҳолат сифати алоқа зарар намебинад.

Яке аз тарзҳои мубориза бар зидди трафики ғайриқонунӣ ( нелегальный трафик) ин ба роҳ мондани сиёсати дурусти тарифҳо дар соҳа мебошад.

Таъсиси Маркази коммутатсионӣ дар заминаи филиали ҶСК "Тоҷиктелеком" ва додани ваколатҳои иловагӣ оид ба назорати трафики байналмилалӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунад. "

Ин мавқеъ ва назари сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Ғайбуллоевич Оқилов дар се соли пеш буд.

Боз рӯ меорем ба мавқеъ ва назари мушовири давлатӣ ва гузориши баъдии ӯро бо ҳам мурур мекунем:

"Дар маълумотномаи Сарвазири мамлакат, мӯҳтарам Оқилов О. Ғ., ва гузоришҳои пешинаи мо паҳлӯҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии рад намудани пешниҳоди мазкур оварда шудаанд. Инчунин тибқи ахбороти ташкилотҳои байналмилалӣ амали мазкур ба ислоҳоти системаи идораи давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Яке аз сабабҳои таъсиси Маркази комутатсиониро Вазорати алоқа дар пинҳон намудани ҳаҷми ҳақиқии хизматрасонии алоқа ва саркашӣ аз супоридани андоз мебинад ( ва ҳоло низ ин мавқеи беасосашро идома медиҳад) ва гуё бо ташкили ин Марказ трафики ғайриқонунӣ аз байн меравад. Аммо таҳлили гузаронидаи Бонки Умумиҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ширктҳои ба чунин қонунвайронкунӣ майлдошта бо истифода аз имкониятҳои техникӣ роҳҳои сарфи назар намудани Маркази коммутатсиониро низ пайдо менамоянд.

Вазорати алоқа ба воситаи ҶСК "Тоҷиктелеком" бо ташкили Маркази ягона (аз нав) хоҳ-нохоҳ ба гузаронидани амалиётҳои телекоммуникатсионӣ ҷалб мегардад ва ин сабаби пайдоиши рақобати носолим дар соҳа гашта, ба зиддияти манфиатҳо оварда мерасонад.

Аз лиҳози амниятӣ ташкили Маркази ягона паҳлӯҳои манфии зиёд дорад. Дар ҳолатҳои фавқулода ва ё дар натиҷаи амалиётҳои террористию зиёнкорӣ аз кор баромадани Маркази ягонаи номбурда тамом ҷумҳурӣ беалоқа монданаш аз эҳтимол дур нест...

....Дар ояндаи наздик реструктуризатсия ва хусусигардонии ҶСК "Тоҷиктелеком" дар назар дошта шудааст, бинобар ин дар мавриди дар назди ин ширкат таъсис додани Марказ дар оянда вобастагии корхонаи мазкур аз ин ширкат ва ба ин васила дахолат ба фаъолияти дигар корхонаҳои рақиби соҳа ба миён меояд, зеро ин корхонаҳо маҷбур мегарданд, ки ба воситаи Марказ хизматрасонӣ намоянд. Маълум аст, ки ширкат пеш аз ҳама манфиатҳои корпоративии худро таъмин менамояд ва аз ин бармеод, ки манфиати худашро ҳимоя мекунад ва ин далели риоя нашудани рақобати озод мебошад"

АКНУН

Ин ҳам мавқеъи мисли оби соф дидании сарвазир ва мушовири давлатӣ дар се соли қабл буд. Акнун суолҳое, ки матраҳ мешавад ва хонанда мехоҳад ба онҳо ҷавоб пайдо кунад:

1.Чаро мавқеъҳо иваз шуд?

2.Агар Мушовири давлатӣ дар се соли пеш ба гузориши созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ эътимод дошт, имрӯз чӣ мавқеъ дорад?

3.Сарвазири кишвар чӣ назар дорад? Оё ба он чӣ ки ба сардори давлат гузориш карда буд, бовар дошт ё он замон дигарон ба ҷои ӯ гузориш навишта буданд? Оё худи О. Оқилов он гузоришро хонда буд? Агар ҳа, имрӯз чӣ мегуяд?

4.Агар он рӯз масъалаи хусусисозии "Тоҷиктелеком" матраҳ буд, феълан чӣ? Оё ин масъала наметавонад мушкиле барои таъсиси маркази ягона дар назди ин муассиса шавад?

5.Оё қарздории "Тоҷиктелеком" ба кадом фикри солим ин ҳақро медиҳад, ки ташкили чунин як маркази ҳаётиро ба ин ниҳод бовар кард?

Ба ҳар ҳол ҷолиб аст, маълум шавад, ки дар пушти ин қарор ва баҳсе, ки сари ширкатҳои мобилӣ ва умуман идеяи бозгашт ба ин баҳсе, ки бо дахолати бевоситаи сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатм шуда буд, кӣ меистад.

Онҳое, ки ин баҳсро пуф мекунанд, бештар дар фикри худ ҳастанд, ё дар фикри буҷаи давлат?

РОҲИ ҲАЛ КАДОМ АСТ, ҲАСАД БУРДАН Ё КОР КАРДАН?

Бояд эътироф кард, ки ширкатҳои мобилӣ, муваффақтарин ширкатҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ва яке аз сарчашмаҳои ғанигардонии буҷа, ба ҷойи кор таъминкунандаи шаҳрвандон, пардохткунандагони музди меҳнати шоиста, воридкунандаи технологияи навин ва то ба деҳаҳои дурдаст бурда расонандаи шакли нави хидматрасонӣ дар соҳаи алоқа мебошанд. Ширкатҳои мобилӣ дар соли гузашта беш аз сад миллион доллар ба ҳақи андоз ва дигар пардохтҳоро ба буҷаи давлат супурдаанд.

Чӣ тавр метавон бар хилофи қонунгузории фаъоли кишвар, ва таҷрибаи ҷаҳонӣ, як ширкати тиҷоратиро дар симои ҶСК "Тоҷиктелеком", ки натавонистааст пешрафти соҳаро таъмин намояд ва миллионҳо доллар қарзи аз хориҷа гирифтаашро баргардонад ва аз андоз қарздор мебошад, ба дуздии молу амволи давлатӣ ба миқдори махсусан калон роҳ додааст, соҳиби инчунин Марказ кард? Пас суоле пайдо мешавад, ки Тоҷикистонро дар он маврид ба қуҷо мебарад?

Агар Худо накунаду Маркази зикргардида бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар назди ҶСК "Тоҷиктелеком" таъсис ёбад дар он маврид, қарзи ҶСК "Тоҷиктелеком" аз ҳисоби напардохтани андоз, андозҳои иҷтимоӣ, пардохтҳои гумрукӣ, ва қарзи аз Бонкҳои хориҷӣ гирифтааш меафзояд, як қисми "мансабдорон" дар дохил ва хориҷи кишвар, соҳиби вилла, корхона, маблағҳои зиёди пулӣ дар бонкҳо мешаванд, дигар ширкатҳо маҷбур мешаванд, ки сармояашонро аз кишвар берун бароранд. "Тоҷиктелеком" бошад, боз аз "лиҳози амниятӣ ва иқтисодӣ" аз Ҳукумат хоҳиш мекунад, ки ӯро аз супоридани ҳамагуна андозҳо ва барои воридоти таҷҳизот аз пардохтҳои гумрукӣ озод намояд?

Аммо ба назари коршиносон, ки фикри солим низ ба он бовар дорад, ширкатҳои мобилӣ низ мол ва дастоварди мардуми Тоҷикистон аст. Фарзандони ҳамин ватан онҳоро сохтаанд ва мешавад гуфт, дар миёни ҳамсояҳо ҷои ифтихор низ доранд.

Ду маслиҳат аст, яке ин ки онҳое, ки фикрашонро ин ширкатҳо машғул доштааст, беҳтар аст ба коре машғул шаванд, ки аз ӯҳдааш мебароянд. Яъне қабл аз инҳо ҳама бояд барои худ ва ҷомеа ширкатҳои муваффақ сохтанд ва ба истилоҳ аз бахилӣ набояд кор гирифт, ки чаро онҳо тавонистанду мо не?

Дуввум, бархе коршиносон мегӯянд, ин ҷо то ҷое масъала масъалаи амният низ ҳаст. Амнияти мухобиротӣ. Ин ки вазорати роҳ ва мухобирот гуфтааст, ба сурати ҷудогона амал кардан ба амният хатар дорад, як тараф аст. Ба назари ақли имрӯз муттаҳид кардани ин хадамоти амниятӣ моро бештар осебпазир мекунад. Феълан 11 ширкат дорем ва касе бихоҳад зарар бирасонад бояд дар 11 ҷабҳа биҷангад, вале агар мо ин ширкатҳоро муттаҳид кунем, ҳамла ба як марказ дар "Тоҷиктелеком" кофист, ки зарфи як дақиқа тамоми системаи мухобироти Тоҷикистон ба ҳам бизанад. Оё ин ба нафъи бадхоҳон ва душманони эҳтимолӣ нест, онҳое, ки ба сурати пинҳону ошкор бо мо мухолифат мекунанд?

Ва аз лиҳози амниятӣ оё баромадгоҳи эҳтиётӣ доштан зарур нест? Ё ба истилоҳ "ҳамаи об дар як кӯза" нигаҳ дошта мешавад, худое накарда агар кӯза бишканад, ҳама бо ҳам, ҳам мардум ва ҳам давлат ташна намемонанд?

Дигар аз соли 2006 барои гуфтугӯҳои байналмилалӣ ширкатҳои мобилӣ иҷозаи хос дарёфт мекунанд. Ва аз сӯи дигар баъди дарёфти ин иҷоза шумори гуфтугӯҳои телефонии ширкатҳои мобилӣ бештар шудааст. Аммо ин гуфтугӯҳо тавассути ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" гӯё ҳамоно камтар шудааст. Чаро?

Гузашта аз ин санҷише, ки СОРД баргузор намуд, ҳатто як мавриди қочоқ (тарфик) ё гуфтугӯи ғайри қонуниро ошкор накардааст. Ва тамоми ширкатҳои мобилӣ дар заминаи ҳифзи амнияти миллӣ ва гуфтугӯҳои байналмилалӣ қарордод низ доранд. Пас боз ҳам масъалаи амниятро ба миён кашидан чӣ ҳоҷат?

Мутмаинан ин масъала боз ҳам бо мудохилаи Раиси ҷумҳур ҳал хоҳад шуд, ба нафъи миллат, на нафъи ширкатҳои мобилӣ, ва на ба фоидаи мансабдороне, ки баҳонаи манфиати давлат ва амнияти миллиро пеш меоранд.


Д. УМАР
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97