ИСТЕЪФО Мактаби истеъфо бояд баргардад

Сиёсат 18.08.2008 20:22

Гирдиҳамоӣ ва ё митинги эътирозӣ воқеаи маъмул буда, он дар ҳеҷ сурат наметавонад тавлидгари моҷаро гардад. Яъне митинг созишро тавлид мекунад, ки ин усули аввали хотима додан ба эътироз мебошад ва маданияти гузаронидани митинги эътирозӣ ҳам ҳамин аст. Аз тарафи дигар, агар пешниҳоди мардум гирди ҳам омада иборат аз талаби истеъфои ҳукумат, парлумон, ин ё он мансабдори алоҳида бошад ва аз тарафи муқобил пазируфта нашавад, пас одоби қабули қарори истеъфо, ки усули дуюм ва интиҳоӣ ба ҳисоб меравад, аз тарафи роҳбарон бо дарки баланди масъулият бояд қабул карда шавад.

Ва, агар ин ду усул дар ин давра татбиқ нашаванд, пас ҳатман моҷаро сар мезанад. Масалан, як сабаби шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон натиҷаи ба созиш наомадани гирдиҳамомадагон бо ҳукумати давр буд, ҳарчанд ҳаводору хостдори он низ кам набуд.

Фарҳанги гирдиҳамоӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як соли истиқлолияти хеш (1991-1992) митингҳои эътирозии зиёдро нисбати ҳукуматҳои давр паси сар намуд. Баъди омӯзишҳои чандсола акнун ба хулоса омадан мумкин аст, ки на мо ва на ҳукуматҳои давр маданияти гузаронидани митингро надошта будаем. Ва то ҳанӯз, агар гап сари баргузор кардани митинг равад, мебинем, ки пеш аз ҳама нафарони манфиатҷӯю ҷангҷӯй сар боло мекунанд ва чунинҳоро бисёр дидаем. Бояд қайд намоям, ки ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта баргузор намудани митинг дар Тоҷикистон қариб анъана шуда буд. Ҳукуматдорони Тоҷикистон дар мавриди гузаронидани митингҳо барои худ ба зудӣ мактаберо эҷод намуданд, ки ин мактаб саркӯб намудани митингчиёнӯ эътирозгарон буд. Бояд қайд кард, ки митингчиён ҳатман дар назди сохторҳои қудратии Тоҷикистон то ҳанӯз гунаҳкор дониста мешаванд. Вале масъулини давлату ҳукумат фаромӯш карданд, ки онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва ҳуқуқи эътирозро дар ҳалли масоили ҷомеадорӣ дар доираи қавонини давлати демократию ҳуқуқбунёд доштанд.

Усули Маҳкамов

Бемасъулиятии ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди саркӯб намудани митингчиён ҳанӯз моҳи феврали соли 1990 ба пуррагӣ зоҳир гардид. Дар ҳамин давра ҳукуматдорон бидуни ягон машварату маслиҳат пешниҳодҳои митингчиёнро ба инобат нагирифта, барои парроканда намудани онҳо қувваҳои низомиро истифода бурданд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноӣ бо истифода аз вазъият даст ба ғорату куштор заданд. Муаллифи усули саркӯб намудани эътирозчиён ва масъулият зоҳир накардан дар истифода аз қувваҳои низомӣ ҳукумати ҳамонвақта бо роҳбарии Қаҳҳор Маҳкамов аст, ки оғози митингҳои аввал дар Тоҷикистон дар давраи ҳукумати ӯ шурӯъ гардида буд. Минбаъд аз ин усул президент Раҳмон Набиев ҳам хуб истифода кард. Шояд даврае фаро расад, ки ин усулро ҳамчун "усули Маҳкамов" ном баранд. Бовар дорам, замоне мерасад, ки таърих ба ин воқеаҳо ҳатман баҳои воқеъӣ медиҳад. Баъдан бемасъулиятӣ дар куштори мардуми оддӣ ва бедифоъ ҳукми анъанаро гирифт, чун дар иҷрои ин амал масъулияти ҷавобгарӣ набуд ва касе ҳам барои ин амали нангин то ҳол мӯҷозот нашудааст. Муаллифи фиреби рӯирости мардум дар истеъфо додану нарафтан аз вазифа боз ҳам мерос аз Қаҳҳор Маҳкамов мебошад, ки истеъфои чанд рӯз пеш додаашро ба намоиши саҳнавие(Пленуми таърихии ҲҚ Тоҷикистон, ки он ҳам моҳи феврали соли 1990 баргузор гардида буд, дар назар дошта шудааст-М.С.) табдил дод ва нерӯҳои мардумиро гунаҳкор шумурда, истъфои додаашро бозпас хонд.

Фирори Набиев ва Тӯраев

Баъдан ин амалро Раҳмон Набиев хост такрор намояд. Ӯ дафтари корию вазифаи давлатдориашро партофта, дар фурудгоҳи Душанбе истеъфои худро эълон карда ба Хуҷанд гурехт. Яъне ҳукумат ва мардумашро ба ҳоли худ гузошт ва аз Душанбе фирор кард. Ва ҳамин буд, ки раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров дар асоси нишондоди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти роҳбарии давлатро ҳамчун и.в.президенти Тоҷикистон ба дӯш гирифт. Муовини аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Сайфиддин Тӯраев бошад, баъд аз сафари хизматиаш дар вилояти Қӯрғонтеппа тирамоҳи соли 1992 ё аз тарс буд ва ё аз зираки сиёсӣ, ки бо ду сандуқи пур аз ҷиҳоз (аз қавли ҳолдонҳо) бо роҳи мошингарди ағбаи Анзоб ба зодгоҳаш- шаҳри Ӯротеппа роҳи гурезро пеш гирифт. Баъдан аксари масъулини сохторҳои ҳукуматӣ ҳам ба ҳар тараф гурехтанд.

Ҳукумати се моҳаи Акбаршоҳ

Акбаршоҳ Искандаров монду се- чор вазиру биноҳои холии бе роҳбар. Агар А.Искандаров ҳамон вақт лаҷоми роҳбарии давлатро ба даст намегирифт, аз бесоҳибию бероҳбарӣ Тоҷикистон имрӯз ё ҷумҳурии мухтор ва ё ягон вилоят дар ҳайати шояд Русия ё Ӯзбекистон мебуд. Ногуфта намонад, ки Тошканд дар ҳамон солҳо тибқи хабари баъзе расонаҳои иттилоотӣ даъвои онро дошт, ки қариб 90 дар сади аҳолии Тоҷикистон ӯзбекзабонанду Тоҷикистон бояд як ҷузъи Ӯзбекистон гардад.

Бетарафии мансабдорон

Аҷибаш боз он аст, ки мансабдорони алоҳида дар чанд давраи ҳукуматдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи бетарафиро ихтиёр гирифтаанд ва маҳз ҳамин бетарафӣ, ки аслан душманӣ ба давлату миллатро ифода менамояд, ҷумҳурии моро сари ҳар қадам ба гирдоби бӯҳрони ҷомеадорӣ гирифтор кард. Ва то имрӯз ин мушкилот боқист. Агар не, пас чаро барои бартараф намудани бӯҳронҳои кадрӣ, энергетикӣ, сохтмонӣ(ҳатто роҳсозӣ), иқтисодӣ ва ғайраҳо президент бояд машғул шавад? Ҳама медонанд, ки маҳз сафарҳои хизматии президент ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳукуматдорони маҳаллиро маҷбур месозад, ки роҳи мошингардро таъмир намоянд ва ҳамон роҳеро, ки тибқи нақшаи пешакӣ матраҳшуда мошини президент аз он мегузарад... Ва Эмомалӣ Раҳмон комилан дуруст мегӯяд, ки касеро дар вазифа таъин кардем, ҳатман аввал манфиати шахсии худро пеш мегузорад. Муҳим он аст, масъулини сохторҳои ҳукуматӣ дар иҷрои вазифа бояд масъулият эҳсос бикунанд…

Эътироз ҷоиз нест

Шояд хуб нест, вале ногуфта ҳам намешавад, яъне мо дар асре зиндагӣ дорем, ки иддае аз давлатҳо барои зиндагӣ ба қайҳон кӯч баста истодаанд, аммо мо то ҳоло роҳи дурусти мошингард надорем (бидуни лоиҳаҳои алоҳидаи роҳсозӣ, ки характери байналмилалиро доранд!), бӯҳрони энергетикиро ҳеҷ наметавонем бартараф намоем, танзими дурусти ба роҳ мондани иқтисодро надорем ва ғайраҳо. Ҳатто аз қабули баъзе қарорҳои алоҳида дар мавриди ба даст овардани муваффақият дар ҳалли масъалаҳои рушди ҷомеадорӣ дар ҳаросем, чунки боварӣ нест, фардо аз ӯҳдаи татбиқи онҳо мебароем. Ин камбудиҳо дар давраест, ки аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон аллакай шонздаҳ сол сипарӣ гашта. Ва маҳз ҳамин ноӯҳдабароиҳо ба ояндабинии неки ҷомеа монеаҳо эҷод намудаанд. Омилҳои номбаршуда метавонанд боиси ранҷишу дилсард шудани аҳолӣ гарданд, бойиси эҷоди ихтилоф ва эътироз шаванд, вале ҳалли онҳо бо гирдиҳамоии эътирозӣ ва ё митинг ғайриимкон аст, бахусус дар Тоҷикистон.

Истеъфо - роҳи ҳали масъала

Пас роҳи дурусти дигар ин истеъфои масъулин мебошад, вале истеъфо низ қабул нест, чунки ин амалро мансабдорони Тоҷикистон қудрати бардошту таҳаммул надоранд. Ҳатто ба ивази танқидҳои даврии рӯирости президент дар ҷаласаҳои кушоди ҳукуматӣ нисбати баъзе мансабдорон нафаре аз танқидшудагон намехоҳад аз ноӯҳдабароии худ дар иҷрои вазифаи ба дӯш доштааш иқрор шаваду мардонавор аз истеъфои худ эълон дорад. Барои мисол, роҳбари ширкати "Барқи Тоҷик" Шарифхон Самиевро гирем, ки раиси ҷумҳур маҷбур шуд, ӯро чанд моҳ қабл дар маҷлиси кушоди ҳукуматӣ сахт сарзаниши сахт кунад, вале Ш.Самиев бори сангини сарзанишро пазируфту истеъфоро не. Аммо як чиз дақиқ аст, ки бӯҳрони энергетикӣ имсол шояд аз солҳои пештара сахттар гардад(ва ин бебарқӣ ба дили ҳама задааст!). Азбаски ширкати "Барқи Тоҷик" сохтор дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, пас он наметавонад дар костагии фаъолияти ҳукумат бетаъсир монад ва боз чунин мисолҳо зиёданд. Хулоса, дар доираи давлатдории Тоҷикистон даврае расида, ки дар фаъолияти аъзоаш мактаби истеъфо боз шавад ва аз ба истеъфо рафтани баъзе масулин набояд фоҷиа тарошанд, бо он бояд созиш кард. Яъне масъулини баъзе сохторҳои алоҳидаи ҳукуматӣ ба истодагарӣ дар сари вазифа бояд хотима бидиҳанд ва, агар ба мафҳуми истеъфо созиш накунанд, пас бояд бидонанд, ки соҳибистиқлолии давлатӣ ва устувории Тоҷикистон дар оянда ба некӣ нахоҳад анҷомид.

Шояд ин хулоса мақбули баъзе мансабдорон нагардад, вале онҳо низ бояд дарк намоянд, ки воқеият ҳамин аст ва рӯзе рафтан мебояд, чӣ хуб аст агар худ бираванд ва дар рафтан ҳеч фоҷиае нест, Ба гуфти Фирдавсии бузург

Чунин аст расми сарои дурушт,

Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт.


Масъуд СОБИРОВ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97