ИШҚУ ОШИҚИ ДАР ФИЛМИ ЮСУФ ПАЁМБАР (АЛАЙҲИССАЛОМ)

Фарҳанг ва адаб 23.02.2009 22:31

Муддатест як сериали телевизионӣ бо унвони "Юсуф Паёмбар" истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Ирон дар ҷомеаи мо шӯру валвала барпо намуда ба нуқли маҷолису маҳофил табдил ёфтааст. Ин филмро коргардони чирадасти иронӣ Фараҷуллоҳ Салаҳшур коргардонӣ ва таҳия намудааст.

Салаҳшур пеш аз филми мазкур филми дигареро дар асоси ривояти дигари қуръонӣ бо номи "Мардони Онҷолис" дар бораи "Асҳоби Каҳф" таҳия намудааст, ки мутаассифона дар миёни мардуми мо чандон шӯҳрату маҳбубият надорад ва умуман дар наворфурӯшиҳои кишвари азизамон ба назар намерасад. Ёдовар мешавем, ки филми "Мардони Онҷолис"-ро раиси ҷумҳури собиқи Ирон Муҳаммад Хотамӣ ба Попи онвақтаи калисои Рум Бенедикти 16 тӯҳфа намуда буд ва он филм ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва туркӣ гардонида шудааст.

Чанде пеш яке аз бародарҳоям, ки дар деҳа зиндагӣ мекунад тайи сӯҳбати телефонӣ аз ман хост, филми ҳазрати Юсуфро барояш ирсол дорам. Ба шӯхӣ гуфтам, алон бифиристам ва ё баъди тамом шудани реҷаи барқ? Хандиду гуфт: "мардуми деҳ барои тамошои ин филм барқро ҳам ташкил мекунанд". Худи ҳамон рӯз ва баъди сӯҳбат бо бародарам, дӯстам Тоҳирҷон аз шаҳри Қӯрғонтеппа занг заду пурсид, оё ин филм ба таври пурра дар Душанбе дар дастрас аст ё не?

На танҳо дар наворфурӯшӣ, балки дар даромадгоҳҳои масоҷиду мадориси кишвар ҳам, ҳама ҷо пур аз дискҳои ин филм шудааст ва ба тиҷорати пурсуде дар ин шабу рӯз табдил ёфтааст. Дар наворфурӯшиҳо муштариён аксаран саволашон ин аст, ки оё "серия"-и наваш баромадааст ё хайр? Ҳангоме ин филмро харидорӣ намудам, қабл аз вуруд ба хона аз нонфурӯше нон гирифтам. Дар баробари афтидани чашмаш ба дискҳо нонфурӯш роҷеъ ба ин филм сӯҳбат намуда изҳор дошт, ки бесаброна қисматҳои нави ин филмро мунтазир аст. Аз ӯ пурсидам, ки оё шумо забони ин филмро ба осонӣ мефаҳмед? Гуфт; "албатта, лафзи худмонай ку".

Ҳатто дар идораву корхонаҳои давлативу хусусӣ ҳам дидам, ки компутару роёнаҳо пур аз сабти ин филманд ва кормандон дар вақтҳои холӣ ва гоҳҳо ба дуздӣ ин филмро мебинанд.

ФИЛМИ ҲАМАГИР

Дар маҷмӯъ сериалҳои телевизионӣ ва давомдор ҷолибанд ва бинандаи зиёде доранд. Дар даҳаҳои ҳаштоду навад мардуми мо сериалҳои ҷолибу шавқоваре мисли "Канизак Изаура", "Просто Мария", "Богатые тоже плачуть" ("Марианна"), Санта Барбара ва ғайраро тамошо мекарданд, ки кори синамогарони брозилӣ буд. Аммо филми "Юсуф Паёмбар" чизи дигаре ҳаст ва бештар аз сериалҳои русӣ ва брозилӣ ба дилҳо менишинад ва нақши дигар сериалҳоро мешиканад. Чаро?

Ин метавонад сабабҳои зиёде дошта бошад.

1.Ин нахустин сериёли исломӣ ҳаст, ки ба истилоҳ ба дасти мардуми мо меафтад ва ба забони модариашон бо тафовутҳои андак таҳия шудааст.

2.Ин достони қуръонист, ки рӯйи навор меояд.

3.Сериёл ба шакли ҷолибу ҷозиб таҳия шудааст ва бозигаронаш ҳам устодона кори худро анҷом додаанд.

4.Маънавиёти ин сериёл хеле баланд аст ва тамошогарро сахт ба худ ҷалб мекунад.

Аммо муҳимтарин сабабаш ин аст, ки ин сериёл, сериёли ошиқист ва маҳз ҳамин нуқта сериолро ҷозибтару диданитар мекунад.

"ҒАМИ ИШҚ"

Ишқ на танҳо мавзӯъи хубу ҷолибе барои шеъру шоирӣ, овозхониву мусиқӣ, балки барои олами синамо ҳам ҳаст. Синамои ҷаҳонӣ аслан дар меҳвари ҳамин гавҳар-гавҳари ишқ мечархад. Муболиға нест агар бигӯем, ки тақрибан навад дар сади филмҳои синамои ҷаҳонӣ бо ин иксир дар дили бинанда роҳ меёбанд. Аз ҳама бештар шояд синамои кишвари Ҳинд "Болливуд" бо филмҳои ошиқӣ ва тӯлонияш дар ҷаҳон шӯҳрат дошта бошад.

Саволи муҳиме, ки ин ҷо матраҳ мешавад ин аст, ки чаро ин қадар филмҳо ҳамасола дар ин мавзӯъ мебароянд ва ба истилоҳ дунёро ғарқи ишқу ошиқӣ мекунанд, вале боз бинанда доранд ва боз харидор доранд?

Ишқу ошиқӣ чизе ҷуз дӯст доштани марду зан барои як мӯҳлати муайян ва ба висол ё фироқ мунтаҳӣ шудан нест. Вале боз ҳам ин мавзӯъ мавзӯъе ҷолиб аст ва ширину форам. Ҳофизи бузургвор, ки яке аз ишқсароёни маъруфи адабиёти мост ин нуктаро мегӯяд, ки ишқ аз як қисса беш нест, вале ҷойи тааҷубаш дар ин аст, ки зи ҳар забон, ки мешунавӣ номукараар ва тару тоза ҳаст :

Як қисса беш нест, ғами ишқу в-ин аҷаб,

Зи ҳар забон, ки мешунавӣ номукаррар аст.

Ҷолиб дар ин фармудаи ҷовидонаи Ҳофиз ин нукта ҳаст, ки ӯ ишқ ва достони ишқ ва худи ишқро истифода намебараду балки мегӯяд "ғами ишқ". Дар умум Ҳофиз назараш ба ишқу ошиқӣ ин аст, ки ошиқӣ бо ғам ҳамрадиф аст. Аслан барои Лисон-ул -ғайб ишқ яъне ҷавру ситам кашидан, ба хоку хун тапидан, зери девори орзу мурдан ва дар умум ба як кори душвор гирифтор шудан аст.

Филми Юсуф паёмбар ҳам ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст, яъне "ғами ишқ". Дар ин филм руҳи достони қуръонӣ ба навор гирифта шудааст ва ҳар чеҳраи муҳиме дар ин навор агар бо дидаи тааммул бингарем, асосан намояндаи як маънои амиқе ҳаст. Қобили зикр ишқ дар филми Юсуф паёмбар аз ишқ дар филмҳои дигар ба хусус филмҳои ғарбиву русӣ ва ҳиндиву брозилӣ, ки пур аз саҳнаҳои фаҳшу ҳаромиянд фарқ дорад ва дар ин сериёли ошиқӣ хабаре аз лабгириву рухбусӣ ва майнӯшиву гулбӯйи нест. Инҷо бинанда худро дар баробари як филми аз лиҳози ахлоқӣ поку мусаффо мебинад ва ҳатто бо аҳли оилааш метавонад ин филмро ба роҳатӣ тамошо кунад.

ИШҚИ ЗАМИНӢ ВА ИШҚИ ОСМОНӢ ДАР ФИЛМИ ЮСУФ ПАЁМБАР

Қаҳрамонони филми "Юсуф Паёмбар" асосан Юсуф ва Зулайхо ҳастанд, гарчанде нақши шоҳу руҳонияти расмӣ ва табақаи баланду пасти ҷомеъаи онвақтаи Мисри қадим ҳам бо маҳорати олӣ ва бесобиқае рӯйи навор омадаанд.

Шояд коргардони филм дар интихоби зане, ки нақши Зулайхо ва ё ба талаффузи бародарони иронӣ Зулейхоро иҷро мекунад, зиёд муваффақ набудааст. Беҳтар мебуд агар коргардон зани соҳибҷамолтареро барои ин нақш интихоб мекард.

Ба ҳар ҳол бону Зулайхо фавқуллода зани доно ва зираку оқилае ҳаст. Доноӣ ва хирадмандии бону Зулайхо дар он аст, ки ӯ ҳатто обрӯи рехтаро тавонист ҷамъ кунад ва аз банди маломат бо кайду макри занонаи худ берун ҷаҳад.

Ин нуктаро Қуръони Карим ҳам зикр намудааст, ки баъди он, ки занони мисрӣ Зулайхоро маломат карданд, ки ба истилоҳ ба ғуломи худ дидаи ишқро ало кардааст бо ҳилаи бесобиқае коре кард, ки обрӯи худро ҳифз кунад. Ӯ тамоми занони мисрии табақаи олиро ба меҳмонӣ мехонад ва дар дасташон туранҷу чоқу медиҳад ва ба Юсуф амр мекунад, ки ба назди онҳо барояд.

Вақте занҳо ҳусни Юсуфро мулоҳиза карданд ба ҳадде аз худ рафтанд, ки гуфтанд "ма ҳаза башаро ин ҳаза илла малакун карим-ин руйи инсон нест ин як фариштаи кариме ҳаст" ва дар авҷи моту мабҳутӣ дастҳояшонро бо корд буриданд ва дар ин ҷо Зулайхо ба онҳо гуфт, ки инаст, ончи маро дар он маломат мекунед ва бо анҷоми ин амал Зулайхо даҳони маломатгаронро баст.

Вале бо ин ҳама зиракиву доноӣ Зулайхо гирифтори ҷамоли Юсуф алайҳиссалом мешавад ва ин баёнгари ин нуктаи ҷолиб аст, ки ишқ ҳатто ишқи заминӣ ҳам нируи олитар аз хираду доноиву зиракӣ ҳаст. Ишқ ҳатто доноёнро ба коми худ фурӯ мебарад ва дар чораҷӯи аз он оқилу доно оҷизӣ мекашанд.

Дар муқобили Зулайхо ва ё дар тарафи дигар, Юсуф алайҳиссалом аст ва ӯ низ гирифтори ишқ аст, аммо на ишқи заминӣ, балки ишқи илоҳӣ. Юсуф паёмбарзода аст, ва аз тарбияи баланде бархурдор. Ӯ масти ҷамоли Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҳаст, ва ин табиъист, ки касе аз ишқи ҷонон ҷуръаи майе нӯш кунад, дигар аз кавну макон чизе барояш хуштар аз васли ёри болотар аз ҳама нест. Зеро ба қавли шоир:

Чу ҷамоли ӯ битобад чӣ бувад ҷамоли хубон?

Ки рухи чу моҳтобаш бикушад чароғҳоро.

Филми Юсуф Паёмбар нируи ҳар ду ишқ, ҳам ишқи заминӣ ва ҳам ишқи осмониро ба намоиш гузоштааст. Зулайхо барои расидан ба Юсуф тамоми воситаҳои мумкин ва дар ихтиёраш бударо истифода мебарад, вале муваффақ намешавад ва ҳар қадар пешравӣ мекунад, ҳамон андоза беобрӯ мешавад ва азоби виҷдону ташвиши ишқаш бештар мешавад.

Вале Юсуф, ки намояндаи ишқи илоҳист ба Парвардигораш, ки Холиқи яктост паноҳ мебарад ва пайваста аз ӯ мадад меҷӯяд ва ҳамон қадар зиракиву хирадаш меафзояд ва бо сабру таҳаммул душвориҳоро пушти сар мекунад ва зиндонро ба хотири ишқаш мепазирад.

Ишқи заминӣ бо бештар аз фармону лашкару шамшеру синон зӯраш намерасад, вале нируи ишқи илоҳӣ дар обдасту намозу дил мақоми ниёз кардан аст.

Ишқи Зулайхо ӯро сахт машғул ба худаш мекунад, ҳар лаҳза ғуруру дағалияшро қавитар мекунад ва ишқи Юсуф ӯро машғули Худову хидмат ба мардум мекунад ва ҳар дам муҳаббати бештаре дар миёни ҳамроҳонаш касб мекунад.

Ишқи заминӣ шадидтарин душманаш вақт аст, вале барои ишқи илоҳӣ вақт наздиктарин дӯст аст. Бо гузашти замон ба рӯйи Зулайхо пирӣ медамад ва ӯро боз дучори яъсу ноумедӣ мекунад, аммо Юсуфро гузашти замон ҳамонқадар ба висоли ёр наздиктар мекунад барои ин аст, ки ӯ боз ошиқтар мешавад ва боз ҷавонтар.

Ишқи заминӣ Зулайхои қасрнишин ва бо шаҳомату ба обрӯро ба сӯйи нобудӣ мебарад ва ишқи осмонӣ Юсуфи зиндониро ба тарафи қасри шоҳӣ......ва ҳамингуна филми мазкур идома дорад...ва ба забони ҳол ба бинандааш мегӯяд:

Ошиқ нашавед агар тавонед,

То дар ғами ошиқӣ намонед.


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97