КАЙ АЗ ҚУРҒОНТЕППА ДАСТ МЕКАШЕМ? Ё пешвози Соли забон бо Чапаев, ТЕСТ, НИКИ, ТРЗ

Фарҳанг ва адаб 04.07.2008 20:02

Дар остонаи рӯзи Ваҳдати Миллӣ, ки маъракаи асосии таҷлили он дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, сару садоҳо аз нав оид ба тағйири ном кардани шаҳри Қӯрғонтеппа авҷ гирифт.
Аз рӯи маълумоти аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят расида ҳеч гуфтугузор ва тасмимоте сари ин масъала нест.

Варқаи Зайниддин, як тан рӯшанфикри хатлонӣ мегӯяд, ки шаҳри Қӯрғонтеппа бояд тағйири ном кунад. Ва ӯ ин пешниҳоди худро ба он асоснок мекунад, ки дар соли гиромидошти забони тоҷикӣ бояд маркази калонтарин вилояти Тоҷикистон аз вожаи туркии "Қӯрғонтеппа" озод шуда ба номи таърихии хеш бозгардад.
Ба гуфти ҷаноби Зайниддин ин шаҳри бостонӣ дар гузашта Леваканд ном доштааст, ки маънои он "шаҳри баланд" аст. Баъдан дар асри 16 ин сарзаминро туркҳо ишғол намуда, номи онро низ бо шеваи туркӣ "Қӯрғонтеппа" гуфтаанд. Ин "Қӯрғонтеппа" номидани як мавзеъи таърихӣ, шаҳри мардони бузург ва мардуми накӯхислату дарёдил фикр мекунам хуб нест. Маънии "қӯрғон" гӯр аст, теппа баландиро гӯянд, пас "қӯрғонтеппа", маънияш "гӯри дар баландӣ воқеъ шуда" аст. Оё ин писанд аст, ки шаҳри шукуфони диёрамон, зодгоҳи Мавлои Балхро чунин ном бубарем. Бисёр кори хуб мебуд агар ҳақиқати таърихӣ тантана мекард ва бад- ин васила рӯҳи бузургони ин сарзамин шод мегардид,- гуфт дар анҷоми сӯҳбаташ В. Зайниддин. Бостоншинос Қиёмуддини Сатторӣ ба он назар аст, ки дар гузашта дар қаламрави имрӯзаи водии Вахш шаҳрҳои бузурге чун Леваканд(Қӯрғонтеппа), Ҳалевард(собиқ ноҳияи Колхозобод) ва Қубодиён арзи ҳастӣ доштанд, ки хеле ободу шукуфон будаанд. Оқои Сатторӣ маънии "леваканд"-ро "шаҳри шерон- подшоҳон" медонад. Ҳамин "лев", ки имрӯз русҳо шерро ном мебаранд, аз вожаи хеле кӯхнашудаи "ловӣ", ки ҳатто яке аз писарони Ҳазрати Яъқуб, паёмбари Худо ва шоҳи Бани Исроил низ номи Ловиро дошт,машаъ мегирад,- мегӯяд Қ. Сатторӣ.
Оид ба зарурияти тағйири номи Қӯрғонтеппа коршиноси масоили иҷтимоӣ Юсуфи Муҳаммад чунин андеша дорад:
"Умуман дар кишвари мо бисёре аз номҳои шаҳру маҳаллаҳо туркӣ аст. Ҳар як миллат худаш бояд худашро бисозад, агар мо имрӯз шароиту имконияти худсозиро дорем ва агар ҷомеаи мо ки демократӣ аст бояд деҳоту шаҳри худро, масалан Қӯрғонтеппаро номи хуби тоҷикона гузорем, ки он таҷассумгари таърих ва фарҳанги ҳазорсолаи мо бошад. Дар Тоҷикистон ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки номро барои навоҳӣ ва маҳалоти кишвар як гурӯҳи маҳдуд интихоб мекунанд ва мегузоранд, ки ин аз нуқтаи назари номгузорӣ хато аст. Бояд дар ин масъала мо фикри умумро бигирем, баъдан ба тағйири ном бикӯшем ва ҳеч гоҳ дар ин масъалаи муҳим ба шитобзадагӣ наравем, чунки ном барои абад дода мешавад, на барои 20 солу сад сол."
Аммо Сайидисмоили Саттор, як рӯҳонии соҳибандешаи қӯрғонтеппагӣ ба он ақида аст, ки дар солҳои наздик тағйири ном кардани Қӯрғонтеппа ба гумон аст. Ин шаҳр,- мегӯяд ӯ,- шаҳри сағирпарвар аст ва бисёр пурфайзу пурбаракат аст. Ҳар ғарибу нодор, ки ҳатто ин ҷо барои кору зиндагӣ биёяд, ҳатман дар оғӯши ин шаҳри бостонӣ соҳиби нону ному ҷой хоҳад шуд.

Бояд зикр намуд, ки Қӯрғонтеппа аз ҷумлаи шаҳрҳоест, ки масъулини он дар татбиқи Қонуни забон ҳамеша саҳлангорӣ кардаанд. Ҷой доштани ғалатҳои зиёде дар шиору овезаҳо ва навиштаҷоти пушти дари идораву муассисот далели он аст, ки масъулин ба забони давлатӣ чӣ гуна эҳтиром доранд. Инчунин бештари кӯчаю маҳалаҳои Қӯрғонтеппа то ҳол номҳои аз замони болшевикҳо мондаю туркию русӣ доранд, ки фикр мекунам барои иваз намудани онҳо ба номҳои хушоҳанги тоҷикӣ ҳеч гуна супориши сарвари давлат даркор нест, танҳо ҳисси масъулият ва ифтихори милливу ватандорӣ доштан бас аст. Агар мо Соли гиромидошти забони миллатамонро воқеъан пос доштанием, пас бояд ба зудии зуд бо номҳои Чапаев,Ломоносов, Гогол, ТЕСТ, НИХИ, ТРЗ ва амсоли ин номҳо падруд гуфта, ба асли хеш руҷӯъ намоем.



Раҳнаварди Зарёб
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97