Бар асари як ҳамлаи террористӣ се муҳофиз ва як ёвари Абдулло Абдулло ва ҳамчунин шаш раҳгузар низ кушта шудаанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаи интиҳорӣ ба корвони интихоботии Абдуллои Абдулло, яке аз ду номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, мошини доктор Абдулло валангор шуда, аммо ба худи ӯ осебе нарасидааст.