Би-би-сӣ: Олмон маҳбуб аст, Русия дигар маҳбуб нест

Сиёсат 09.06.2014 14:47

broadcasting houseБар асоси тозатарин назарсанҷии анҷомшуда ба василаи Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ, чеҳраи Русия дар анзори умумии 24 кишвари ҷаҳон манфитар аз соли гузашта шудааст.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, ки пеш аз бурузи таниш бо Украина бар сари нимҷазираи Қрим анҷом шуда, маҳбубияти Русия дар кишварҳои мавриди мутолиъа ба пойинтарин ҳад аз соли 2005 расидааст.

Аз сӯйи дигар, Ирон, Покистон ва Кореяи Шимолӣ камтарин мизони маҳбубиятро доранд.

Нигариши манфии посухдиҳандагон ба Ирон 60 дарсад унвон шудааст.

Маҳбубияти Кореяи Шимолӣ ва Покистон дар ин назарсанҷӣ аз Ирон каме бештар аст.

Ин се кишвар бештарин пӯшиши манфиро дар расонаҳо ба худ ихтисос додаанд.

Назарсанҷии Би-би-сӣ ба василаи муассисаҳои назарсанҷии Глуб Искан ва Пипо шудааст.

Дар ин назарсанҷӣ аз 24 ҳазору 542 нафар дар 24 кишвари ҷаҳон хоста шуд, то назари худро нисбат ба 16 кишвар ва Иттиҳодияи Аврупо баён кунанд.

Бар ин асос, 45 дарсад аз посухдиҳандагон ба ин назарсанҷӣ ба Русия нигоҳи манфӣ доштаанд.

Танҳо 31 дарсади посухдиҳандагон ба Русия назари мусбат доштаанд.

Бештарин коҳиши маҳбубияти Русия дар Кения, Испания, Бразилия ва Канада дида шуд.

Аз маҳбубияти Амрико низ назди шаҳрвандони Испания, Бразилия ва Олмон коста шудааст.

Ба гуфтаи Люнел Блие, аз коршиносони муассисаи Глуб Искан бештарин нигоҳи манфӣ ба Амрико дар кишварҳое сабт шуд, ки бештар фаъолиятҳои шунуди электроники Иёлоти Муттаҳида дар он сурат гирифтааст.

Олмон бо 60 дарсад маҳбубият ҳамчунон маҳбубтарин кишвар дар феҳристи назарсанҷии Би-би-сӣ аст.

Пеш аз Олмон, Канада маҳбубтарин кишвар аст.

Ин назарсанҷӣ аз соли 2005 ба сурати солона анҷом шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97