Кӣ вакил мешавад?

Сиёсат 10.10.2014 11:22

Kollage electoral- Оё шумо барои номзад шудан дар интихоботи навбатии Маҷлиси намояндагон омода ҳастед? 

Толибшоҳ Саидзода,

ду дафъа номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон:

- Банда ду маротиба номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон будам; соли 2000- ум аз ҳавзаи интихоботии Бохтар- 27 ва соли 2011 аз ҳавзаи интихоботии Сино- 4. Ва ҳарду дафъа ҳам ноком шудам. Аз ҳавзаи Бохтар- 27 ноиби раиси Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа, профессор Қудратулло Абдураҳимов ва аз ҳавзаи Сино- 4 Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, генерал Амирқул Азимов вакили Маҷлиси намояндагон шуданд. Ҳарду ҳам шахсиятҳои шинохта ва арзанда ҳастанд. Яъне банда агарчанде вакил нашудам, аммо касони хубу фозилу кордоне соҳиби мандати вакилӣ шуданд. Дар бораи он ки дар интихоботи навбатӣ ба ҳайси номзади вакили МН ширкат мекунам ё на, алъон тасмим нагирифтаам, ҳарчанд ба ростӣ дилам кашоли Порлумон аст, яъне ҳама умр орзуи вакили мардум дар Порлумони кишварам будан маро ором нагузоштааст. Агар касе ҳам бигӯяд, ки Толибшо ин ормонро бо худ ба гӯр хоҳӣ бурд, намеранҷам, зеро чизеро ҳам аз ин ҷо бо худ ба он дунё бояд бурд. Бубинам агар касоне арзандатар аз ман номзад бишаванд, ман номзад нахоҳам шуд ва ба ҳайси як шаҳрванд раъйи хешро ба як тоҷики худшинос, донишвар ва ватандӯст ба як нафари беҳтарин хоҳам дод. Ба замми ин мо пир шудем, бигзор ҷавонон- насли ояндасози ҷомеъа биёянд ва талошу пайкор бикунанд. Аз аҳзоби сиёсӣ ман овози худро ба ҲХДТ мебахшам, зеро ҳадафу мароми ин ҳизб ба андешаҳои ман созгор аст. Муҳим он аст, ки барои вакил манофеъи миллӣ, амнияти кишвар, мубориза бо фасод ва маҳалгароӣ, рушди Тоҷикистон дар мақоми аввал бошад. Барои мардуми шарифи Тоҷикистони азизам ва ба ҳама номзадҳо аз даргоҳи Худои нозанин барору комёбӣ ва сулҳу ободӣ ва тансиҳативу фаровонӣ талабу таманно дорам.

 

 Сайёфи Мизроб,

сардабири ҳафтаномаи "СССР":

  - Ман ҳамчун пионери собиқ Ҳамеша омодаам! Вале агар ҷиддӣ бигирем, имрӯз порлумони мо нафаре надорад, ки ақаллан бо забони тоҷикии тоза ва русии фасеҳ манофеи миллатро ҳади ақалл дар қораи СНГ ҳифз кунад.

   Ман ҳоло дар бораи ҷуръати депутатҳо чизе намегӯям. Аз суи дигар, чун нек медонем, порлумон "ишоравист", бояд ишорае шавад, ки ба он ҳадди ақалл ҷавонон ҳам роҳ набаранд, пас сафи пирҳо коҳиш ёбаду порлумон аз хонаи пиронсолон табдили ном кунад. Ҳадди ақалл миёнаумронро бояд дарёфт. Зеро ба пиндори ман ин Давлат бояд оянда дошта бошад охир...

    Дур намеравем; дар ҳамин Узбакистони порлумони ишоравӣ чандин депутатҳои донишманд, эколог, олим ва журналист ҳастанд, ки манфиати Тошкандро дар ҳама соҳот ҳифз мекунанд. Ё Думаи Русияро бигирем. Депутатҳои ишоравӣ ҳамеша пешкори ҳар ибтикороти Кремлинанд. Пас, чаро мо аз шарикони стротегиву ҳамсояҳо наомузем? Порлумон бояд ақаллан 4-5 нафаре дошта бошад, ки манфиати Миллат ва Давлати Тоҷиконро ҳифз карда тавонанд ва зиёда аз ин; дар миёни мардум обрӯи инфиродӣ касб карда бошанд.

    Ва акнун посух ба суоли шумо: Ман агар донам, ки дар дилхоҳ ҳавза бо дилхоҳ муддаӣ метавон одилона панҷа нарм кард, омодаам, номзадии худро пешбарӣ кунам. Ин ҳавза хоҳ дар Дарвоз бошад, хоҳ дар Кӯлоб ва ё хоҳ дар Мастчоҳу Хуҷанду Хоруғу Ғарм. Зеро Мо метавонем!

 

Раҷаб Мирзо,

журналисти мустақил:

- Ханӯз ба хулосаи мушаххас нарасидаам, ки дар интихоботи пешорӯи порлумонӣ ширкат дошта бошам, ё на. Ин номуайянӣ дар пайи фазои номушаххаси сиёсии кишвар, ирода накардани ҳукумат барои баргузории як интихоботи шаффофу боадолатона, тамоили нофаҳмои гурӯҳ ва шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон, ба вуҷуд наомадани заминаҳои ҳуқуқии интихоботи озоду мустақилона ба миён омадааст. Пеш аз интихоботи миёндавраии моҳи майи соли 2013 дар ҳавзаи Восеъ - 39 инҷониб гумон карда будам, ки вазъи умумии ҷаҳон ва минтақа тағйир ёфтаасту бардоштҳои Душанбеи расмӣ ҳам дигаргуна шудаанд. Вале ин бардошти дуруст набудааст. 

   Шояд хонандаи ин сатрҳо моро ба он айбдор намояд, ки барои тағйири вазъ худи мо чӣ кардаем. Ба ин ҳақ ҳам дорад. Аммо бояд ба назар гирифт, ки дар шароити печидаи муборизаҳои геополитикӣ дар минтақа, хоса Тоҷикистон ҳар гуна талош метавонад ба бӯҳрони амиқ анҷом ёбад. Пас танҳо ҳукумат аст, ки бояд дар назардошт бо ин ҳама мавқеи давлатмардонаи худро муайян созад, на танҳо фикри имрӯзи худро дошта бошад. Хулоса, дар шароити феълӣ ва бо вазъи кунунӣ ширкати номзадҳои мустақил ва нерӯҳои сиёсӣ боз ҳам танҳо ба манфиати ҳукумат анҷом меёбад, чун машрӯият (легитимность) пайдо мекунаду халос. Ба ҳар ҳол, ба хулосаи ман, дар долонҳои ҳукумат чунин мепиндоранд. Аммо фазои умумии сиёсӣ чизи дигаре мегӯяд. Пас ҳоло барои муайян кардани мавқеи мушаххас фурсати зиёд дорам… 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97