Тири душманони доктор Абдулло хок хӯрд

Сиёсат 16.06.2014 14:22

Doktor Abdullo napaliБар асари як ҳамлаи террористӣ се муҳофиз ва як ёвари Абдулло Абдулло ва ҳамчунин шаш раҳгузар низ кушта шудаанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаи интиҳорӣ ба корвони интихоботии Абдуллои Абдулло, яке аз ду номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, мошини доктор Абдулло валангор шуда, аммо ба худи ӯ осебе нарасидааст.

Ин инфиҷор наздикиҳои зуҳри рӯзи 6 июн, дар шимоли ғарбии Кобул иттифоқ афтод.

Ҳашмат Стонакзай, сухангӯйи пулиси Кобул, ба Би-би-сии форсӣ гуфтааст, ки инфиҷор соъати 12-и зуҳр ба вақти маҳаллӣ иттифоқ афтодааст.

Зоҳири Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул ба хабарнигорони ҳозир дар маҳалли ҳодиса гуфта, ки дар ин рӯйдод дастикам ду нафар, аз ҷумла як муҳофизи Абдуллоҳи Абдуллоҳ кушта шуда ва шонздаҳ нафари дигар захмӣ шудаанд.

Аммо Садиқи Садиқӣ, сухангӯйи вазорати умури дохилаи Афғонистон, ба Ассошиэйтед Пресс гуфта, ки дар ин ҳодиса чаҳор ғайринизомӣ кушта шудаанд, вале ба ҳич як аз ҳамроҳони Абдулло осебе нарасидааст.

Абдулло Абдулло низ лаҳазоте пас аз ин рӯйдод дар телевизиёнҳои маҳаллӣ зоҳир шуд ва гуфт, ки чан тан аз муҳофизонаш захмӣ шудаанд.

Аъзои гурӯҳи интихоботии Абдуллои Абдулло гуфтаанд, ки инфиҷор замоне ба вуқӯъ пайваст, ки маросими интихоботии гурӯҳи ислоҳот ва ҳамгироӣ дар толори Ориёно дар ҷараён буд.

Ва расонаҳои Афғонистон ҷараёни муборизоти интихоботии ӯро ба таври зинда пахш мекарданд.

Дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ду номзади ин интихобот машғули муборизоти интихоботӣ ҳастанд.

Камисюни мустақили интихоботи Афғонистон мавзӯъи амниятро чолиши бузурги сари роҳи ин интихобот хондааст. Гурӯҳи Толибон, ки аз як моҳу ним ба ин сӯ амалиёти баҳории худро оғоз кардаанд, ҳушдор дода буданд, ки ин интихоботро барҳам хоҳанд зад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи шанбе 14 июн баргузор хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97