Сиёсат

Нетаняҳу: Намегузорем Ирон соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад 12.10.2013 19:08 Нетаняҳу: Намегузорем Ирон соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфт, ки кишвараш ба Ирон иҷозаи соҳиби силоҳи ҳастаӣ шуданро нахоҳад дод, ҳатто дар сурате, ки дар ҷабҳаи дифоъ аз таҳдиди ҳастаии Теҳрон танҳо бимонад. Зимни суханронӣ аз минбари ....

Интихобот 07.10.2013 17:39
ё бозии омӯзишӣ дар миқёси ҷумҳурӣ Маълумотномаи ғайричашмдошт барои хонанда Пеш аз шуруъи нигориши матлаб ба хонандагони азиз як нуқтаро таъкид мекунем. Одатан ашхоси вазнину бо тамкин, зӯру тавоно ва андаке коҳилро ба хирс ташбеҳ медиҳанд. Ин ҷо ҳизбҳои сиёсии мо танҳо ба хотири коҳилии  худ ба хирс ташбеҳ дода шудаанд. Табиист, ....
Назарпурсӣ: 75%-и тоҷикистониён ҷонибдори узвият дар Иттиҳоди гумрукиянд 04.10.2013 16:27
Бонки авруосиёии рушд зимни як назарпурсӣ муайян кардааст, ки миёни сокинони Тоҷикистон ҳамоиш ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ пуштибонҳои зиёд дорад.
Нигарониҳо аз истифодаи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон 02.10.2013 20:49
Созмони ҷаҳонии кор гузориши нави худро дар заминаи истифодаи нируи кори кӯдак дар ҷаҳон нашр кард. Созмони ҷаҳонии кор дар гузориши нави худ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 10 ҳазор кӯдаки тоҷик дар кӯча  кор мекунанд, ки 80 дарсади онҳо  ба хотири дарёфти имконияти бештари кор дар шаҳрҳо, ба хусус Душанбе ҳастанд ....
Оё 29 соли тоҷик баробар ба 15 рӯзи русист? 01.10.2013 11:18
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузурии пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ кард. Раванди тасвиби ин паймон дар порлумони Тоҷикистон оғоз ёфта, интизор меравад, ин созишнома дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати чорум тасвиб шавад. Бо қарори Шӯро, ин ....
С.Сиддиқов сабаби пахши наворҳои зӯроварӣ дар ТВ "Баҳористон"-ро шарҳ дод 30.09.2013 15:09
Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабаби пахши филми "Пойбанди нафрат" тариқи телевизиони кӯдакону наврасони "Баҳористон"-ро шарҳ дод. Саидалӣ Сиидиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевиизону радиои Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки "баъзан метавон чунин барномаҳоро дар шабакаҳои телевизионии кӯдакон пахш намуд, то ки кӯдакони мо шахсони хубу накӯкор ба воя ....
Вазири маориф: Хостем аз Русия бештар духтарони омӯзгор биёянд 28.09.2013 15:19
Дар пасманзари он, ки ВАО ва коршиносони Русия талоши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои даъвати омӯзгорон аз Русия ғайривоқеӣ мегӯянд, Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон ин пешниҳодро амалишаванда арзёбӣ намуд. Саидов дар суҳбат ба рӯзномаи «Взгляд» барои қабули 4 ҳазор омӯзгори забони русӣ аз Русия изҳори омодагӣ кардааст. Вазири тоҷик изҳор ....
Даъвати Узбакистон аз СҲШ барои наҷоти баҳри Арал 27.09.2013 15:07
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон аз раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ) барои ҳалли мушкилоти баҳри Арал кумак хост. Каримов, ки рӯзи 13-уми сентябр дар иҷлоси сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Бишкек дар ин бора ҳарф мезад, гуфтааст, мо бунёдеро оид ба наҷоти баҳри Арал раҳбарӣ мекунем: Фикр мекунам, ки кишварҳои ....
Шабдолов: Ба тарафдории ҳузури низомиёни рус овоз медиҳем 27.09.2013 05:30
Бархе аз вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, баробари шурӯи кор дар оғози моҳи октябр созишнома дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард. Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, тасвиби ҳарчи зуди ин созишномаро на танҳо ба фоидаи Душанбе, балки барои кулли кишварҳои минтақа донист. Ӯ гуфт, ....
СССР беҳтар буд, ё соҳибистиқлолӣ?! 19.09.2013 16:29
Суоли рӯз: Бо гузашти беш аз 20 сол аз соҳибистиқлолӣ шумо ба чӣ натиҷа расидед, зиндагӣ дар замони СССР беҳтар буд ва ё дар замони Истиқлол? Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгар: - Зиндагии 20 солаи ман дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии сарбаландона аст, зеро кишвари ман озод аст, тобеъи кишваре дигар нест. ....
Оё номзади ИНИТ метавонад рақобат ба вуҷуд биоварад? 16.09.2013 15:28
Саволи ин ҳафтаи «Миллат»: Ба назари шумо оё Ойниҳол Бобоназарова номзад ба макоми президентӣ дар интихо-боти қарибул-вуқуъи раёсати ҷумҳурӣ метавонад рақобат ба вуҷуд биёварад?
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97