Рӯзномаи «Ормони миллӣ», чопи Кобул: Сафорати Инглис дар умури интихобот мудохила мекунад

Сиёсат 05.07.2014 15:21

Safiri amrikoБархе аз огоҳони умур ба ин боваранд, ки Инглис (Бритониё) ба сурати мустақим дар интихоботи Афғонистон ба нафъи номзади мушаххас эъмоли нуфуз мекунад ва дар муҳандисии тақаллуб даст дорад. Онҳо ба ин назаранд, ки дар кашонидани интихобот ба даври дуввум низ инглисиҳо нақш доштаанд.

Гузоришҳо ҳокист, ки бархе аз раҳбарони тими Ислоҳот ба шиддат аз мудохилаи Инглис дар умури интихобот асабонӣ мебошанд.

Гузоришҳои мувассақ ҳокӣ аст, ки сафири Инглис дар рӯзи интихоботи 24 ҷавзо (14 июн) ба чандин ҳавзаи раъйдиҳӣ муроҷиъа карда ва мизони раъйҳои ҳар ду номзадро баррасӣ кардааст. Ва сипас ба Камисюни марказӣ омада ва муддатҳо дар он ҷо бо масъулони Камисюн суҳбат кардааст.

Нуристонӣ, раиси Камисюни интихоботии Афғонистон дар рӯзи 24 ҷавзо гуфта буд, ки «сафири Инглис аз чанд ҳавза дар Лағмон дидан карда буд ва ба Камисюн омада буд, изҳори ризоят кард ва хости дигаре надоштанд.»

Як узви тими Ислоҳот ба «Ормони миллӣ» гуфтааст, ки як мақоми сафорати Инглис дар Кобул аз доктор Абдулло хостааст, ки аз идомаи ҳақталабӣ ба нафъи Ашраф Ғанӣ сарфи назар кунад, дар ғайри он мунзавӣ хоҳад шуд. Аммо доктор Абдулло ба шиддат аз ин хостаи ғайримантиқӣ ва ғайриқонунии инглисиҳо хашмгин шуда ва ба ин фиристодаи онҳо гуфтааст, ки дар муқобили раъйи мардум қарор нагиранд.

Доктор Абдулло гуфтааст, ба ҳич қиммате иҷоза нахоҳем дод, ки раъйи мардуми Афғонистон қурбони хостаҳо ва сиёсатҳои дигарон шавад.

Қаблан низ сафири Инглис дар суҳбат бо Салоҳиддиин Раббонӣ чунин хостаеро матраҳ карда будааст, ки ба посухи қотеъи оқои Раббонӣ мувоҷеҳ гаштааст.

Дар тозатарин маврид гуфта шудааст, ки Иттиҳодияи Аврупо хостори бозшумории орои 6 ҳазор маҳал шудааст, ки  бештар аз 3 миллион раъйро дар бар мегирад ва дар сурати анҷоми ин кор натиҷа тағйир хоҳад кард.

Тибқи як хабари дигар имкон дорад бархе аз тазоҳуркунандагон дар вокуниш ба мудохилаи сафири Инглис дар интихобот дар баробари сафорати он кишвар дар Кобул даст ба таҳосун бизананд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97