Як корхона дар Данғара кишварро бо ниқоб таъмин мекунад

Хабари хуб 30.03.2020 15:24

АМИТ “Ховар” бо ишора ба суҳбати ихтисосии хабарнигораш бо Файзиддин Сайфуллоев, роҳбари корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» дар ноҳияи Данғара хабар додааст, ки корхонаи мазкур истеҳсоли ниқобҳои босифатро, ки аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таркиб ёфтааст,   ва маводи  истифодаи гигиенаи шахсиро ба маротиб афзудааст. 

 Бино ба навиштаи ин хабаргузории расмӣ, моҳи марти соли равон ба ҳисоби миёна ин корхона дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол кардааст. Дар ҳоли ҳозир инкорхона дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии кишварро бо ин маҳсулот таъмин менамояд.

Ба гуфтаи Файзиддин Сайфуллоев, корхонаи «Фарм Текс» -и ноҳияи Данғара ба  истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13  номгӯй маҳсулот истеҳсол мекунад.

Файзиддин Сайфуллоев ба “Ховар” гуфтааст: “Мо шаҳрвандони мамлакатро мутмаин месозем, ки қудрати таъмини аҳолии мамлакатро бо ниқобҳои худии босифат  дорем”. Ӯ афзудааст: Афзалияти ниқобҳои мо дар он аст, ки якбор масрафт нестанд. Ин ниқобҳо баъди боэҳтиёт шустан қобилияти муҳофизатии худро гум намекунанд ва онҳоро метавон дубора истифода бурд”.

Корхонаи «Фарм Текс»  дар як шабонарӯз имконият дорад, 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

 

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97